Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҳамчунин бо бардоштани парда Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро, ки дар ҳудуди он пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ҷойгир мебошанд, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур бо назардошти нақшаи меъморӣ дар масоҳати 2,35 гектар бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ноҳия бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд карда шудааст. Ба таъкиди масъулин, корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ҶСК “Спестехника” тайи қариб як сол бо ҷалби беш аз 60 нафар мутахассис ва сохтмончиёни маҳаллӣ ба анҷом расонидааст.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо назардошти Нишон ва Парчами давлатӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг бунёд гардида, баробари мавриди истифода қарор гирифтанаш ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам намудааст.
Ҳамчунин дар ин макони зебову обод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо баландии 24 метр қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд. Нишони давлатӣ бо назардошти эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ бунёд гардидааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи мазкур дар шафати Нишони давлатӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо баландии 53 метр қомат афрохтааст, ба истифода доданд. Ба иттилои масъулин, паҳноии Парчами давлатӣ 7 ва дарозиаш ба 14 метр баробар аст.
Аснои шиносӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия баҳои баланд дода, қомат афрохтани Нишон ва Парчами давлатиро дар маркази ноҳия барои баланд бардоштани ҳисси ифтихормандии насли ояндасози кишвар иқдоми саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Мавриди таъкид аст, ки Боғи фарҳангӣ ва фароғатии ноҳияи Ховалинг бо ҷойгиркунии пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар боғи мазкур ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони ноҳия 58 адад чароғакҳои равшанидиҳанда, як фаввора, айвон, 30 курсӣ барои нишасти истироҳаткунандагон, 3 адад туннелҳои бо чароғакҳои ранга муҷаҳҳаз, инчунин 500 адад обпошакҳо барои сабзу хуррам гардонидани майдони иншоот насб карда шудаанд.
Илова бар ин, бо назардошти лоиҳаи иншоот дар дохили боғ дар масоҳати умумии 7,5 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сохта шуда, майдони 18 ҳазор метри мураббаъ сабзапӯш карда шудааст. Ба хотири зебогии боғ инчунин 200 ҳазор гулҳои мавсимӣ ва 400 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.
Шабона низ боғи мазкур зебогии ба худ хос дошта, сокинону меҳмонон метавонанд озодона дар он сайругашт намуда, истироҳату фароғат намоянд. Зеро ки Боғи фарҳагӣ-фароғатӣ дар шафати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд шуда, имконияти таъмин намудани фароғати сокинони ноҳияро шабонгаҳ низ дорад. Бо назардошти ин, боғи мазкур туҳфаи арзанда ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ховалинг мебошад.



Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ховалинг аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, бо ҷараёни парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1» шинос шуданд


Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо ҷараёни парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1» дар деҳаи Доробии Деҳоти Ҷомбахт шинос шуданд.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаи меҳнати сокинон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар заҳматкашони ноҳияи Ховалинг ба таври густурда муаррифӣ карда шуд.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ зикр шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз чор ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, саҳми заҳматкашони ноҳияи Ховалинг низ дар роҳи расидан ба ин ҳадафи олӣ назаррас мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ховалинг дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 16 миллиону 577 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 дарсад зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ кишоварзони ноҳия намунаҳо аз маҳсулоти гуногуни истеҳсолиро, ки аз майдонҳои киштзори ин минтақаи дилфиребу дорои табиати нотакрори диёр гирдоварӣ гардидааст, ба маъраз гузоштанд.
Кишоварзони ноҳияи Ховалинг дар мавсими соли 2018-2019 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи пурсамари замин дар майдони 8 ҳазору 161 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳориро дар асоси маслиҳати мутахассисон ва интихоби тухмиҳои баланд сифат анҷом додаанд, ки аз ин ҳисоб ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд.
Аснои боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи кишоварзони ноҳияи Ховалинг зикр гардид, ки меҳнаткашони ноҳия соли равон 751 тонна картоша, 146 тонна сабзавот, 302 тонна гӯшт, 1709 тонна шир, 2,6 тонна пилла, зиёда аз 7 ҳазору 276 тонна хӯроки дурушти чорво ба даст овардаанд ва ҷамъоварии ҳосил феълан низ идома дорад.
Ноҳияи Ховалинг бо меваҳои хуштаъму лазиз ва асали табиии аз ҷиҳати экологӣ тозаю табобатиаш низ имрӯз ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ шуҳрати зиёд дорад.
Феълан дар ноҳия масоҳати боғҳо ба 3 ҳазору 42 гектар мерасад, ки аз ин 87 гектараш токзор мебошад.
Боғпарварони ноҳия соли гузашта аз 1630 гектар майдони боғоти ҳосилдеҳ 6 ҳазор тонна мева истеҳсол ва пешниҳоди сокинон кардаанд.
Аҳли заҳмати ноҳия дар заминаи тадбирҳо дар самти истифодаи пурсамари талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҳамасола майдони боғотро васеъ мекунанд ва соли равон 137 гектар боғи нав бунёд карданд.
Ҳангоми боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи занбӯриасалпарварон зикр гардид, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 4 ҳазору 143 адад мерасад ва ҳамасола то 60 тонна асали хушсифат истеҳсол мегардад.
Соли равон занбӯриасалпарварон 35 тонна асал ба даст овардаанд ва ният доранд, ки бо гирдоварии пурраи маҳсулот ин нишондодро то ба 70 тонна расонанд.
Тайи солҳои охир ба рушди моҳипарварӣ низ дар ноҳияи Ховалинг таваҷҷуҳ зиёд гардида, феълан дар 6 гектар ҳавз парвариши моҳиҳои сазан, бели амур, гулмоҳӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо навъи моҳиҳое, ки аз ҷониби Хоҷагии деҳқонии «Меҳринигор» дар намоиш ба маъраз гузошта шуда буд, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани ин соҳа ва афзун намудани истеҳоли маҳсулоти моҳӣ дастур доданд.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин чорвои хушзот ба маъраз гузошта шуд ва зикр рафт, ки давоми се соли охир саршумори чорвои калон дар ноҳияи Ховалинг ба 23 ҳазору 390 ва моли майда ба 34 ҳазору 298 сар баробар гардидааст.
Пешвои миллат зимни боздид аз гӯшаи чорвои хушзот дар ин намоишгоҳ бо таваҷҷуҳи хосса ба парвариши чорвои хушзоти хурду калон дастур доданд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши он дар ноҳия васеъ ба роҳ монда шавад.
Зимни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ соли 1994 дар майдони 5 гектар таъсис ёфта, феълан дорои 21 гектар замин мебошад.
Аз майдони умумии заминҳои кооператив 10 гектарашро обӣ, 9 гектар лалмӣ ва ду гектари дигарро чарогоҳ дар бар мегирад.
Заҳматкашони Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг аслан ба зироаткорию боғпарварӣ машғул буда, соли равон дар 5 гектар картошка кишт кардаанд, ки феълан нашъунамои хуб дорад ва умед аст, ки то 300- сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ҷараёни парвариши сабзавоти гуногун дар ин кооператив ҷиҳати истифодаи пурсамари замин, кишту парвариши зироати ба обу иқлими ноҳия мувофиқ ва интихоби тухмиҳои серҳосил ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Зикр гардид, ки меҳнаткашони ин кооператив дар кишту парвариши дигар навъи зироат, аз ҷумла гандум, пиёз, зироати техникӣ, полезӣ ва боғпаварӣ низ таҷрибаи хуб доранд.
Дар Кооператив зиёда аз 10 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд.
Сарвари давлат зимни боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кишту парвариши сабзавот дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг масъулинро ҷиҳати боз ҳам боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам вазифадор намуданд.



Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Майдончаи варзиширо дар маркази ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор доданд


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон инчунин майдончаи хурди варзишиеро, ки дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шудааст.
Ин иншооти варзишӣ дар маркази ноҳия танҳо барои бозии футбол пешбинӣ гардида, дорои беҳтарин шароит барои ин намуди бозӣ мебошад. Майдочаи хурди бозии футбол дар ноҳияи Ховалинг бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ бунёд карда шуда, дар он 35 адад таҷҳизоти хурду бузурги равшанидиҳӣ насб карда шудааст. Илова бар ин, барои зебоии атрофи иншооти мазкур дарахтони ороишиву сояафкан ва дар масоҳати 60 метри мураббаъ гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони маркази ноҳияи Ховалинг беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин Сарвари давлат аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода намоянд, то ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази ҷавононро дар маркази ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Ховалинг бинои нави Маркази ҷавононро, ки дар масоҳати умумии 1200 метри мураббаъ, ки бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст, бо бардоштани парда аз болои лавҳа ифтитоҳ намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қудратӣ»-и ноҳияи Данғара бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ ба анҷом расонда шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои мақсаднок истифода намудани иншооти навбунёд ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якуми он бахши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ, технологияи информатсионӣ ва маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.
Шароити фароҳамгардида дар иншооти нав барои ҷалби ҷавонони ноҳия ба забономӯзӣ, аз худ намудани нозукиҳои технологияи муосир ва баргузории чорабиниҳои гуногун мусоидати фаъол хоҳад кард.
Дар ошёнаи дуюми бино утоқҳои корӣ, нуқтаи хизматрасонӣ, бахшҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва китобхона муҳайё мебошанд.
Дар таҳхонаи Маркази ҷавонон ошхона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, нуқтаи заргарӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ифтитоҳи чунин бинои хуштарҳу замонавӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг мушкилоти қаблии ҷавононро рафъ намуда, барои фаъолияти пурсамари онҳо замина мегузорад.
Дар Маркази навбунёд имкониятҳои фарох фароҳам оварда шудаанд, ки шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити хубу арзанда, ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд, то ки онҳо дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо намуда, дар таҳкими аркони давлатдорӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва рушду пешрафти Ватани азиз саҳм гузоранд.


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг боздид намуданд


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ гӯшаи имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Ховалинг, харитаи хатсайри сайёҳии он бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид.
Инчунин дар намоишгоҳ лоиҳаи Консепсияи рушди сайёҳии ноҳия барои солҳои 2019-2025, аз ҷумла «Эко-туризм дар Ховалинг» таҳия шудааст, ки дар он маълумот оид ба мавзеъҳои таърихӣ ва табиати дилангези ин ноҳия ҷой дода шудааст.
Ховалинг, ки маркази сайёҳӣ ва яке аз гӯшаҳои бостонӣ ва зебои табиати Тоҷикистон аст, боигариҳои табиию таърихӣ ва фарҳангии он дар намоишгоҳи мазкур ба таври васеъ муаррифӣ гардиданд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар ноҳияи Ховалинг касбу ҳунарҳои зиёди мардумӣ, аз қабили заргарӣ, оҳангарӣ, чармгарӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, қамчинбофӣ, намадбофӣ, сабадбофӣ, рафидадӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ эҳё ва густариш ёфтааст, ки намунаҳои маҳсули дастранҷи мардуми он дар ҳар як гӯшаи намоишгоҳ ба тамошо гузошта шуда буд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин аз ҷониби кадбонуҳои ноҳия даҳҳо навъи нонҳои миллӣ, аз ҷумла чапотӣ, фатир, кулча, қалама, гирдача, орзуқ, чагалдак, таомҳои миллӣ, аз қабили умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ бо маҳорати нотакрор ва ҳунари волои миллӣ омода ва дар ин намоишгоҳ пешкаш гардид.
Намоишгоҳро дастовардҳои ҳунармандони чирадасти ноҳияи мазкур ҷаззобу диданӣ гардонид, ки ин раванд шаҳодат аз таърихи қадимаи ин гӯшаи зебоманзари диёр медод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати кадбонугии занону духтарони ноҳияи Ховалинг, ҷараёни омода намудани таомҳои миллӣ ва нонпазӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ ва тарғиби онҳо дар миёни ҷомеа ҳидоят намуданд.


Ифтитоҳи шуъбаҳои нав дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг


Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави тандурустӣ дар ноҳияи Ховалинг аз ду ошёна иборат буда, дорои 40 кати хоб ва ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг дидан намуда, бо шароити муосири муҳайёгардида дар онҳо аз наздик шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз ҷониби Кооперативи истеҳсолӣ – тиҷоратии «Нигини Сулаймон» анҷом дода шуда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Дастгоҳу таҷҳизоти шуъбаҳои нави беморхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон харидорӣ гардида, аз ҷониби мутахассисони соҳа васлу насб карда шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муосири хизматрасонӣ дар ин бинои муосири тандурустӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, ба табибон барои истифодаи пурсамар аз ин имконот маслиҳатҳои муфид доданд.
Тавре таъкид гардид, бо мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаҳои нави Беморхонаи марказӣ имкони ташхису табобат ва анҷоми амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ дар дохили ноҳия пурра фароҳам гардид.
Зеро қаблан ниёзмандону беморон барои ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ ба шаҳри Кӯлоб ва пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мерафтанд, ки харҷи зиёди маблағ ва вақтро талаб мекард.
Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаҳои нави Беморхонаи марказӣ мушкилии аҳолии қариб 60-ҳазорнафараи ноҳияи Ховалинг ҳалли худро пайдо намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг ифтитоҳи шуъбаҳои навро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод карда, ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти муҳайёгардида дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Масоҳати умумии бинои шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг қариб 1 гектарро дар бар гирифта, атрофи иншоот дар доираи иқдомҳои созанда сабзу хуррам гардонида шудааст.
Ҳамчунин дар саҳни бино ду айвончаи зебо мавриди истифода қарор гирифтаанд.


Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Ховалинг бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ин ноҳияро ифтитоҳ намуданд.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат дар масоҳати 240 метри мураббаъ бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз бинои нав ва шиносоӣ бо шароити муосири фаъолият дар он ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои арзанда дода, иқдоми онҳоро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бо тамоми таҷҳизоти фаъолият, аз ҷумла технологияи муосир таьмин мебошад ва аз 5 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Зимни корҳои сохтмонӣ дар иншоот 44 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғл ва маоши хуб таъмин буданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якуми он маҷлисгоҳ ва утоқи корӣ ва дар ошёнаи дуюм 4 утоқи корӣ барои кормандон ҷойгир карда шудаанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалингро ҷавонон ташкил медиҳад ва онҳо аз технология ва илмҳои муосир ба хубӣ бархӯрдоранд.
Дар се шуьбаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ҷавонони лаёқатманд кор мекунанд ва онҳо дар тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ноҳия пайваста дар талошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни фаъолият ва имконоти муосир дар бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро ба хидмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллати тоҷик ҳидоят намуданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ҳизб дар ноҳияи Ховалинг як адад нақлиёти сабукрави замонавӣ туҳфа намуда, иншоотро бори дигар ба онҳо табрику таҳният гуфтанд.


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин