Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди сангро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд 
  • 17:00 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд 
  • 16:58 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд 
  • 13:36 – Шакармамад Мирмаҳмадов Шоҳҷоизаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз Душанбе ба Бадахшон бурд 

БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОБЪЕКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ МАВРИ БАҲРАБАРДОРИ ҚАРОР ГИРИФТ.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МОДАР ВА КӮДАК»-РО ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳин маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» аз се ошёна иборат буда, он аз ошхона барои 100 ҷойи нишаст, маркази дилхушии бозиҳои кӯдакона, толори либосҳои миллии арӯсӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, маҳси бадан ва толори варзишии занона иборат мебошад.
Ҳамчунин дар саҳни бинои маркази фароғатии «Модар ва кӯдак» ҳуҷраи махсуси ултрасадо барои модарон бо тамоми шароити зарурӣ таҷҳизонида шудааст. Инчунин дар саҳни бинои мазкур барои кӯдакону наврасон сехи хурди истеҳсоли яхмос ба фаъолият шурӯъ намуд.
Қобили зикр аст, ки маркази мазкур бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, макони истироҳатии хуб барои модару кӯдак мебошад.
Таҷҳизоти дар марказ истифодашаванда ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, аз ширкатҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар дастрас гардидааст.
Дохил ва беруни бинои марказ бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ ороиш дода шудааст.
Бунёд гардидани чунин марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои таъмини солимии модару кӯдак заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар бо бунёд гардидани чунин марказҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ҳамзамон 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ вазъи иншооти соҳаи иҷтимоӣ беҳтар гардида, барои солимии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ ВИЛОЯТИИ КЛИНИКИИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ»-РО ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ИФТИТОҲ НАМУДАНД
11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббии ултрасадои дил, велергометрия, сабти барқи дил, дефибрилятор, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, таҷҳизоти набзченкунӣ, кардиомонитор ва таҷҳизоти фишорсанҷӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Маркази мазкур дорои шуъбаи машваратию ташхисӣ, ташхиси ултрасадо ва гӯшаи гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, шуъбаи эҳё ва наҷот, шуъбаи бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ ва дармонгоҳ мебошад.
Иншооти мазкур бо таҷҳизоти пешгирӣ аз сӯхтор муҷаҳҳаз буда, бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо масъулини соҳаи тиб суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» як адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТИРО ДАР КӮЧАИ САНГАК САФАРОВИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА ИСТИФОДА СУПУРДАНД
Дар кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат як бинои 13 ошëнаи истиқоматиро, ки бо маблағгузории ҶДММ «Комил-2010» бунёд гардидааст, ба истифода супурданд.
Бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дорои таҳхона, таваққуфгоҳ, маркази тиҷоратию фароғатӣ, тарабхона ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.
Дар як қисмати бино бо назардошти Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 барои сайёҳон хонаҳои алоҳида бо тамоми шароит ҷудо карда мешавад.
Дар сохтмони бино зиёда аз 250 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд ва корҳои сохтмониро ҶДММ «Комил-2010» ба зимма дошт.
Сохтмон соли 2018 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.
Баъди ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар ҳамин ҷо дастархони идона ороста шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 190 нафар кӯдакони ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Ҳамчунин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сангак Сафаров бо саҳми фаъолонаи соҳибкор Алишер Акрамов боз як бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ҳаштошёна буда, дорои таҳхона ва таваққуфгоҳ мебошад. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур маркази савдою хизматрасонӣ, тарабхона ва ошёнаҳои боқимондаро хонаҳои истиқоматӣ дар бар гирифта, бо харҷи 20 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ 80 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Корҳои сохтмониро ҶДММ «АР- СОХТМОН» ба зимма дошта, иншооти мазкурро бо сифати баланд бунëд намуд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ошёнаи якуми бинои навбунëд хатнасури 60 нафар кӯдакони нимятим ва аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуда, ба онҳо аз ҷониби Пешвои миллат туҳфаҳо тақдим карда шуд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, он аз ду ошёна, 6 ҳуҷраи корӣ, қабулгоҳ, толори маҷлисгоҳ, толори хурд, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2017 оғоз шуда, бо сифат баланд ба анҷом расидаанд. Утоқҳои корӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз буда, барои кормандон шароити муосири корӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 10 нафар фаъолият доранд, ки аксари онҳоро ҷавонони фаъол ташкил медиҳанд. Сокинон ва аъзои ҳизб бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд.
Зимни шиносоӣ аз шароити муҳайёшуда дар бинои мазкур Сарвари давлат ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд ва ба масъулон ҷиҳати ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароиди арзандаи корӣ ва фаъолияти пурсамар аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се мошини хизматӣ туҳфа карда шуд, ки онҳо ба кормондони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобу Леваканд ва ноҳияи Фархор пешбинӣ гардидаанд.


http://khovar.tj/

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин