Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд

Субҳи 20 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварданд.
Дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1996 таъсис ёфта, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ин ноҳия давоми беш аз 20 сол бо азму талошҳои бунёдкорона ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як деҳа ба ноҳияи муосиру пешрафта табдил дода шудааст, ки имрӯз дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ пешравиҳои зиёд дорад.
Давоми солҳои охир картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар баробари таъмини эҳтиёҷоти ноҳия ҳамчунин дар таъмини мамлакат бо картошкаи аълосифати маҳалӣ нақши арзанда мегузоранд ва пайваста барои афзун намудани нишондиҳандаҳои ҷамъоварии картошка талош менамоянд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин