Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди сангро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд 
  • 17:00 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд 
  • 16:58 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд 
  • 13:36 – Шакармамад Мирмаҳмадов Шоҳҷоизаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз Душанбе ба Бадахшон бурд 

БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЯК ЧАНД ОБЪЕКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОДРО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРИ ҚАРОР ДОДАНД.

БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  ЯК ЧАНД ОБЪЕКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОДРО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРИ ҚАРОР ДОДАНД.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА АЗНАВСОЗИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ МӮЪМИНОБОД-КӮЛОБ ОҒОЗ БАХШИДАНД
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мӯъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Мӯъминобод» шурӯъ гардид.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми «Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
Иҷрои ин лоиҳа, 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат хоҳад гирифт.
Роҳи автомобилгади Кӯлоб-Мӯъминобод аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, давоми солҳои зиёд навсозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, ҳолати имрӯзаи ин роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест ва боиси масрафоти зиёди роҳистифодабарандагон низ мегардид.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, таҷдиди ин қисмати роҳ оғоз гардид, ки нишонаи возеҳи татбиқи муваффақонаи стратегияи баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба қаламрави воҳиди транзитӣ арзёбӣ мегардад.
Бояд зикр кард, ки ноҳияи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, яке аз мавзеъҳои ташрифи сайёҳони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ташкили инфрасохтори сайёҳиву бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ кафолати ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад.
Аснои иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод», Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро бобати бо суръату сифати баланд анҷом додани сохтмону азнавсозии роҳи мазкур вазифадор карданд. Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, маҳз сифати тадбирҳои сохтмонӣ имкон фароҳам хоҳад овард, ки ин иншоот солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат кунад.
Оғози корҳои таъмиру таҷдид дар ин қисмати роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод, дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси фараҳмандии сокинони саодатманди ноҳияи Муъминобод гардида, онҳо барои талошҳои хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОДРО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
10 сентябр дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мӯъминобод бинои наву замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бино аз 3 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 35 нафар коргари маҳаллӣ сифатан хуб ба анҷом расонида шудаанд.
Дар бинои хуштарҳу замонавии Прокуратураи ноҳияи Мӯъминобод 10 утоқи корӣ, як маҷлисгоҳ ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳои арзанда дода, онро туҳфаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони прокуратура тақозо карданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди халқу Ватан анҷом диҳанд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОСОИШГОҲИ ҶУМҲУРИЯВИИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДАИ БАРҚАРОРСОЗИИ САЛОМАТИИ БЕМОРОНИ ҚАЛБРО ДАР НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия ба фаъолияти Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб расман оғоз бахшиданд.
Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, корхои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 шурӯъ шуда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб дар ноҳияи Муъминобод аз 4 ошёна иборат буда, дар он ошхона, шуъбаи барқарорсозии кӯдакона, бахши машваратию ташхисӣ, маъмурият, шуъбаи бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, бахши табобатӣ-барқарорсозӣ, табобати интенсивӣ, толори табобати варзишӣ ва шуъбаи барқарорсозии калонсолон, инчунин бахшҳои дигари табобатию барқарорсозӣ ҷойгир мебошанд.
Зимни боздид ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иншооти табобативу солимгардонӣ дорои беш аз 100 кат, аз ҷумла 26 кати кӯдакона буда, дар ҳуҷраҳои он муосиртарин шароиту имкониятҳои табобату солимгардонии беморони гирифтори дил фароҳам оварда шудааст. Дар осоишгоҳ 65 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароити осоишгоҳи мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизматрасонии хубу шоиста ба мизоҷон ҳидоят намуданд. Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкурро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни 28 -умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба табибони ноҳияи Муъминобод арзёбӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ки ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои кору фаъолияти онҳо шароити арзанда фароҳам оварда мешавад. Ин ҳама аз татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дарак медиҳад.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб ҳамзамон як майдончаи варзишӣ бунёд карда шуда, гирду атрофи иншоот ба гӯшаи зебои фароғатӣ табдил дода шудааст.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИРО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон инчунин майдончаи варзишиеро, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ- 28- умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд карда шудааст. Инчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обу тоби бадан беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.
Майдончаи варзишӣ бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дар он қариб 15 адад чароғҳои хурду бузурги равшанидиҳӣ насб карда шудаанд. Илова бар ин, барои зебогии атрофи иншоот 30 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва 2500 бех гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони ноҳияи Муъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Муъминобод даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.
Қобили тазаккур аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагиии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома дошта, то соли 2021 дар ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатҳои ноҳия бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз даҳҳо чунин иншооти муосири варзишӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА БУНЁДИ БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БО ҶОЙГИРКУНИИ МАЙДОНИ НИШОН ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД САНГИ АСОС ГУЗОШТАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҳамчунин ба бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузоштанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти “Деҳибаланд” ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 6 гектар сохта мешавад.
Иншооти мазкур давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавӣ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд карда хоҳад шуд. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо назардошти арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ Парчами миллӣ бо баландии 55 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 33 метр сохта мешавад.
Тибқи иттилои масъулин, дар иншооти бунёдшаванда ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона дар дохили боғ бунёди Амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, 5 адад фаввора, 4 майдонча барои бозии кӯдакон, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ду таваққуфгоҳ ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизмтрасонӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар дохил ва атрофи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ шинонидани 500 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва насби 100 адад таҷҳизоти равшанидиҳанда дар назар аст. Масоҳати 4 гектар замини назди боғ низ сабзапӯш карда мешавад.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва Нишону Парчами давлатиро дар муҳлати муайяншуда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд намоянд.


ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕҲМОНХОНАИ «МӮЪМИНОБОД»-РО ДАР ДЕҲАИ ШАҲРИНАВИ ДЕҲОТИ «ДЕҲИБАЛАНД»-И НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳия Меҳмонхонаи «Мӯъминобод»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои Меҳмонхонаи «Мӯъминобод» дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Идихон Сафаров бунёд шуда, ба зебоии ноҳия ҳусни дигар зам мекунад.
Дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ 12 ҳуҷра бо катҳои хоб, маҷлисгоҳ, тарабхона ва тӯйхона ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмӯъ Меҳмонхонаи «Мӯъминобод» метавонад дар як вақт то 20 нафарро қабул намояд. Ҳуҷраҳо бо ҷиҳоз, телевизор ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст. Ба иттилои масъулин, дар давраи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот қариб 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд ва акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои меҳмонхона 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Мӯъминобод саривақтӣ аст, зеро ин ноҳия бо табиати зебову рангин ва мавзеъҳои таърихиаш метавонад шумораи сайёҳони хориҷиро дар мамлакат афзоиш диҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Меҳмонхонаи «Муъминобод» дар деҳаи Шаҳринав шинос шуда, аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ намуданд ва чунин иқдомҳои сокинони ватандӯсти мамлакатро шоистаи дастгирӣ хонданд.
Дар ҳамин ҷо бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои 60 нафар кӯдакони ятиму бепарастор хони идона ороста шуд. Ба кӯдакон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки ин қишри осебпазири ҷомеа зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат қарор дошта, пайваста дастгирӣ меёбанд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ НАМОИШГОҲИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ДЕҲАИ ШАҲРИНАВИ ДЕҲОТИ «ДЕҲИБАЛАНД»-И НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД БОЗДИД НАМУДАНД
Дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунармандони ноҳия дидан карданд.
Дар ин намоишгоҳ сокинони ноҳияи Мӯъминобод намунаи беҳтарини маҳсули дасти худро ба маърази дид гузоштанд. Хосса бонувони чирадаст навъҳои гуногуни либосҳои миллӣ, аз ҷумла чаканро, ки соли 2018 ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид, ба намоиш гузоштанд.
Тавре маълум гардид, дар ноҳияи Мӯъминобод ҳунарҳои чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ, адрасбофӣ, шерозбофӣ, кӯрпадӯзӣ, муҳрабофию кокулсозӣ, тоқидӯзӣ, кешбофӣ, рафидадӯзӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Махсусан баъд аз эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ба ҳунару ҳунармандӣ бештар гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Мӯъминобод 7 маркази ҳунаромӯзӣ фаъолият мекард. Бо эълони сесолаи ҳунармандӣ шумораи ин марказҳо ба 10 адад расидааст. Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳо мактабу сех ва коргоҳҳои ҳунармандӣ ташкил шудаанд.
Дар марказҳои ҳунаромӯзии ноҳия дар маҷмӯъ 85 намуди ҳунарҳои мардумӣ омӯзонида мешаванд. Бонувони ҳунарманд талош бар он доранд, ки ҳарчи бештар ҷавондухтаронро ба ин курсҳо фаро гиранд ва дар эҳёю рушди ҳунарҳои аҷдодӣ саҳм гузоранд.
Зимни суҳбати самимӣ бо модарони ҳунарманди ноҳияи Муъминобод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сару либоси миллӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як сокини кишвар, бахусус занони тоҷик аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарастиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат саҳмгузор бошанд. Тибқи маълумот, давоми 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 11 ҳазор сайёҳ ба ноҳияи Мӯъминобод ташриф овардаанд.
Баъд аз тамошои намоишгоҳ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари занону ҷавондухтарони ноҳияи Мӯъминобод баҳои баланд дода, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон ҳидоят намуданд.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин