Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг


Субҳи 7 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сокинони сарбаланди ноҳияи Ховалинг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.
Дар макони истиқбол Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни нонпазии кадбонуҳои ноҳия дидан намуда, зимни суҳбат онҳоро ба ҳифзи анъанаҳои хоси миллӣ ва тарғибу ташвиқи ҳунари нонпазӣ ба ҷавондухтарон ҳидоят намуданд.
Ноҳияи Ховалинг дорои таърихи бою рангин буда, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти мамлакат рушд намуда, симои ноҳия дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан дигаргун гардидааст.


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг нахуст Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро дар деҳаи Лоҳутии Деҳоти Лоҳутии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи мазкур дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Аснои шиносоии Сарвари давлат бо шароити ин даргоҳи илму маърифат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ аз 13 синфхона иборат буда, барои 920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, иброз доштанд, ки роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои насли ояндасози миллат тадбирҳои муассир амалӣ намуда, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Насли наврасро зарур аст, ки аз ин ҳама имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода намуда, илмҳои муосирро аз худ намоянд ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Лоҳутӣ аз ду ошёна иборат буда, дар баробари синфхонаҳои компютерӣ, химия, биология ва физика ҳамчунин дорои толори барҳавои варзишӣ бо муосиртарин лавозимоти машқу тамрин ва обу тоби бадан барои хонандагон, толор бо 200 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни мактабӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва дигар ҷамъомадҳо ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст мебошад.
Корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ моҳи сентиябри соли 2018 оғоз гардида, зимни он беш аз 90 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Мактаби кӯҳнаи деҳаи Лоҳутӣ ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гардида, барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гардида буд, вале дар он 426 нафар таҳсил менамуданд.
Мушикилоти мавҷударо ба инобат гирифта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саҳми шахсони ватандӯст дар як давраи кӯтоҳ муассисаи замонавӣ ба истифода дода шуд, ки мушкилот пурра рафъ гардид ва фарзандони ду деҳаи Деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг илмҳои муосирро дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз бо аёнияти таълимӣ аз худ мекунанд.
Устодону хонандагони ин муассисаи навбунёд аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Устодону хонандагони мактаб ифтитоҳи ин муассисаи наву замонавиро туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.
Ин даргоҳи илму маърифат дар баробари соҳибилм намудани насли ояндасози кишвар ҳамчунин ба ободии ин деҳаи дурдасти мамлакат зебогии дигар зам намудааст.



Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалингро расман ифтитоҳ намуданд


7 август дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутиро расман ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои сохтмонӣ дар он бо маблағи 1,2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар мутахассисон ва коргарон аз ҳисоби ҷавонони маҳаллаҳои аҳолинишини деҳоти Лоҳутӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар таҳхонаи бинои Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутӣ таҳлилгоҳ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи дандонпизишк ҷойгир карда шудаанд. Дар ошёнаи 1-ум утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои хатна, муоинаи ултрасадоӣ, ҳуҷра барои ташхиси бемориҳои занона ва қайдгоҳ мавҷуд мебошанд. Инчунин ҳуҷраҳои табиби оилавӣ, табобати рӯзонаи калонсолон ва кӯдакон бо 13 кати хоб дар ошёнаи 2-юми бино пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони ин деҳаро шоистаи таҳсин хонда, аз кормандони соҳаи тиб даъват намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва шароите, ки дар ин беморхона муҳайё карда шудааст, хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монанд ва дар таъмини солимии ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузоранд.



Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасониро дар ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор доданд


Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лоҳутии деҳоти Лоҳутӣ Маркази хизматрасониро, ки дар масоҳати 150 метри мураббаъ қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои Маркази хизматрасонӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он барои дӯхти сару либос, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ба сокинон шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар ошёнаи 1-уми бино толори намоиш ва фурӯши сару либос ва ҳунарҳои миллӣ, сартарошхона ва ошхона ҷойгир буда, дар қисмати дигари он либосҳои мактабӣ, тиббӣ, ҳарбӣ ва сару либоси миллӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Ошёнаи 2-юми Маркази хизматрасонї аз коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад. Коргоҳи мазкур бо қариб 30 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз аст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ беш аз 30 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба таъкиди масъулин, ба хотири қонеъ кардани талаботи мизоҷон то мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ 10 нафар занону ҷавондухтарони деҳаи Лоҳутӣ дар пойтахти мамлакат ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ҷалб гардида, нозукиҳои ин касбро омӯхтанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро шоёни дастгирӣ хонданд ва аз занони соҳибкасб даъват ба амал оварданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ саҳми хешро гузоранд.



Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутиро дар ноҳияи Ховалинг мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд


Дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Ховалинг пешниҳод гардида, корҳо ба тариқи ҳашар иҷро гардидаанд.
Бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, иншооти мазкур дорои имконоти муосири фаъолият мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат аст ва шароити хуби кориро ба кормандони Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ фароҳам меорад. Дар ошёнаи 1-ум утоқҳои корӣ ва дар қабати дуюм маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияту хизматрасонӣ ба сокинон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг сокинон ва кормандони ҷамоатро ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот табрику таҳният гуфта, онҳоро барои татбиқи босамари сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои садоқатмандонаи масъулияти базиммадоштаашон ҳидоят намуданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин