Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди сангро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд 
  • 17:00 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд 
  • 16:58 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд 
  • 13:36 – Шакармамад Мирмаҳмадов Шоҳҷоизаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз Душанбе ба Бадахшон бурд 

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 45 ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 45 ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
11.09.2019 13:05, шаҳри Кӯлоб
Омӯзгорони муҳтарам ва фарзандони азиз!
Ба ҳамаи шумо ҷашни бузурги миллӣ – 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро, ки туҳфаи идонаи Ҳукумати мамлакат мебошад, самимона табрик мегӯям.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45, ки барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, аз чор бинои таълимӣ ва утоқҳои алоҳида аз фанҳои химия, физика, биология, технология, синфхонаҳои шоҳмот ва компютер, ҳуҷраи инкишофи кӯдак иборат мебошад ва бо таҷҳизоти таълимиву озмоишгоҳӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ҳамчунин, дар муассиса толори варзиш, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона бо толори хониш ва дигар биноҳои ёрирасон бунёд шудаанд, яъне барои фаъолияти босамари устодону омӯзгорон ва таҳсили хонандагон шароити беҳтарин муҳайё гардидааст.
Ба фаъолият оғоз кардани боз як даргоҳи илму маърифат дар рӯзҳои ҷашни бузурги миллӣ рамзи нек мебошад. Зеро ин муассиса метавонад фарзандонеро ба воя расонад, ки минбаъд барои пойдории истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва пешрафту ободии Ватани азизамон хизматҳои шоиста намоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти бузурги илму маориф дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ба ин соҳа афзалият дода, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузории онро мунтазам зиёд карда, тасмим дорад, ки ин корро дар оянда боз идома бахшад.
Дигар ин, ки ҳамасола шумораи аҳолии кишвар афзуда, маҳалҳои нави истиқоматӣ таъсис ёфта истодаанд, ки дар онҳо фароҳам овардани инфрасохтори иҷтимоӣ, алалхусус, бунёд намудани муассисаҳои таълимӣ ва пурра фаро гирифтани фарзандони сокинон ба таълиму тарбия аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021»-ро қабул намуд, ки тибқи он дар вилояти Хатлон 566 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 110 ҳазор ҷойи нишаст бунёд гардида, мактабҳое, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, вагонҳо, хонаҳои шахсӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, азнавсозӣ ва дар деҳаву маҳалҳое, ки навбунёд ҳастанд, муассисаҳои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб дар доираи татбиқи ин барнома 22 иншооти соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ барои 10 ҳазор нафар хонанда бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.
Ҳоло аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Зарқалъа, аз ҷониби соҳибкорон Ғуломов Абдухалил бунёди муассисаи таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чармгарон, Комилов Наврӯз сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 41 бо 240 ҷойи нишаст ва бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 деҳаи Корез барои 125 нафар хонанда бомаром идома дорад.
Худи ҳамин имрӯз мо баъди мулоқот бо шумо дар шаҳри Кӯлоб боз як муассисаи нави таълимӣ - мактаби рақами 43-ро ба истифода месупорем, ки дар он барои 1250 нафар хонанда шароити беҳтарини донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст.
Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ дар деҳаи Гулистон сохтмони муассисаи таълимӣ бо 240 ҷойи нишаст оғоз гардида, тибқи нақша дар доираи амалигардонии марҳалаи навбатии лоиҳаи сармоягузории давлатӣ боз 8 муассисаи таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ мегардад.
Бо вуҷуди душвориҳои иқтисодии солҳои пеш дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 34 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои 21 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо дастгирии соҳаи маорифро минбаъд низ идома дода, барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмин намудани фаъолияти аз ин ҳам пурсамари омӯзгорон чораҷӯӣ хоҳад кард.
Дар баробари ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб низ вазифадоранд амалигардонии барномаҳои давлатии соҳаи маорифро, ки ба дастгирӣ ва рушди соҳа нигаронида шудаанд, таъмин карда, дар доираи имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, ҷалби соҳибкорон ва дигар шахсони эҳсонкор барои бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таъмиру таҷдиди мактабҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб то ба ҳол қонеъкунанда нест.
Тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” дар шаҳри Кӯлоб бояд 13 муассисаи томактабӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ бунёд мегардид.
Вале то имрӯз ҳамагӣ як муассисаи томактабии хусусӣ таъсис ёфта, ягон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ бунёд нашудааст. Ҳамин гуна мушкилот дар татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» низ ба назар мерасад.
Тибқи талаботи барномаи мазкур соли 2018 бояд барои муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб 328 компютер ва дигар таҷҳизоти электронӣ харидорӣ карда мешуд. Лекин дар ин муддат ҳамагӣ 32 компютер харидорӣ шудааст, ки 10 фоизи нишондиҳандаи барномаи зикршударо ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Кӯлоб, инчунин, вазъи иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» низ нигаронкунанда мебошад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва ҷалби сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатии зикршуда чораҳои мушаххас андешанд.
Омӯзгорони муҳтарам!
Масъалаи дигаре, ки ман қариб дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои худ таъкид месозам, нокифоя будани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сифати таълиму тарбия мебошад.
Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои бадастовардаи хатмкардагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и шаҳри Кӯлоб дар се соли охир тамоюли болоравӣ дорад.
Масалан, аз шумораи умумии довталабони ин муассиса дар соли 2016 - 62 фоиз, соли 2017 – 66 фоиз ва соли 2018 - 73 фоиз сазовори номи донишҷӯ гардидаанд, ки боиси таҳсин аст.
Вале таҳлили холҳои миёнаи аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон дар солҳои 2016-2018 нишон медиҳад, ки нишондиҳандаи мазкур дар шаҳри Кӯлоб аз фанҳои математика, физика, химия, география, биология, таърих ва забони хориҷӣ нисбат ба довталабони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар паст мебошад.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, омӯзгорону масъулини соҳаи маориф ва падару модаронро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу таърихӣ, эҳтироми калонсолон ва дигар хислатҳои хуби инсонӣ тарбия кардани наврасону ҷавонон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Таҳлили вазъи соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб нишон медиҳад, ки дар раванди таълиму тарбия ва сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз як қатор камбудиву мушкилот ба назар мерасанд.
Ҳарчанд ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб шумораи омӯзгорони забонҳои англисӣ ва забони русӣ беш аз 600 нафарро ташкил медиҳад, аммо сатҳу сифати омӯзиши забонҳои хориҷӣ боиси нигаронӣ мебошад.
Натиҷаи санҷиши корҳои хаттӣ нишон медиҳад, ки сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз фанҳои забони англисӣ ва русӣ миёни хонандагони синфҳои 9 ва 11 мутаносибан 68 ва 78 фоиз мебошад.
Баргузории олимпиадаҳои фаннӣ яке аз роҳҳои ҳавасмандгардонии хонандагон ба донишомӯзӣ ва дарёфту рушди истеъдодҳо ба шумор меравад. Ҳарчанд ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб дар олимпиадаҳои фаннӣ торафт беҳтар гардида истодааст, вале ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Зеро соли таҳсили гузашта дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ 21 нафар хонанда аз шаҳри Кӯлоб ширкат карда, 6 нафар сазовори ҷойи сеюм гардида, ягон нафар ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб нашудааст. Зарур аст, ки аҳли маорифи шаҳр дар атрофи ин масъала ҷиддӣ кор кунанд.
Дар ин маврид мехоҳам як нуктаи дигарро таъкид намоям. Боиси қаноатмандист, ки дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вақтҳои охир таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва падару модарон ба донишомӯзии фарзандон торафт зиёд гардида, талоши падару модар ҷиҳати ба дасти омӯзгори ботаҷриба ва ба мактаби дорои шароити хуби таълиму тарбия супоридани тақдири фарзандон эҳсос карда мешавад.
Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо мебошад, ки дар шаҳри Кӯлоб сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон солҳои охир кам гардида, соли гузашта, дар маҷмӯъ, 5 ҳолат ё 40 фоиз кам ба қайд гирифта шудааст. Дар шашмоҳаи соли 2019-ум 17 ҳолати ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба ҳисоб гирифта шудааст, ки барои пешгирии минбаъдаи онҳо бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Устодону омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва аҳли ҷомеа ҷиҳати иҷро ва риояи минбаъдаи қонуни зикршуда чораҷӯӣ карда, барои ҷалби ҳарчи бештари фарзандон ба таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла маҳфилҳои омӯзишӣ, азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастии онҳо тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Фарзандони азиз!
Дар фарҷом ба ҳар яки шумо муроҷиат карда, хотирнишон месозам, ки ҳамаи кору пайкор ва заҳмату талошҳои мо барои таъмини зиндагии шоистаи шумо, фароҳам овардани шароити замонавӣ барои таҳсил ва муҳайё намудани имконияти мусоид ҷиҳати ҳамчун инсони комил ба воя расидани ҳар яки шумо равона карда шудааст.
Мо хуб эҳсос мекунем, ки наврасону ҷавонони замони истиқлолият бо Ватани маҳбуб ва миллати хеш ифтихор мекунанд ва умедворем, ки онҳо дар оянда ифтихори Ватан ва миллати худ хоҳанд шуд.
Барои ин зарур аст, ки шумо ҳар рӯзро самаранок истифода карда, илм омӯзед, соҳибкасб гардед, забонҳои хориҷиро азхуд кунед, ҳунарманд бошед, бо варзиш машғул шавед ва оянда бо заҳмату талошҳои созанда ва иқдому ташаббусҳои бунёдкорона диёри аҷдодии хешро обод ва парчами давлати тоҷиконро боз ҳам баландтар бардоред.
Эътимоди комил дорам, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти Кӯлоби бостонӣ минбаъд низ бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи қадимиву зебоманзари диёрамон бо азму иродаи қавӣ заҳмат мекашанд.
Бори дигар 28-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимиро ба ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва сокинони маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб табрик гуфта, ба хонандагон таҳсили хубу аъло ва ба ҳайати омӯзгорон дар фаъолияти пурмасъулияташон барори кор орзумандам.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 45 ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
11.09.2019 13:03, шаҳри Кӯлоб
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-ро, ки дар маҳаллаи Борбад ҷойгир аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби устодони ҷавони муассисаи таълимӣ суруди умумӣ дар васфи Ватан бо санъати воло иҷро карда шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни умумимилӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 45 аз 3 ошёна иборат буда, дорои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бо дар назардошти синфхонаҳои фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, биология, нуҷум, компютерӣ, таълими меҳнат, синфхонаҳои шоҳмот, ҳуҷраҳои инкишофи кӯдак, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзишӣ бо 60 ҷой, маҷлисгоҳ бо 220 ҷойи нишаст, ошхона бо 48 ҷой ва китобхона мебошад.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат аз шароити муассисаи мазкур ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаи таълимии мазкур як миқдор асбобҳои мусиқӣ тақдим карданд.
Ҳамчунин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 майдончаи ҳарбӣ барои гузаронидани омодагии ибтидоии ҳарбии хонандагон ва омӯзиши машқҳои ҳарбӣ бунёд ёфтааст.
Дар муассисаи таълимӣ буғхона мавҷуд аст, ки дар фасли зимистон тавассути он тамоми синфхонаҳо бо ангишт гарм карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Акнун баъди ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 45 дар шаҳри Кӯлоб мушкилоти ҷойи нишаст бартараф гардид.
Устодон ба ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Устодону хонандагони Муассисаи таълимӣ ифтитоҳи ин муассисаи наву замонавиро тӯҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

ИФТИТОҲИ КОЛЛЕҶИ ҶУМҲУРИЯВИИ САНЪАТИ БА НОМИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
11.09.2019 12:54, шаҳри Кӯлоб
11 сентябр дар кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилооъ дода шуд, бинои Коллеҷи санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз толори рақс, навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои коллеҷи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гарида, дар рафти сохтмони иншоот 30 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Бино дорои 15 синфхона буда, ҳар як синфхона бо айёнияти дарсӣ ва асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, донишҷӯёнро барои аз худ кардани нозукиҳои навозандагиву сарояндагӣ ҳидоят намуданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ ПЕРИНАТАЛӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
11.09.2019 13:10, шаҳри Кӯлоб
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бунёди ин марказ дар мамлакат нахустин буда, дар минтақа назир надорад.
Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун муассисаи таваллудии зинаи 3-юм ба шумор рафта, ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷавобгӯ мебошад. Иншооти мазкур дар назди Беморхонаи вилоятӣ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст.
Муассисаи тандурустӣ дорои шӯъбаҳои қабул, бахши кӯмаки фаврӣ, шуъбаи машваратию ташхисӣ, шуъбаи аворизҳои ҳомиладорӣ, шуъбаи бемориҳои занона, шуъбаи таваллуд, шуъбаи модар ва кӯдак, шуъбаи табобати интенсивӣ ва эҳёгарии навзодон, шуъбаи бемориҳои навзодон, шуъбаи ҷарроҳии навзодон, шуъбаи соматикии як ва ду кӯдакона, бахши озмоишӣ ва азхудкунии малакаҳои касбӣ буда, ба аҳолии 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хизмати баланди тиббӣ мерасонад.
Дар Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти муосири тиббӣ насб гардидааст, ки барои солимии модар ва кӯдак шурӯъ аз давраи хомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудааст.
Таҷҳизоти муосири тиббӣ иборат аз рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, таҷҳизот ва асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамон мебошанд.
Маркази мазкур дорои 106 кати хоб ва 225 утоқи кориву ҳуҷраҳои беморон аст ва дар он иншооти ёрирасон, аз ҷумла ошхона, системаи берунии барқ, шабакаи обрасонӣ бунёд гардидааст.
Барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни иншоот 40 адад камераи назоратӣ насб шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустии мамлакат моҳи апрели соли 2017 бевосита бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт. Ба кормандони ин муассисаи тандурустӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 мошин ёрии таъҷилӣ туҳфа карда шуд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба модар ва кӯдак расонида шуда, дар самти ҳифзи солимии модар ва кӯдак шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.


http://www.president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин