Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохтор: «Мо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем»

Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохтор: «Мо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем»

ДУШАНБЕ, 19.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои таъсиси Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохтор Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст ва имрӯз сазовори дастгирии ҳамаҷонибаи бонки мо мебошад. Ин матлабро имрӯз Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личун пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон иброз намуд.
Номбурда гуфт: «Мо аллакай амалисозии баъзе лоиҳаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудем. Лоиҳаҳои беҳтар намудани вазъи роҳ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва таҷдиди НБО «Норак» аз ҷумлаи онҳоянд. Ин лоиҳаҳо барои рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳаётан муҳим мебозанд».
Тавре Ҷин Личун мегӯяд, «мо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Стратегияи мазкур барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо нақши хеле бузург дорад. Ба ин хотир, мо дар амалисозии ин ҳуҷҷати муҳим бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоем».
Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки «имрӯз мушкилот зиёд ва талаботу захираҳо ниҳоят бузург мебошанд. Лекин ман боварӣ дорам, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати софдилонаи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат метавонад Стратегияи миллии рушди худро бо муваффақият амалӣ намуда, некуаҳволии мардумро дар сатҳи зарурӣ таъмин намояд».
Зикр шуд, ки Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохтор оянда дар доираи ҳамкорӣ робитаҳоро барои дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд давом дода, дар ин доира лоиҳаҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личун мулоқот намуданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин