Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди сангро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд 
  • 17:00 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд 
  • 16:58 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд 
  • 13:36 – Шакармамад Мирмаҳмадов Шоҳҷоизаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз Душанбе ба Бадахшон бурд 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИВУ КИШОВАРЗӢ ДАР ДЕҲАИ ШАҲРИНАВИ НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД БОЗДИД НАМУДАНД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИВУ КИШОВАРЗӢ ДАР ДЕҲАИ ШАҲРИНАВИ НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД БОЗДИД НАМУДАНД
Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии сокинони ноҳия боздид карданд.
Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти саноативу кишоварзии хоҷагии ҷангали ноҳия, деҳоти Балхобӣ, “Нуралишо Назаров”, “Деҳибаланд”, ба номи Шамсиддин Шоҳин, хоҷагии таҷрибавии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзӣ дар ноҳия ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.
Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мӯъминобод сол аз сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд.
Дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда, аз ин ҳисоб 6 коргоҳ фаъолияти мавсимӣ доранд.
Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ қонеъкунанда буда, бо эълони ҳадафи 4-уми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ корҳо дар самти афзоиш додани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият бахшида мешаванд.
Дар намоишгоҳи кишварзони ноҳияи Мӯъминобод каду, тарбуз, харбуза, пиёзи сурху сафед, картошка, бойимҷон, қаламфур, ҷуворимакка, ангур, себ, меваи хушк, гиёҳҳои шифобахш, навъҳои гуногуни асал, маҳсулоти консерва ва ғайра ба намоиш бароварда шуд. Дар ноҳияи Мӯъминобод 4 ҳазору 765 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд.
Давоми 8 моҳи охир дар майдони 14 ҳазору 978 гектар кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, зироати техникӣ, зироати хӯроки чорво гузаронида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод бо кишоварзон ва масъулони соҳа суҳбат намуда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАЮ САБЗАВОТ ВА ИСТЕҲСОЛИ НӮШОКИҲОИ ТАШНАШИКАНИ «МӮЪМИНОБОД»-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
10 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринав Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани «Мӯъминобод»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, аз сехи истеҳсолу коркарди севаю сабзавот ва анбору сардхона иборат мебошад.
Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан дар майдони 1,2 гектар бунёд шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар сехи нӯшокиҳои ташнагишикан нӯшоба, афшура ва мураббои меваҳои гуногун омода карда мешавад.
Дар як басти корӣ дар ин сех 5 ҳазор қуттии нӯшокии ташнагишикан омода карда мешавад.
Дар сехи коркарди меваю сабзавот дар як бахши корӣ консервакунонии то 2 ҳазор зарфи 2-литра сабзавоти гуногун анҷом дода мешавад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур 80 нафар, аз ҷумла 30 нафар аз вилояти Суғд ва 50 каси дигар аз ноҳияи Муъминобод бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Роҳбарияти корхона нақша доранд, ки дар оянда бо ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи кормандонро то ба 200 нафар расонанд.
Барои коркарди меваю сабзавот дар ин корхонаи тозабунёд маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия харидорӣ карда мешаванд. Ҳамчунин дар назди корхона дар майдони 6 гектар боғ бунёд шудааст.
Маҳсулоти ин боғ низ барои коркард дар корхонаи “Мӯъминобод” пешбинӣ шудааст.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани “Мӯъминобод” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ карда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхона ва ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ БОҒИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «АМИНҶОН» БОЗДИД НАМУДА, БО ФАЪОЛИЯТИ ҶДММ «МАХСУМИ КАРИМ» ДАР НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД ШИНОС ШУДАНД
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи Хоҷагии деҳқонии «Аминҷон»-и деҳоти “Деҳибаланд” боздид намуда, бо фаъолияти деҳқонон ва кормандони ҶДММ «Махсуми Карим» шинос шуданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки хоҷагии мазкур соли 1998 таъсис ёфта, масоҳати заминҳояш ба 4,5 гектар баробар аст. Аз ин ҳисоб дар 3,25 гектар зироаткорӣ ва дар 1,25 гектари боқимонда боғ бунёд шудааст. Боғи Хоҷагии деҳқонии «Аминҷон» соли 2010 таъсис ёфта, онро деҳқони асилу таҷрибадор Бегаҳмад Одинаев роҳбарӣ мекунад.
Дар ин боғ навъҳои гуногуни себ, аз ҷумла голден, крепсон, самаренко, старкрипсон, қосимсаркорӣ, ҳамчунин нок ва гелосу зардолу парвариш карда мешаванд. Аз ин боғ ҳам меваи тару тоза ва ҳам меваи хушк ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда мешавад. Боғдорон ба хотири самаровар гардонидани дарахтон, аз роҳу усулҳои муосир истифода бурда, сари вақт байни қаторҳоро нарм мекунанд ва дар як сол 2-3 маротиба ба дарахтон доруҳои минералӣ медиҳанд.
ҶДММ «Махсуми Карим» дар ҳамин боғ фаъолияташро ба роҳ монда, ба тайёр кардани меваҳои хушк машғул мебошад. Кормандони ҷамъият на танҳо меваҳоро аз ин боғ, балки аз 4 ноҳияи минтақаи Кӯлоб барои хушк кардан қабул мекунанд. Дар маҷмӯъ дар боғи «Аминҷон»-и ноҳияи Муъминобод ва ҶДММ «Махсуми Карим» зиёда аз 120 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъминанд.
Меваи хушк аз ин ноҳия асосан ба вилояти Суғд содирот мегардад. Ба иттилои масъулон, ҳамасола дар ноҳияи Муъминобод зиёда аз 100 тонна меваи хушк барои содирот омода карда мешавад.
Бояд гуфт, ки рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани истеҳсоли мева аз самтҳои муҳими пешрафти соҳаи кишоварзӣ буда, дар ин ҷода таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаи воқеӣ гузоштааст. Бо мақсади таъмини инкишофу пешрафти минбаъдаи ин соҳа Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарвариро барои солҳои 2016-2020 қабул намуд, ки тибқи он дар мамлакат бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзор пешбинӣ шудааст.
Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти боғи «Аминҷон” ва ҶДММ «Махсуми Карим» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғпарварону хоҷагидорон маслиҳат доданд, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳамаи талаботи агротехникиро сари вақт, мутобиқ ба меъёрҳо ва бо машварату тавсияи олимон анҷом дода, барои афзун намудани меваи хушки содиротӣ талоши бештар кунанд, зеро риояи ин талабот асоси муваффақияти кишоварзон мебошад.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕҲМОНХОНАИ НАВРО ИФТИТОҲ НАМУДА, АЗ ОБАНБОРИ МӮЪМИНОБОД БОЗДИД НАМУДАНД
10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як ҷойи хеле хушбоду ҳаво меҳмонхонаи навро ифтитоҳ карда, аз обанбори Мӯъминобод боздид ба амал оварданд.
Обанбори Мӯъминобод, ки барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст, ҷойи мусоиду мувофиқ барои рушди варзиш- шиноварӣ ва қайиқронӣ мебошад.
Дар фасли гармо обанбор барои оббозӣ ва атрофи он барои сайру тамошои мардум хеле созгор аст.
Дар ин ҷо дастаи қайиқронҳои ноҳия ва шаҳри Душанбе бо истифода аз шароити мусоид ба машқ машғул мебошанд.
Қобили зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Ин имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз ҳамаи шароити муосир ба варзиш машғул шаванд.
Баъди тамошои обанбори Мӯъминобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди обанбор, дар як мавзеи хушбоду ҳаво меҳмонхонаи навро ба истифода доданд.
Меҳмонхона, ки аз тарафи сооҳибкорони ватандӯсти ноҳия ба истиқболи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ-30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуд, туҳфаи арзишманди ҷашнӣ мебошад.
Меҳмонхона аз ду ошёна, толори маҷлис, ҳуҷраи гуфтушунид, ҳуҷраҳои хоб бо тамоми шароит, ошхона, толори зиёфати расмӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Барои ба талабот ҷавобгӯ намудани иншоот даруну беруни бино ва ҳуҷраву долони меҳмонхона аз усули маъмули миллии меъмории ороиш бо гачу оинабандӣ истифода гардидааст.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин