Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд

 Эмомалӣ Раҳмон ба  Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 05.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон бар асари силсилаи амалҳои хушунатомез дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка боиси андуҳи бепоёни ин ҷониб гардид.
Дар иртибот ба ин зуҳуроти манфури зӯроварӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин