Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди сангро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд 
  • 17:00 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд 
  • 16:58 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд 
  • 13:36 – Шакармамад Мирмаҳмадов Шоҳҷоизаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз Душанбе ба Бадахшон бурд 

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ФАБРИКАИ ПАРАНДАПАРВАРИРО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД

11 сенятбри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи

парандапарварии ҶДММ «Саман»-ро, ки дар деҳоти Кӯлоб бо саҳми соҳибкор Масидиқ Одинаев сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар паранда пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай парвариши 50 ҳазор сар паранда дар он ба роҳ монда шудааст ва бо технолологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Масоҳати умумии фабрикаи парандапарварӣ 5,05 гектарро ташкил дода, дорои се мурғхона ва анбори нигоҳдории тухм аст.
Дар сурати пурра фаъолият намудани фабрикаи парандапарварӣ иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 150 ҳазор дона тухм дар як рӯзро ташкил хоҳад дод.
Сарвари давлат ҳангоми шиносоӣ ба ҷорӣ намудани чунин технологияи муосири парвариши мурғ дар фабрикаи мазкур баҳои баланд доданд.
Дастгоҳу таҷҳизоти фабрикаи мазкур аз Туркия бо маблағи 5 миллион сомонӣ харидорӣ гардида, ба таври автоматӣ идора карда мешавад.
Фабрикаи парандапарварӣ дорои як қатор иншооти ёрирасон мебошад, ки аз рӯи лоиҳа бунёди инфрасохтори он 12,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар сохтмони фабрикаи парандапарварӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби корхонаи фаръии КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст.
Сохтмони фабрикаи парандапарварӣ моҳи апрели соли 2018 оғоз ва 11 сентябри соли 2019 пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин