Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ВАҲДАТ.

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ВАҲДАТ.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НИШОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ БА ИСТИФОДА ДОДАНД

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Вахдат 2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Иншооти мазкур дар майдони 0,20 гектар бунёд ёфта, сохтмони он дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Нишони давлатӣ 24 метр буда, дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш 28 метрро ташкил медиҳад.
Нишон аз рӯи лоиҳаи сохтмонии ҶСК «Меҳрофар» бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Эҳё-иншоот» ба анҷом расонидаанд.
Майдони Нишони давлатиро гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ зебою назаррабо гардонида, инҷо ба мавзеи дилрабои шаҳри Ваҳдат табдил ëфтааст.
Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ саҳн ва атрофи иншооти мазкур басо зебою диданӣ мешавад.
Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфтаанд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он масъулин вазифадор гардиданд.
Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуда, ҳудуди он майсазор гардидааст.
Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атрофи он бахусус шомгоҳон зебову нотакрор буда, бо низоми муосири равшанидиҳӣ таъмин карда шудааст.
Дар шафати Нишони давлатӣ барои сокинон майдони сайру саёҳат низ сохта шуда, ин мавзеъ мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.



ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ НАМОИШГОҲИ ДАСТОВАРДҲОИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ДИДАН НАМУДАНД
Дар саҳни майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ намунаҳои ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯби табақ, қошуқ, чахчӯ, даҳҳо номгӯи нонҳои миллӣ, самбӯса, фатир, кулча, фатирхамир, гирда, қалама, чаппотӣ, орзуқ, чагалдак ва таомҳои миллӣ, умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ ба маъраз гузошта шуданд.
Намоишгоҳро дастовардҳои ҳунармандон ҷаззобу диққатҷалбкунанда гардонида, маҳсулоти пешниҳоднамуда бо маҳорати нотакрор ва ҳунари воло таҳия шуда буд.
Ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат ба шуғли сердаромади сокинон табдил ёфта, тайи солҳои охир ба таври густурда рушд кардаанд.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ ба маҳсули эҷоду офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати баланди кадбонугии занону духтарон дар тайёр кардани таомҳои миллию нонпазӣ баҳои баланд доданд.
Мавриди таъкид аст, ки дар шаҳри Ваҳдат барои дастгирии ҳунармандон шароиту имконоти васеъ фароҳам оварда шуда, дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо марказҳои касбомӯзӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар як гӯшаи намоишгоҳ асбобҳои зарбӣ ва созҳои миллӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуда, аз ҷониби ҳунармандон суруду таронаҳои дилнишин иҷро гардиданд.
Дар баробари ин маҳсули дасти ҳунаромӯзони Мактаби рассомии бачагонаи шаҳр ба намоиш гузошта шуд, ки басо диққатҷалбкунанда буд.
Офаридаҳои дастпарварони ин мактаби рассомӣ таҷассуми табиати зебои диёр ва тарғибгари мавзеъҳои таърихию фарҳангии ҷумҳуриамон мебошанд, ки аз ҳунари волои наврасони эҷодкор башорат медоданд.



САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ДИЛХУШИИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
2 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасонро, ки бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар маркази шаҳри Ваҳдат бо саҳми соҳибкори ватанӣ Акмал Раҳимов бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо нуқтаҳои савдо ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати бунёди чунин маркази замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳсану офарин хонданд.
Соҳибкор Акмал Раҳимов аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони маҳаллӣ ва додани имтиёзҳои фарох барои рушди соҳибкории хурду миёна изҳори сипос намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии бино 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон аз таҳхона ва 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби кормандон ва мутахассисони Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ворисони Аваз-500» анҷом дода шудааст.
Тибқи лоиҳа, корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон моҳи июни соли 2018 оғоз гардида, он дар муҳлати як сол бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 45 нафар сокинон ва меъморони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин карда шуданд. Дар маҷмӯъ бинои мазкур бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Мувофиқи лоиҳа, дар таҳхонаи бинои Марказ мағозаи фурӯши пойафзол ва либосворӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ошёнаи якум мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ ва «Кошонаи ҳусн» мавҷуданд, ки дар як вақт ба 12 нафар мизоҷ хизмат расонида мешавад. Дар мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ сандуқҳои бо нақшу нигори миллӣ сохтаи ҳунармандон ба фурӯш гузошта шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди чунин иншооти бисёрсоҳаро дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон туҳфаи арзанда унвон карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид доштанд, ки имрӯз саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди иншооти гуногун ва раванди корҳои ободонӣ назаррас мебошад.
Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ ба соҳибкорон сабукиву имтиёзҳои фарох фароҳам сохтааст. Натиҷаи дастгирии давлатӣ буд, ки имрӯз соҳибкорони ватанӣ фаъолияти назаррас доранд.
Дар ошёнаи дуюм коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти дӯхташуда, аз ҷумла, либосҳои мактабӣ, либосҳои миллӣ, ба монанди чакан ба роҳ монда шудаанд. Ҳамзамон «Кошонаи ҳусн» дар як вақт барои қабули 8 нафар мизоҷ пешбинӣ гардидааст.
Коргоҳи дӯзандагӣ бо таҷҳизоти нав таъмин карда шуда, дар ин ҷо қариб 30 нафар занону духтарони бешуғл ба омӯзиши касби дӯзандагӣ фаро гирифта шудаанд.
Ҷойи хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар ошёнаи сеюм ҷойгир буда, он бо таҷҳизоти пешрафта, аз қабили мошинчаҳои бо қувваи барқ ҳаракаткунанда ва дигар асбобе, ки барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидаанд, муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Дар рӯзи ба фаъолият оғоз кардани Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акмал Раҳимов маъракаи хатнаи зиёда аз 40 нафар кӯдакон аз оилаҳои низманд ва ятимон гузаронида шуд.
Ба истифода додани Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон имкон фароҳам овард, ки фарзандони сокинони шаҳри Ваҳдат дар шароити муосир ва беҳтар ба фароғат фаро гирифта шаванд. Сокинон таъкид медоранд, ки дар маркази шаҳри Ваҳдат чунин иншооти хизматрасонии бисёрсоҳа мавҷуд набуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ дар Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон зиёда аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Қомат афрохтани бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон имкон фароҳам овард, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, ба хизматрасониҳои босифат дастрасӣ пайдо намоянд ва инчунин ба ҳусни шаҳри Ваҳдат зебоӣ зам гардад.



ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ ИСТИҚОМАТИИ 13- ОШЁНА ВА МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИРО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар хиёбони Рӯдакӣ бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои муосири истиқоматӣ аз 13 ошёна иборат буда, аз рӯи тарҳ дар қабати якум ва таҳхонаи он тарабхонаи барҳаво бо 150 ҷои нишаст, нуқтаҳои муосири фурӯши сару либоси мактабӣ, мардона ва кӯдакона, мебел, маводи конселярӣ ва рӯзгор, ошхона, мағозаҳои қаннодӣ ва хӯрокӣ, дар маҷмӯъ 20 маркази хизматрасонию тиҷоратӣ ва як коргоҳи хурди дӯзандагӣ бо таъсиси 40 ҷои корӣ сохта шудааст, ки ҳамаи онҳо дорои шароити арзандаи корӣ ва хизматрасонӣ мебошанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ дар ошёнаи якум, бозори барҳаво дар таҳхона, анҷоми корҳои сохтмонии дигар биноҳои истиқоматию марказҳои хизматрасонӣ қариб 1 ҳазору 500 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар таҳхонаи бинои истиқоматӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи хӯрокӣ бозори васеъ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда соҳибкорон ва сокинони шаҳри Ваҳдат имкон доранд маҳсулоти кишоварзии тару тоза ва дигар маводи рӯзгорро ба аҳолии шаҳр ва меҳмонон бо нархҳои арзону дастрас пешниҳод намоянд.
Ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо назардошти нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ дар партави дастгирӣ ва ҳидоятҳои роҳнамунсози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин восита боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати ҳама намуди хизматрасониҳо ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҳалим Қодирзода бунёд шудааст.
Барои таъмини занону духтарон бо ҷойи нави корӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши касби дӯзандагӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти ватанӣ ва қонеъ кардани талаботи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат бо либосҳои мактабӣ дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ дар баробари дигар марказҳои хизматрасонӣ ҳамзамон коргоҳи дӯзандагӣ ва нуқтаи фурӯши либосҳои мактабӣ сохта шудааст.
Дар ҳаминҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити мавҷудаи марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда, бо занону духтарон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Мавриди таъкид аст, ки бунёду барқарорсозии корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ватанӣ ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 2014 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар шафати бинои нави истиқоматӣ корхонаи дӯзандагӣ ба кор андохта шуд, ки айни ҳол дар он 120 нафар занону духтарони хонашин фаъолият дошта, аз рӯи дархост ба дӯхти сарулибоси ҳарбӣ машғуланд.
Хотиррасон менамоем, ки санги асоси ин бинои истиқоматӣ дар хиёбони Рӯдакӣ соли 2014 зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат гузошта шуда буд.
Дар ин муддат барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 80 нафар мутахассис ва коргарони маҳаллӣ масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла семент аз корхонаи Ҷамъияти дорои масъияти маҳдуди «Ёқут 2000» истифода гардид.
Дар тарабхонаи навбунёди бино бо мақсади татбиқи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирӣ ва кумак расонидан ба қишри ниёзманди ҷомеа хатнасури 100 нафар кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Ба кӯдакони хуштолеъ аз номи Пешвои миллат туҳфаҳову шириниҳо тақдим карда шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кӯдакон ояндаи миллатанд. Маҳз ба ҳамин хотир давлат ва Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини ҳамаҷонибаи онҳо иқдомҳои шоиста амалӣ менамоянд, то онҳо ҳамчун насли босаводу худшинос ба камол расанд ва оянда дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд».
Бинои муосири истиқоматӣ дар масоҳати умумии 25 ҳазору 571 метри мураббаъ қомат афрохта, аз 297 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат шахсони ниёзманди ҷомеа, кӯдакони ятиму бепарастор ҳамеша дастгирӣ ёфта, барои беҳтар шудани шароити зисту зиндагонӣ ва болидарӯҳии онҳо тадбирҳои шоистаи иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои муосири истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасониро ба сокинон табрику таҳният гуфта, дар ҳаминҷо ба 10 оилаи ниёзманд калиди хонаҳои истиқоматӣ супориданд. Ҳамаи манзилҳои истиқоматие, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба оилаҳои ниёзманд туҳфа карда шуд, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва лавозимоти рӯзгор таъмин мебошанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони бонангу номуси Ватан барои бо дастовардҳои беназир истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои ободониро дар Ватан вусъат медиҳанд.
Айни ҳол бо саҳми соҳибкор дар соҳили рӯди Кофарниҳон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо назардошти таваққуфгоҳ, ҷой барои бозии кӯдакону наврасон, марказҳои хизматрасонӣ, гулгаштҳо ва дигар иншооти зарурӣ бо суръат ва сифати баланд идома дорад.
Оянда бо бунёду навсозии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, боғу гулгашт ва марказҳои муосири хизматрасонӣ инҷо ба макони истироҳату фароғат табдил хоҳад ёфт.



ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ БИНОИ МАРКАЗИ АДЛИЯРО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ҳамчунин бинои Маркази адлияро, ки дар масоҳати 1785,58 метри мураббаъ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур бо назардошти санъати меъмории миллӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд карда шудааст. Ба таъкиди масъулин, давоми ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 70 нафар кормандону сохтмончиёни маҳаллӣ дар ин иншоот бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шуданд.
Ҳамин гуна зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои мазкур 14 нафар кормандони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи дуюм кормандони Идораи нотариалии шаҳр ва машваратчии ҳуқуқии ройгон фаъолият хоҳанд кард. Барои фаъолияти пурсамари кормандони ин идораҳои давлатӣ дар ошёнаи якуми бинои зебои Маркази адлия 9 ҳуҷраи корӣ ва толори ақди никоҳ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис барои 120 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст.
Илова бар ин, дар таҳхонаи бинои мазкур толори варзиш ва ду ҳуҷраи васеъ барои бойгонии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии шаҳр сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулин барои хизматрасонии хубу саривақтӣ дар самти бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Ваҳдат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки атрофи бинои Маркази адлия дар шаҳри Ваҳдат гулкорӣ ва чароғон карда шуда, барои баргузории маросими ақди никоҳи сокинони шаҳр беҳтарин макон дониста мешавад.



ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «САХОВАТ» ВА НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗОНИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БОЗДИД НАМУДАНД
Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо нашъунамои зироати такрорию ҷамъоварии ҳосили пиёз дар Хоҷагии деҳқонии «Саховат» шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи ҷангалпарварони шаҳр дидан намуданд.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии «Саховат» иттилоъ дода шуд, ки дар кишти такрорӣ аҳли заҳмати ин хоҷагӣ дар майдони 4 гектар мош, 1 гектар карам ва 2 гектар макка барои дон кишт кардаанд.
Хоҷагии деҳқонии «Саховат»-и шаҳри Ваҳдат соли 2002 таъсис ёфта, дар маҷмӯъ дорои 57 гектар замин мебошад.
Аснои шиносоии Сарвари давлат бо ҷараёни нашъунамои зироати такрорӣ дар ин хоҷагӣ иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзон дар майдони 22 гектар гандум ва 6 гектар пиёз кишту парвариш карда буданд, ки 52- сентнерӣ ғалла ва 480-сентнерӣ пиёз ба даст оварданд.
Заҳматкашони Хоҷагии деҳқонии «Саховат» ҳамчунин дар кишту парвариши зироати техникӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, соли равон майдони пахтазор дар ин хоҷагӣ 25 гектарро дар бар мегирад, ки феълан нашъунамои хуб дорад.
Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ ҳамасола бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин кишту парвариши зироати гуногунро бо истифода аз тухмиҳои баландсифат ва маслиҳати мутахассисони соҳа ба роҳ монда, ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Зикр гардид, ки дар хоҷагӣ 27 нафар бо кори доимӣ таъмин буда, ин нишондод дар ҷараёни кишту парвариши зироати мавсимӣ то ба 45 нафар расонида мешавад.
Кишоварзони Хоҷагии деҳқонии «Саховат» соли 2018 дар майдони 30 гектар пахта, 5 гектар пиёз, 2 гектар картошка, 20 гектар гандум ва 4 гектар юнучқа барои чорво баҳри киштгардон кишт намуда буданд, ки аз ин ҳисоб низ ҳосили хуб гирифтанд.
Сарвари давлат зимни боздид аз ин хоҷагӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Дар намоишгоҳи кишоварзӣ натиҷаи меҳнати сокинон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷангалпарварони шаҳри Ваҳдат ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.
Ҳангоми боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ таъкид гардид, ки таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон буда, дар ин самт кишоварзони шаҳри Ваҳдат низ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар намоишгоҳ кишоварзони шаҳри Ваҳдат намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолӣ, аз ҷумла гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лубиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабуи ошӣ, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу ва шафтолуро ба маъраз гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар майдони 5067 гектар ғалладонаю лубиёгиҳо, 777 гектар ҷуворимакка барои дон, 1003 гектар картошка, 3061 гектар сабзавот, 1950 гектар зироати хӯроки чорво ва дигар полезиҳоро кишт намудаанд. Ба ҳолати 1 июл дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 188 миллиону 848 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 171 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиши он 6,9 фоизро ташкил медиҳад.
Шаҳри Ваҳдат бо меваҳои шаҳдбораш имрӯз на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар хориҷ ҳам машҳур мебошад.
Феълан дар шаҳри Ваҳдат майдони боғу токзор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 6 ҳазору 304 гектарро дар бар мегирад ва аҳли заҳмат бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» тадбирҳо меандешанд.
Кишоварзони шаҳр таъкид медоранд, ки соли равон бо мусоид омадани обу ҳаво ҳосили сабзавоту меваҷот нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд буда, тавонистаанд дар таъмини бозори дохилӣ саҳми назаррас дошта бошанд.
Ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар шаҳри Ваҳдат таваҷҷуҳи хосса дода шуда, гулу гиёҳҳои шифобахш ва майдони васеи ҷангалзор барои пешрафти ин соҳа имрӯз дар шаҳр мусоидати фаъол кардаанд.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомадӣ Раҳмон аз дастранҷи занбӯрпарварон зикр гардид, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал феълан дар шаҳр ба 15 ҳазору 171 адад мерасад.
Занбӯриасалпарварони шаҳр соли гузашта 248 тонна асали хушсифат ба даст оварда, соли равон умед доранд, ки аз ин ҳам бештар ҳосил мегиранд.
Дар гӯшаи намоиши дастовардҳои ҷангалпарварони шаҳри Ваҳдат ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари хушкмеваю меваҳои тару тоза ва дигар растаниҳои дар ҷангалзори ин минтақа парваришёфта ҳамзамон адабиёти гуногун, ки дар онҳо асрори гиёҳҳои шифобахши ватанӣ гирдоварӣ гардидааст, пешниҳод карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷангалзори ҳудуди шаҳри Ваҳдат зиёда аз 40 навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд ва ҷангалпарварон танҳо соли гузашта 40 тонна маҳсулот ба даст оварданд.
Занбӯри асал дар шаҳри Ваҳдат асосан дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит парвариш карда мешавад ва маҳсулоти занбӯри асали ин минтақа бо тамъу маззаи хосаш аз асалҳои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар тафовут дорад. Ҳамин аст, ки талабгорони асали шаҳри Ваҳдат ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ хеле зиёд мебошанд.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ зиёда аз 20 намуди ниҳол, ки дар КВД «Ниҳолпарвар»-и назди Агентии Хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат парвариш меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.
Зикр шуд, ки дар КВД «Ниҳолпарвар»-и назди Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан 450 ҳазор дона ниҳол парвариш меёбанд ва масъулин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол аст, ки парвариши баъзе намуди ниҳолони воридотиро ба роҳ мондаанд, ки барои сабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат нигаронида шудаанд.
Дар шаҳри Ваҳдат ҳамчунин 11 хоҷагии инфиродии ниҳолпарвар фаъолият доранд, ки ҳамасола дар мавсими ниҳолшинонӣ дар таъмини сокинон бо ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда саҳми назаррас мегузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз гӯшаи ниҳолпарварони шаҳр барои дар оянда низ истифода намудан аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар дар ин самт, таъмини сокинон бо ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар ин намоишгоҳ бо ҳунари волои занону бонувон, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шинос шуда, ба ҳунари онҳо баҳои арзанда доданд.
Сарвари давлат кадбонуҳоро барои омӯзиши нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои омода намудани ҳама гуна таомҳои миллӣ ҳидоят намуданд.
Пешвои миллат аз пешрафти бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва талошҳои рӯзафзуни аҳли заҳмат изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пурсамари меҳнаткашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзии мамлакат табдил ёфта, саҳми хоҷагидорони он дар рушди иқтисоди миллӣ ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт сол аз сол бештар мегардад.



ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶАРАЁНИ АСФАЛТПӮШКУНИИ РОҲИ ДЕҲАИ МЕҲРОБОДИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ШИНОС ШУДАНД
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи нақлиёти автомобилии деҳаи Меҳрободи деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов, ки дар марҳилаи анҷомёбист, шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии роҳи мазкур ду километр буда, паҳноии он аз 6 то 8 метрро ташкил медиҳад.
Корҳои таъмирӣ дар ин масир бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Шамсулло Саъдуллоев ба сомон расонида шудаанд. Анҷоми корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» бар уҳда дошта, талаботи стандарти роҳсозӣ пурра ба инобат гирифта шудааст.
Сафарбарнамоии техникаву механизми ҳозиразамони мумфаршкунӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва риояи пурраи талаботи роҳсозӣ дар сари вақт ва сифатнок ба сомон расидани корҳо замина гузоштааст. Тавре иттилоъ дода шуд, аз оғози корҳои таъмирӣ то имрӯз дар ин иншоот барои тахту ҳамворкунӣ, хобонидани сангу шағал, мустаҳкамкунии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ беш аз 20 техникаву механизми роҳсозӣ сафарбар намудаанд. Ҳаҷми умумии асфалти истифодашуда дар роҳи мазкур ба 1900 тонна баробар гардидааст.
Роҳи навтаъмир маркази шаҳри Ваҳдатро тавассути маҳаллаҳои аҳолинишин бо деҳаи Меҳрободи деҳоти Бозорбой Бурунов мепайвандад. Ба гуфти сокинони маҳаллӣ, ин роҳ қаблан хароб ва солҳои зиёд таъмир нагардида буд. Аз ин рӯ аҳолӣ, хосса ронандаҳо дар вақти рафту омад тавассути нақлиёт ба мушкил мувоҷеҳ мегардиданд. Ҳоло бо таъмири пурра гардидани роҳи мазкур мушкили чандинсолаи аҳолии деҳаҳои ҳамшафат ва дигар мусофирону ронандагон аз байн рафт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмирӣ баҳои баланд дода, барои анҷоми чунин кори савоб ва саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи диёр ба соҳибкори ватандӯст Шамсулло Саъдуллоев миннатдорӣ изҳор доштанд. Ҳамчунин Сарвари давлат ҷиҳати минбаъд низ иҷро намудани чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
Роҳи мошингарди деҳаи Меҳробод аз ду самт бо хати ҳаракат таъмин буда, пурра аломатгузорӣ шудааст. Таъмири ин роҳи мошингард идомаи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба шумор рафта, он дар дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногун ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон заминаи устувор хоҳад гузошт.



ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №30-РО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.
Мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 1300 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо, ки таҳсилдидаи ин даргоҳанд ва саҳми дигар соҳибкорони маҳҳаллӣ бунёд ёфтааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дорои 27 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Ҳамзамон як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ утоқҳои алоҳидаи корӣ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.
Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ҳамчунин барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи алоҳидаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва хати барқ кашонида шуда, ҳамчунин трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамонияти неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гардидааст.
Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорон майдончаи варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст. Ҳамзамон роҳи маҳаллие, ки то назди муассисаи таълимӣ мерасад, ба масофаи 2,5 километр аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо пурра таъмиру таҷдид гардида, шароити мусоид барои рафтуои хонандагону шаҳрвандон ва нақлиёт дар ин масир фароҳам оварда шуд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба соҳибкорони ватанӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи шаҳри Ваҳдат суханронӣ карда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд.
Зимни суханронӣ, Пешвои миллат ҳамчунин аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созандаи Ватан ба камол расанд.



ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАҶМААИ САЙЁҲИИ «АРХУ»-И НАЗДИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ВАҲДАТРО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 августи соли равон дар дараи Ромит Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро бо меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Меҳмонхонаи навбунёд аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити замони муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Меҳмонхона имкон дорад, ки дар як вақт ба 70 нафар хизмат расонад. Дар дохили ҳуҷраҳои он ҳаммом бо буғи хушк ва тар, сауна ва таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Лоиҳаи меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби КВД Лоиҳакашӣ, истеҳсолӣ, меъморӣ ва банақшагирии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таҳия шуда, дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс) мебошад. Ҳуҷраҳои истироҳатии меҳмонхонаи тозабунёд, ки дар доираи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат ва ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст, кушоду барҳаво буда, яке аз дигаре бо шарту шароит ва тарҳи хосса фарқ мекунад.
Аснои шиносоӣ бо шароити ин меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар деҳоти дурдаст муҳайё намудани чунин шароити истироҳату фароғат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тасмими онҳоро намунаи ибрат хонданд.
Тибқи маълумот, ҷараёнти сохтмони меҳмонхона таҳти назорати ҷиддии мутахассисони баландихтисос қарор дошт ва дар бунёди он маҳсулоти ватании баландсифат истифода шудааст, ки барои солиёни зиёд ба сокинону меҳмонони кишвар хизмат намудан мусоидат менамояд.
Бинои дуошёнаи қадима, ки дар шафати рости дарё бо расму русум ва анъаноти ниёгони миллати тоҷик дар масоҳати 168 метри мураббаъ бунёд шудааст, аз хусусияти дигари маҷмааи мазкур маҳсуб меёбад. Деворҳои дохили бино бо сару либос, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили асбобҳои рӯзгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ба таври зебо оро ёфтааст. Акнун бо истифода аз ин хонаи ба таври тоҷикона ороёфта меҳмонони дохиливу хориҷӣ метавонанд бо урфу оддат ва шароити зисту зиндагонии мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта шиносоии бештар пайдо намоянд.
Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Маҷмааи сайёҳии «Арху» моҳи апрели соли 2018 дар доираи аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида буд ва давоми беш аз 1 сол аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби зиёда аз 300 нафар кормандону мутахассисони ватанӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сатҳу сифати баланд ба итмом расид.
Шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ ва ду толори саққобозӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, майдончаи теннис имкон фароҳам месозад, ки вақти мизоҷон хушу хотирмон гузарад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 70 километр дуртар дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат қарор дорад ва масоҳати умумияш 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ҳангоми сохтмони ин маҷмааи сайёҳӣ 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон ба инобат гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби устоҳои бомаҳорати тоҷик бо нақшу нигори миллӣ ва кандакорӣ дар чӯб моҳирона сохта шудаанду ба кас ҳаловати дигар мебахшанд. Дар ин ҷо ба масофаи 300 метр ҷӯй ва пайраҳаҳо бо сангҳои табиии кӯҳҳои минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат оро ёфтаанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозанд.
Ҳамзамон ба хотири зебову назаррабо гардидани атрофи маҷмааи наву замонавӣ масоҳати 10 гектар сабзазор гардида, зиёда аз як миллион гулҳои ҳархелаи доимиву мавсимӣ бо тарҳи гуногун шинонида шудаанд. Масоҳати сафолакпӯши ҳудуди маҷмаа 1000 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дарахтони мевадиҳандаву ороишии ҳудуди Маҷмааи сайёҳии «Арху», ки иборат аз арча, можжевелник, кипарис, себу нок, олучаву зардолу ва ғайра мебошад, аз ҳазор зиёд аст.
Ифтитоҳи ин маҷмааи замонавӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамгардонии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷии ин минтақаи зебоманзари мамлакат ба ҳисоб меравад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити маҷмааи навбунёд ба корҳои ободонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки идомаи чунин тадбирҳои созанда дар ҷалби ҳарчи бештари ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин