Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди сангро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд 
  • 17:00 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд 
  • 16:58 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд 
  • 13:36 – Шакармамад Мирмаҳмадов Шоҳҷоизаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз Душанбе ба Бадахшон бурд 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ МАЙДОНИ НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «КАМОЛА» ВА НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИИ ХОҶАГИДОРОНИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ДИДАН НАМУДАНД
Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нашъунамои пахта дар Хоҷагии деҳқонии «Камола» ва намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳия дидан намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Хоҷагии деҳконии «Камола» дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат соли 2014 таъсис ёфта, то ба имрӯз ба парвариш ва кишти зироати гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла пахта машғул мебошад. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки заҳматкашони хоҷагии мазкур дар кишту парвариши зироати техникӣ таҷрибаи бой дошта, майдони пахтазори он 10 гектарро дар бар мегирад ва феълан нашъунамои он бо истифода аз таҷрибаи ғании агротехникӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Хоҷагии деҳконии «Камола» пахтаи навъи «Хуҷанд-67» парвариш карда мешавад ва саҳмдорон ҳамасола ҳосилнокии хуб ба даст меоранд. Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ дар самти истифодаи пурсамари замин кишту парвариши пахтаро бо истифода аз тухмиҳои баландсифат ва тавсияи мутахассисони соҳа ба роҳ мемонанд. Ҳамин буд, ки соли 2018 аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 50-сентнерӣ ҳосили пахта рӯёниданд ва имсол низ тавассути меҳнати зарбдор ва истифодаи техникаю гузаронидани тадбирҳои муҳими агротехникӣ интизор меравад, ки аз ҳар гектар бештар аз 55 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.
Дар маҳалли боздид аҳли заҳмати ноҳия ба истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастранҷи меҳнати худро ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия дар нимсолаи аввал ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 30 ҳазору 639 гектар кишт гузарониданд, ки аз он 5 ҳазору 767 гектар ғаллагиҳо, 14 ҳазору 354 гектар пахта, 1046 гектар дигар зироати равғандеҳ, 235 гектар картошка, 567 гектар сабзавот, 1223 гектар полезӣ ва дар майдони 7 ҳазору 443 гектар хӯроки чорво мебошанд.
Ҳамчунин дар ин давра майдони 163 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд. Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 121 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 9 миллиону 417 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар ин самт 108,4 фоизро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмату муваффақиятҳои кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани майдони кишти зироат аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва афзоиш додани номгӯи маҳсулоти содиротӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОДРО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бинои Қасри фарҳангро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.
Масоҳати умумии замини бинои Қасри фарҳанг 3 ҳазору 200 метри мураббаъро ташкил дода, он дар муҳлати қариб 3 моҳ бо ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ пурра навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонда шуд.
Бино дуошёна буда, аз 9 толори омӯзишӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили драма, сурудхонӣ, рубобнавозӣ, иттиҳоди дӯстдорони “Килки сабз”, карнайнавозӣ, доиранавозӣ, шашмақом, рақс, шоҳмот, толори васеъ барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо 478 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, китобхонаи бачагона, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг, бахусус ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои мушаххасро марҳила ба марҳила анҷом медиҳад, то фаъолият дар шароити хуб пурмасъул ва натиҷаовар сурат гирад.
Мавриди зикр аст, ки дар идомаи корҳои таъмиру навсозӣ дар назди Қасри фарҳанг ғайр аз 8 маҳфили амалкунанда боз се маҳфили нав – рассомӣ, шоҳмот ва китобхонаи электронӣ таъсис дода шудааст, ки барои омӯзиши ҳунари рассомӣ ва сайқал додани дониши наврасону ҷавонон макони мувофиқ аст.
Баъд аз навсозӣ ва таъсиси маҳфилҳо шумораи коргарон аз 12 ба 20 нафар ва иштирокдорони маҳфилҳо аз 80 ба 100 нафар расид.
Дар осорхонаи бино барои огоҳӣ пайдо кардани насли наврасу ҷавон аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик 2 ҳазор нигораи таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва расмҳо аз давраҳои гуногун нигоҳ дошта шудаанд.
Деворҳо ва сутунпояҳои дохили бино бо нақшу нигори миллӣ хеле зебо гаҷкорӣ карда шуда, барои фароғат ва сайругашти сокинон дар саҳни бино фаввораҳо ва чароғакҳои равшанидиҳанда насб гардидаанд.
Китобхонаҳои электронӣ ва бачагона дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд ва барои ҷавонону сокинон макони мусоиди илмомӯзӣ ба ҳисоб мераванд.
Хотиррасон менамоем, ки бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Зафаробод ҳанӯз соли 1971 бунёд гардида, бо сабаби солҳои зиёд хизмат намудан фарсуда шуда, ба таъмири асосӣ ниёз пайдо карда буд. Бинои мазкур дар партави дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистсон аз нав таҷдид гардид.
Дар толори бошукӯҳи Қасри фарҳанг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳияро, ки таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолият буд, тамошо намуданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ ба ҳунари волои санъаткорон, ки бештарашро ҷавонон ташкил медиҳанд, баҳои баланд дода, барои рушди соҳа, ҷалб ва омодасозии кадрҳои болаёқат дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ҳамин ҷо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳия асбобҳои мусиқӣ тақдим карда шуд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КӮДАКИСТОНИ ХУСУСӢ БАРОИ 200 КӮДАКРО ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ИФТИТОҲ НАМУДАНД
22 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави кӯдакистони хусусии “Афсона”-ро барои 200 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои кӯдакистон дар масоҳати умумии 2 ҳазору 280 метри мураббаъ қомат афрохта, аз ду ошёна, таҳхона ва 10 синфхонаи таълимию ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити мавҷудаи муассисаи навбунёди таҳсилоти томактабӣ шинос шуда, ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон дар шароити хуб, беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби беш аз 50 нафар мутахассису коргарони маҳаллӣ оғоз гардида, аз рӯи тарҳ дар ошёнаи якум хобгоҳ барои 200 нафар кӯдак, ошхона, толорҳои барҳавои таълимӣ ва машғулияти кӯдакон ба варзиши сабук, утоқҳои корӣ ва тиббӣ, дар ошёнаи дуюм толорҳои таълимӣ ва мусиқӣ сохта шуда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевони либос ва дигар ашёву лавозимот таъмин мебошанд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Афсона” дар доираи иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шаҳло Кенҷаева бунёд гардида, дар арафаи соли нави хониш туҳфаи арзандаи ҷашнӣ барои таълимгирандагони ин даргоҳ мебошад. Барои таълиму тарбияи хонандагон мураббиёни ботаҷриба ҷалб карда шуда, таҳсил бо 3 забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2019” дар марказ ва деҳоти ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1000 нафар кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар доираи корҳои ободонӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду навсозии боз 2 кӯдакистони дигар ба нақша гирифта шудааст.


САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ФЕРМАИ ПАРВАРИШИ ЧОРВОИ ХУРДИ ШОХДОР ВА КОРХОНАИ ПАНИР ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД БОЗДИД НАМУДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод бо фаъолияти фермаи инноватсионии парвариши чорвои хурди шохдор-бузҳои зоти аврупоӣ ва корхонаи коркарди ширу истеҳсоли панир шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки фермаи чорвопарварии чорвои хурди шохдор соли 2015 дар ҳудуди иншооти фермаи хусусигардидаи соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров дар ҳамкорӣ бо шаҳрванди Австралия Ҷеври Диллон таъсис ёфта, дар ибтидо 10 сар бузи ширдеҳ парвариш меёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорону мутахассисонро дар ташкили чунин фермаи инноватсионӣ барои парвариши бузҳои зоти ширдеҳ муҳим арзёбӣ намуданд. Ин амал саҳмгузорӣ дар иҷрои “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” барои афзун намудани саршумору маҳсулнокии чорво, таъмини бозори истеъмолӣ бо ғизои манфиатбахшу фоиданок мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шахсони алоҳида аз хориҷи мамлакат бузҳои зотҳои ширдеҳи аврупоӣ, русӣ ва қамарӣ – покистони ворид намуда, барои эҳтиёҷоти оила ва бозор шири буз истеҳсол менамоянд.
Ташкили фермаи махсуси инноватсионии бузпарварӣ нахустин дар минтақа аст.
Соҳибкорон бо мақсади афзун намудани саршумор, ба шароиту иқлими минтақа мутобиқ намудану ба вуҷуд овардани гурӯҳи бузҳои сермаҳсули самти ширӣ ва ташкил намудани фермаи махсус аз давлатҳои Швейтсария ва Франсия нутфаҳои (тухмии) такаҳои зоти алпинии бузҳои ширдеҳ ворид намудаанд.
Чорабиниҳои афзун намудани бузҳои сершир ва ба вуҷуд овардану такмили рамаи бузҳо дар ду марҳила гузаронида шуданд.
Бо роҳи бордоркунии сунъӣ аввал аз зотҳои аврупоӣ нуфтаҳои такаҳои ҷойдорӣ истифода гардида, дар марҳилаи дуюм нуфтаҳои аз ҳисоби истифодаи такаҳои зоти алпинӣ ва қисман зоти бузи қамарии Покистон ин бузҳои ширдеҳ ба вуҷуд омадаанд.
Ин тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо гузаронидани корҳои селексионии олимону мутахассисони филиали Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гирифтани наслҳо, баланд бардоштани маҳсулнокии шир ва равғаннокии он ва мутобиқ намудани бузҳои зоти ширдеҳ ба иқлими ноҳияи Зафаробод натиҷа доданд.
Давоми солҳои 2016-2019 саршумор ҳар сол аз 25 то 40 сар зиёд гардида, ҳоло ба 240 сар расонида шудааст. Аз ин миқдор 100 сар модарбузҳои ширдеҳанд.
Ширҷӯшӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар дар як шабонарӯз 2,5-3 литрро ташкил медиҳад.
Дар натиҷа дар 1 шабонарӯз 200-220 литр, дар як моҳ 6-6,5 тонна шири буз истеҳсол карда мешавад.
Фермаи махсуси бузпарварӣ бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Инҳо таҷҳизоти технологии обу ғизодиҳӣ, профилактикию тарбияи бадани чорво, таҷҳизоти тозакунии иншоот ва таҷҳизоти ширҷӯшӣ мебошанд, ки истеҳсоли давлатҳои Швейтсарияю Германияанд.
Тавассути хатти технологии обу ғизодиҳии тақсимоти хошоку консентрат ва об ба таври автоматӣ мувофиқи талаботи зооинженерӣ суръат мегирад.
Истеҳсоли шири буз ва ҷурғоту маҳсулоти дигар аз шири буз бино ба хулосаҳои илмию тиббӣ ба организми одам манфиатбахшу шифобахшанд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо фермаи инноватсионӣ, суҳбатҳо бо муассисони ферма ва мутахассисони соҳа таъкид доштанд, ки таъмину дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифату табиӣ омили асосии солимии ҷомеа мебошад. Ҳамчунин таъкид ёфт, ки ҳарчи бештар ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти чорво, хусусан шири чорво ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти ширӣ аз имкониятҳои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии табиии худӣ мебошад.
Муассисони фермаи инноватсионии бузпарварӣ дар ҳудуди ферма бо таъсиси коргоҳи коркарди шири буз истеҳсоли панирро аз шири буз дар асоси усулу анъанаҳои аврупоӣ ба роҳ мондаанд.
Иқдоми соҳибкорони ватанию хориҷӣ оид ба ташкили фермаи бузҳои зотҳои аврупоию маҳаллии ширдеҳ қобили пайравӣ ва паҳн кардани ин таҷриба дар дигар минтақаҳои мамлакат мебошад.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НИШОНИ ДАВЛАТИРО ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Баландии нишон 23 метрро ташкил медиҳад ва он дар як мавзеи хеле ободу зебои ноҳия сохта шудааст.
Баъди ифтитоҳи Нишони давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ дар зери он гулчанбар гузоштанд.
Майдони нишони давлатӣ акнун ба як макони тозаву озода ва маҳалли зебои сайру тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардид.
Дар атрофи нишон аз тарафи сохтмончиён фаввораҳо, роҳравҳои тахту ҳамвор сохта шуда, дар ҳудуди боғ чароғҳои рангаи равшанидиҳанда, садҳо адад ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки гузоштани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, бунёди Нишони давлатӣ ва партавафшон кардани Парчами давлатӣ дар маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 зимни як сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баҳри бедор кардани ҳисси баланди ватандорӣ дар замири мардум дар майдони марказии ноҳия Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ карда, дар вазъияти тантанавӣ парчами давлатиро партавафшон намуданд.
Сокинони ноҳияи Зафаробод барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногунро мавриди истифода қарор медиҳанд.
Ифтитоҳи нишони давлатӣ низ аз тадбирҳои созанда дар ин самт мебошад, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи мардуми ноҳия амалӣ гардид.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД «БОҒИ БА НОМИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ»-РО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати умумии боғ якҷо бо майдони Нишони давлатӣ 7,5 гектарро ташкил медиҳад.
Дар маркази боғ муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов бунёд шудааст, ҷойгир мебошад.
Боғи мазкур аз ду даромадгоҳи асосӣ иборат буда, дар ҳудуди он фаввораҳои гуногун, зиёда аз 80 адад чароғи ранга, 5 суҳбаткада, 400 адад дарахти ороишӣ, як шаршараи сунъӣ, амфитеатри таҷдидшуда бо 400 ҷойи нишаст, бинои маъмурӣ барои коргарони боғ, даҳҳо адад курсиҳо, дӯконҳои фурӯши обҳои ташнагишикан ва дигар иншооти зарурӣ мавҷуданд.
Атрофи боғи фарҳангию фароғатӣ дар масоҳати 700 метр бо панҷараҳои пурнақшу нигори муҳофизатӣ таъмин гардида, ҳамчунин барои нақлиёти сокинон 4 таваққуфгоҳ сохта шудааст.
Дар ин муассисаи фарҳангӣ 45 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар вақти сохтмон коргарон бо истифода аз нақшу нигори миллӣ сутунҳои дарвозаҳои боғ ва фаввораҳоро оро додаанд, ки хеле ҷаззобу назаррабо менамояд.
Дар ҳудуди боғ ҷӯйҳои оби равон, роҳравҳо бо сафолакҳои ранга, чароғҳои рангаи равшанидиҳандаю ороишӣ сохта шудаанд, ки аз ороишоти дигари боғ маҳсуб меёбанд.
Баъди бунёди чунин як маркази муосири истироҳатию фароғатӣ сокинони ноҳия метовонанд дилхоҳ чорабинии фарҳангии худро бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ доир намоянд.
Бунёди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Зафаробод дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлолияти давлатӣ гардид.
/АМИТ «Ховар»/.


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин