Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншоот ба истифода дода шуд
- 06.08.2019, 18:29,
- Президент / Сиёсат / Тоҷикистон
- 0
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ нахуст дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 60 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд ва аз он 4 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон истифода хоҳанд бурд.
Дар қитъаи обтаъминкунӣ барои таъмини саривақтии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ насосҳои пурқуввату баландсифати обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, насб карда шуданд, ки тариқи он об ба ду ҳавзи захиравӣ тақсим мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки сокинони 3 деҳаи ноҳияи дурдасти мамлакат аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд.
Дар партави дастгирӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мушкилоти мавҷудаи сокинони Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашт бартараф карда шуда, акнун сокинон аз оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мебаранд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардиданд ва барои сари вақту дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 50 нафар мутахассис ва коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.
Мавриди ёдоварист, ки давоми солҳои охир дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат, татбиқи барномаҳои нави соҳавӣ ба 8 деҳаи дурдасти ноҳияи Балҷувон хати оби тозаи ошомиданӣ гузаронида шуда аз рӯи нақша корҳои лоиҳакашии таъмини хати оби нӯшокӣ дар чанд деҳаи дигар идома доранд.
Татбиқи «Даҳсолаи нави байналмилалии амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028 ва дигар ташаббусҳои шоистаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ меёбад.
Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд
6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд. Самти асосии коргоҳ коркарди сангҳои маҳаллӣ мебошад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд ёфтааст.
Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳ моҳи ноябри соли 2018 оғоз шуда, он имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, бо истифода аз он сангҳои маҳаллӣ коркард карда мешаванд. Дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ, аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз фаъолияти коргоҳ таъкид доштанд, ки дар ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат бунёди чунин иншоот ва пурра коркард кардани сангҳои маҳаллӣ саривақтӣ буда, он сабаби бо ҷойи кор таъмин кардани сокинон ва дастрасӣ пайдо кардани аҳолӣ ба сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ мегардад.
Айни замон бо фаъол гардидани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Тибқи маълумот, иқтидори коркарди сангҳои ороишӣ дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» дар марҳилаи аввал 12 ҳазор метри мураббаъ буда, дар оянда доираи фаъолияти он васеъ карда шуда, то ба 40 ҳазор метри мураббаъ расонида хоҳад шуд. Роҳбарияти коргоҳ нақша доранд, ки дар оянда дар ин ҷо коргоҳи хурди саноатӣ-аграрӣ бунёд намуда, чанд нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин созанд.
Баъди ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар ноҳияи Балҷувон сокинон сангҳои ороишии истеҳсоли корхонаро бе харҷи зиёд харидорӣ менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ ба дастгирии бахши хусусӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди корхона боғи интенсивии себ ва ангур бунёд гардидааст. Инчунин гармхона барои парвариши қаламчаи дарахтони интенсивӣ сохта шуда, дар оянда дар майдони як гектар ҳавзи моҳипарварӣ ташкил карда мешавад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро ифтитоҳ намуданд
6 августи соли равон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бояд таъкид намуд, ки роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг валангор шуда буд ва ронандагону мусофирон ҳангоми рафту омад ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Роҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилоъ, роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг қариб 43 километрро ташкил дода, паҳноии он 7 метр мебошад. Роҳи автомобилгард имрӯз пурра асфалтпӯш карда шуда, бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои гранти Бонки Осиёии Рушд сохта шудааст.
Ронандагон таъкид медоранд, ки аз сабаби валангор ва таъмирталаб шудани роҳ рафту омади нақлиёт дар фасли зимистон дар бисёр маврид қатъ мегардид. Пудратчии роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг Ширкати «Чайна роуд»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Тибқи лоиҳа, дар масофаи 43 километри роҳ 6 пул бо дарозии 455 метр, 5 истгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шуда, роҳ ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ карда шудааст.
Ду кӯпрук бо дарозии 339 метр аз нав сохта шуда, 4-тои дигар бо дарозии 114 метр таъмир карда шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, пеш аз муҳлат бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои расидан ба ҳадафи стратегӣ-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар соҳаи нақлиёт барномаву лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давраи татбиқи лоиҳа зиёда аз 100 адад техникаи роҳсозӣ ба кор ҷалб гардида, 365 нафар бо кор таъмин карда шуданд. Аз ин шумора 315 нафари онҳоро коргарону мутахассисони маҳаллӣ ташкил доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми боздид аз роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд асфалтпӯш кардани роҳ баҳои баланд доданд. Сохтану ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани роҳи автомобилгард туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони ноҳияҳои Балҷувон-Ховалинг дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Зимни иҷрои корҳои роҳсозӣ масолеҳи истифодашаванда, аз ҷумла, асфалт санҷида шуда, баъди хулосаи мутахассисон истифода шудаанд. Бо мақсади таъмин кардани бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҷойҳои зарурӣ аломатҳои роҳ насб гардида, инчунин дар канори роҳ деворҳои ҳимоявӣ сохта шудаанд.
Ба истифода додани роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани сифати роҳ имконият фароҳам меорад, ки нақлиёти боркаш ва мусофирбар дар тамоми фасл бе мушкилӣ рафту омад намоянд. Сокинон таъкид медоранд, ки аз нав сохтани роҳи автомобилгард масофаи роҳро кӯтоҳ ва харҷи сӯзишвориро ҳам кам намуд.
Акнун тавассути роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ҳаҷми боркашонӣ афзоиш ёфта, он барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Хадамоти оташнишониро дар ноҳияи Балҷувон ба истифода доданд
6 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Балҷувонро ба истифода доданд.
Бинои оташнишонии ноҳия дар кӯтоҳтарин фурсат тариқи ҳашар бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурусти кормандони ин сохтори низомӣ шароити зарурӣ муҳайё гардид.
Ба Пешвои миллат маълумот дода шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Балҷувон дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 9 утоқи корӣ, утоқи дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамояд.
Дар ин рӯз Сарвари давлат ба кормандони ин сохтор 1 адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.
Тибқи маълумот, масоҳати умумии бинои сохташуда 38 садяк заминро ташкил намуда, масоҳати зери бино 240 метри квадратиро дар бар мегирад.
Баҳри зебову назаррабо гардидани атрофи бино дар масоҳати зиёда аз 20 садяк замин беш аз 4500 дона гулҳои ҳархела ва 70 дарахти арча шинонида шудааст. Ҳамзамон ба хотири рафтуомади бе мамониат ба масофаи 100 метр мумфарш шудааст.
Мавриди таъкид аст, ки бо мақсади боз ҳам такмил додани фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Балҷувон 12 марти соли 2013 Нозироти Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи мазкур ба Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон гулгашти муосирро мавриди истифода қарор доданд
6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, ҳамчунин дар маркази ноҳия гулгашти муосирро, ки бо тарҳ ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он дар масоҳати умумии 80 садяк доман густурдааст.
Дарозӣ ва паҳноии гулгашт 450 ба 20 метр мебошад. Бино ба иттилои масъулин, ин ягона макони истироҳатиест, ки аз ҷониби соҳибкорон ва дастгирии мардуми бонангу номуси ноҳияи Балҷувон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонии гулгашт ҳанӯз моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расидааст.
Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он 88 чароғаки муосир ва 24 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидаанд, ки хусусан шабонгоҳ барои гаштугузори сокинон мусоид аст. Ҳамзамон дар инҷо ба хотири зебою дилкаш гардидани гулгашт беш аз 4 ҳазор дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 7 ҳазор гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шуда, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудаанд.
Зимни боздид аз корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар гулгашти марказии ноҳия Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Қобили зикр аст, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Балҷувон боз бунёди чунин гулгашту майдонҳои истироҳатӣ дар назар дошта шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷиратро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор доданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ҳамчунин зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, дар шафатигулгашти марказии ноҳия бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат вашуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонромавриди истифода қарор доданд.
Бинои мазкур дар доираи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуда, он аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Шакл ва намои берунаи бино бо истифода аз усулҳои баланди меъморӣ оро ёфта, ба симои ноҳия зебогии дигар зам менамояд. Бинои бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар масоҳати 513 метри мураббаъ доман паҳн карда, дар он ҳамчунин сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия ҷойгир мебошанд.
Қобили зикр аст, ки дар ошёнаи якуми бино синфхонаҳои омӯзишӣ барои касбу ихтисосҳои «Таъмири техникаи маишӣ», «Сантехникӣ», омӯзиши корҳои назариявӣ ва амалӣ барои ихтисоси «Қаннодӣ», утоқи қабули шаҳрвандон, намояндагии филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и ноҳияи Темурмалик дар ноҳияи Балҷувон ҷойгир буда, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ, утоқҳои кории бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Балҷувон ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо феълан бо таҷҳизоти замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гардида, дар як баст то 30 нафар касбомӯзон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ фаро гирифта мешаванд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро барои хизмати софдилонаю содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд. Қобили зикр аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушду такомули соҳаи хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
Ба истифода додани коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Балҷувон
Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасонии «Гулдастон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қоргоҳи мазкур аз ду ошёна ва утоқҳои корӣ иборат аст. Дар ин ҷо занону бонувони чирадасти ноҳия, ки маҳорати хуби дӯзандагӣ доранд, дар баробари оне, ки ба кор ҷалб гардидаанд, ҳамчунин барои омӯзонидани ҷавондухтарон низ фаро гирифта шудаанд. Қабати якуми бино аз кошонаи ҳусн, нуқтаи фурӯши либосҳои омодашудаи коргоҳ, машваратгоҳ иборат буда, дар ошёнаи дуюм толори дӯзандагӣ бо насби 20 мошинаи дарздӯзӣ, утоқи маъмурият ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Масоҳати қитъаи замини ҷудогардида 8 садякро ташкил дода, худи бино дар масоҳати 290 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкори ҷавон Насимҷон Сатторов сохта шудааст. Барои бунёди бино беҳтарин маҳсулоти сохтмонии ватанӣ истифода гардида, корҳои созандагӣ пурра аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ иҷро гардидаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки ин коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Балҷувон ягона сех аст, ки барои дӯхти либосҳои мактабӣ ва мувофиқ ба талаботи фармоишгар маҳсулот омода месозад.
Акнун баъди ба истифода додани маркази хизматрасонии «Гулдастон» қариб 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ин ҷо оянда сехи дӯзандагӣ васеъ гардида, шумораи коргарон зиёд карда хоҳад шуд.
Оставить комментарий
- Шарҳҳо
- Имрӯз
- Серхондатарин