Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди сангро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд 
  • 17:00 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд 
  • 16:58 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд 
  • 13:36 – Шакармамад Мирмаҳмадов Шоҳҷоизаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз Душанбе ба Бадахшон бурд 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА БОЗДИД НАМУДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нахуст бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.
Дар ин ҷо корхонаҳои саноатии дар ҳудуди вилояти Хатлон мавҷуда маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба маъраз гузоштанд.
Танҳо дар 7 моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон 41 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси қариб 600 ҷойи корӣ ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 921 миллион сомонӣ расонида шуда, афзоиш дар сатҳи 110,5 % таъмин гардидааст.
Таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот сабаби ба шуғли доимӣ фаро гирифтани мардум ва бештар шудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти саноатӣ гардид. Оянда бунёду ба истифода додани иншооти нави саноатӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда марҳила ба марҳида амалӣ гардонида мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат масъулинро барои таъмини рушди аз ин ҳам бештари соҳаи саноат вазифадор намуданд.


ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ ШИРИ ҶДММ «ШИРИ ДАНҒАРА» БО ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Сипас дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз намуд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад.
Иншооти саноатӣ аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои мусоидат дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда изҳорӣ сипос намуданд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 25 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор фаро гирифта шуданд.
Ҳамзамон дар ҳамин ҷо нақшаҳои оянда барои васеъ намудани самти фаъолияти корхона ба муҳтарам Пешвои миллат муарифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки оянда аз тарафи соҳибкор фермаи чорвои калони шохдор бунёд карда мешавад. Бо ин мақсад 100 сар говҳои зотӣ ворид карда хоҳанд шуд.
Ҳамзамон бунёду ба истифода додани корхонаҳои хурди истеҳсоли яхмос, коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасиб ба нақша гирифта шудааст.
Тавре дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ гардидааст, гузаштан аз кишвари агро-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ яке аз ҳадафҳои аслӣ маҳсуб меёбад.
Ифтитоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» дар доираи татбиқи нишондодҳои ин ҳадафи стратегӣ сурат гирифта, барои саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат мекунад.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ ДАНҒАРАРО БА ИСТИФОДА ДОДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи идораи замини ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара сохторҳои зертобеи дар ноҳиябудаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд.
Иншоот аз панҷ ошёна иборат буда, дорои 24 утоқи корӣ, синфхонаи омӯзишӣ, утоқи истироҳатӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона, идораи бойгонӣ, ошхона, ҳуҷраи техникӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
Ҳамчунин ҷиҳати фароҳамсозии шароити арзандаи корӣ техникаву дастгоҳҳои муосир барои фаъолияти кормандон насб карда шудаанд.
Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара бо риояи унсурҳои хоси миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани кормандон бо неруи барқ трансформатори иқтидораш 16 кВ насб карда шудааст.
Дар баробари ин атрофи бино низ чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу бутта ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.
Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин ниҳоди мамлакат гардид.
Аснои ба истифода супоридани иншооти мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони сохторҳои таркибии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дар чунин шароити замонавӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии масъулияти бардӯшдошта ва дар сатҳи баланд ба мардум хизмат расонидан вазифадор карданд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «УМЕД»-РО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 7-уми шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Маркази хизматрасонии “Умед”-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази хизматрасонӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Қунғуротзода дар зарфи як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, тарабхона, ошхона, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағоза мебошад.
Асонои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми Маркази хизматрасонии мазкур мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ ва ҳаммоми замонавӣ бо пари буғӣ, тафсон ва ҳавзи оббозӣ, дар ошёнаи дуюм сартарошхона, кошонаи ҳусн, толори фурӯши либосҳои арӯсӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либосҳои мактабӣ ва миллӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ имрӯз 16 нафар занону бонувон ба кор ҷалб карда шудаанд, ки қаблан хонашин буданд.
Ифтитоҳи ин коргоҳи дӯзандагиро занону бонувон нишона аз татбиқи амалии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маънидод намуда, аз ин иқдоми созанда ва бунёдкорона изҳори сипосу минатдорӣ менамоянд.
Дар маҷмуъ бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонии “Умед” 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ошёнаи сеюми ин иншоот барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ гардида, имкон дорад дар як вақт ба 150 нафар хизмати баланд расонад ва дар дигар маврид дар ин қисмат ҳамчун ошхона барои аҳолӣ ва меҳмонон хизмат расонида мешавад.
Тарабхонаи ин Маркази хизматрасонии навбунёд бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, он дар муаррифии санъати баланди меъмории миллӣ ба меҳмонон, хосса сайёҳон замина мегузорад.
Бунёди ин иншооти хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, инчунин сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар ва ҳусни шаҳраки Данғара зебогии бештар касб намояд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба беш аз 70 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Данғара ва Ҳамадонӣ туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш кумаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Мояи хурсандӣ аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин Маркази муосири хизматрасонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати дар оянда низ анҷом додани чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияҳои муфид доданд.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РАМЗИ «ХӮШАИ ГАНДУМ»-РО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Хӯшаи гандум»-ро ифтитоҳ намуданд.
Сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад.
Дар қисми болоии рамз соли таъсис ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.
Ноҳияи Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешқадам мебошад. Ҳамасола аз заминҳои ҳосилхези ноҳияи Данғара ҳазорҳо тонна гандум истеҳсол карда мешаванд.
Маҳз ба ин хотир рамзи «Хӯшаи гандум» ба истифода дода шуд ва қомат афрохтани он дар даромадгоҳи ноҳия нишона аз фаровонии ин номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мебошад.
Рамзи «Хӯшаи гандум» дар даромадгоҳи ноҳияи Данғара бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо тарҳи ҷолиби диққат аз ҷониби меъморон ва сохтмончиёни маҳаллӣ дар як давраи кӯтоҳ сохта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро намунаи ибрат хонданд ва ифтитоҳи ин иншоотро дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳия маънидод намуданд.
Масоҳати умумии майдони рамзи «Хӯшаи гандум» ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он бо ниҳоли дарахтони хамешасабз ва гулу буттаҳо оро дода шудааст.
Атрофи майдони иншоотро дар шаб 30 адад чароғакҳои ранга равшанӣ мекунанд, ки ба атроф зебоии дигар зам менамоянд.
Дар заминаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳамзамон роҳи шафати рамзи «Хӯшаи гандум» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мутобиқ ба талаботи замон пурра таҷдиду навсозӣ ва як пули бо дарозии 18 ва паҳноии 13 метр сохта шудааст, ки иқтидори борбардории он 100 тоннаро ташкил медиҳад.
Тадбири мазкур дар самти ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт замина фароҳам меорад.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДРО ДАР ДЕҲОТИ ОҚСУИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
Дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллиро, ки деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳорро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дарозии роҳи мазкур 4 километр ва паҳноиаш 5 метрро ташкил дода, он дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов таъмиру навсозӣ гардидааст.
Барои анҷоми корҳои тахту ҳамворкунӣ, мустаҳкамкунии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ техникаву механизми роҳсозии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Данғара истифода шуда, сохтмончиён ба сифати масолеҳ ва иҷрои корҳои таъмирӣ аҳамияти махсус зоҳир намудаанд.
Сокинони маҳаллӣ, хосса ронандаҳо иброз медоранд, ки то ин вақт ҳаракат тавассути роҳи мазкур душвор сурат мегирифт ва дар заминаи асфалтпӯш гардидани он мушкили чандинсолаи онҳо осон шуд.
Иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллӣ, яъне таъмири пурра гардидани роҳи мошингарди деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳор ҳамчунин дар амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ замина гузошт. Корҳои таъмирӣ дар ин масир се моҳро фаро гирифта, дар ин давра қариб 30 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Роҳ дар доираи талаботи меъёрҳои муқарраргардида таъмир шудааст ва бо аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 110 километр роҳ навсозӣ гардида, дар зиёда аз 20 километр роҳи дигар корҳои таъмирӣ бо маром идома доранд.
Давоми 2 соли оянда аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов дар деҳаҳои деҳоти Пушинги ноҳия таъмиру навсозии боз 5,5 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ҳисобиданд ва ба дастандаркорон барои анҷоми чунин кори хайру савоб, инчунин саҳм гузоштан дар ободии мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара»-ро ифтитоҳ намуданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» — ро ифтитоҳ намуданд.
Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2019 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 таъсис дода шуда, он барои ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавонону наврасон ва инчунин сокинони бешуғли мамлакат ба ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет-технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи дараҷаи «С», монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, кафшергари газию барқӣ, дӯзанда, инчунин ошпаз-қаннод, калобаресӣ ва рангубордиҳӣ дар саноати субук ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Бинои муассиса бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов ва Абдусаттор Сафаров мутобиқ ба талаботи муосир пурра навсозӣ ва таъмир гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳаз карда шудааст.
Иншоот аз ду ошёна ва се қисм иборат буда, дорои 14 синфхона, утоқҳои корӣ, толори муосири варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Дар муассиса имкон аст дар як баст 300 хонанда ба таълим фаро гирифта шаванд ва дар он хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд. Дар назди ин муассисаи таълимӣ ҳамчунин курсҳои кӯтоҳмуддат амал мекунанд ва имкон аст шахсони бешуғ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Синфхонаҳои таълимию касбомӯзӣ бо аёнияти хониш ва инчунин дастгоҳҳои зарурӣ, аз қабили муҳаррик ва ҷузъҳои автомобил, таҷҳизоти барқию газӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, компютер ва дигар лавозимот таъмин буда, дар онҳо беҳтарин шароити касбу ҳунаромӯзӣ муҳайё мебошад.
Инчунин дар муассиса озмоишгоҳҳои фаннӣ амал мекунанд, ки ҳар кадоми он бо дастгоҳу таҷҳизоти ташхисӣ таъмин карда шудааст.
Дар ин муассисаи таълимӣ ҷавонону наврасон ва инчунин нафарони калонсоли бешуғл аз ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкон доранд таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар гарданд. Барои сокинони шаҳру ноҳияҳои дурдаст дар назди муассиса хобгоҳи наву замонавӣ бунёд карда шудааст. Хобгоҳ аз 10 ҳуҷраи хоб ва инчунин утоқу иншооти дигар иборат буда, он барои писарону духтарон пешбинӣ гардидааст.
Зимни суҳбат бо масъулону омӯзгорони муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва аҳамият зоҳир намудан ба сифати таълимро муҳим ва ҳатмӣ шумориданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БАҲОРИСТОН» ДАР ДЕҲОТИ ОҚСУИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА БОЗДИД НАМУДАНД
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдони кишоварзии хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» -и деҳоти Оқсу дидан намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.
Хоҷагии мазкур дорои 6,67 гектар замини обӣ буда, дар 6 гектари он пахта кишт карда шудааст. Дар боқимонда заминҳо хоҷагидорон дигар навъи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла дар майдони 0,32 гектар сабзавот, 0,15 гектар картошка ва дар масоҳати 0,20 гектар зироати полезӣ кишт намудаанд.
Тавре маълум гардид, нашъунамои ниҳоли пахта дар хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» хуб буда, аз рӯи нишондоди олимони соҳа ҳосилнокии он ба беш аз 40 сентнер хоҳад расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашъунамо ва ҳосилнокии пахта дар ин хоҷагӣ баҳои баланд дода, хоҷагидоронро дар оянда низ ба меҳнати ҳалол ва риояи пайвастаи талаботи муқарраргардида ҳидоят намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки пахтаи навъи Хуҷанд — 67 ба иқлими ноҳияи Данғара, аз ҷумла заминҳои хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» мувофиқ буда, дар ин майдон ҳамасола аз ин навъ кишт карда мешавад.
Дигар хоҷагидорони деҳоти Оқсу низ таҷрибаи бойи пахтакорӣ доранд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки майдони пахтазори деҳот соли равон ба беш аз 950 гектар расонида шудааст.
Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Баҳристон» дар кишту парвариши дигар навъи зироат низ таҷрибаи ғанӣ дошта, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҳудуди хоҷагӣ то имрӯз картошка, пиёз ва дигар навъҳои сабзавот ҷамъоварӣ шуда, дар заминҳои холигардида кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Мавриди зикри хос аст, ки хоҷагидорон дар заминҳои кишоварзӣ кишти 3-юмро низ таҷриба гузаронида, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд. Имсол кишоварзони хоҷагӣ аз майдони 0,15 гектар картошка ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он помидор кишт намудаанд. Баъди ҷамъоварии ҳосили помидор дар ин масоҳат кишти пиёз гузаронида шудааст ва аз он низ ҳосили хуб ба даст хоҳад омад.
Дар ҳудуди хоҷагӣ ҳамчунин 150 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад ва ҳамасола занбӯрпарварон асали хушсифат ба даст меоранд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби сокинони меҳнатдӯсти деҳоти Оқсу намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд, ки аз он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.
Дар ҳудуди деҳоти Оқсу 3491 гектар замини корам, аз ҷумла 1970 гектар корами обӣ ва инчунин 907 гектар боғ мавҷуд аст. Дар заминҳои кишоварзӣ сокинон қариб ҳама намуди зироатро кишту парвариш намуда, ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд. Онҳо бо риояи талаботи коидаҳои агротехникӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, инчунин содироти он ба хориҷи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Имсол аз деҳоти Оқсу ба миқдори 500 тонна маҳсулот ба хориҷа содир карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 150 тонна зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ кишоварзон, дар маҷмӯъ сокинони деҳоти Оқсу номгӯи гуногуни ҳосили зироати кишоварзӣ, аз қабили ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ ва ғайраро ба маъраз гузоштанд. Фаровонӣ ва сифати баланди маҳсулоти дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошташударо Сарвари давлат натиҷаи меҳнати ҳалол, истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва малакаи баланди касбии кишоварзон маънидод намуданд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ ВА БОЗИИ КӮДАКОНАРО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
12 сентябр дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак майдончаҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд шуда, дар самти ободии ин гӯшаи диёр саҳми муносиб гузошт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, ба иқдоми сокинони саховатпешаи ноҳияи Данғара баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёди қариб 300 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва танҳо оилаи Гуловҳо иқдом пеш гирифтаанд, ки 4 адад иншоот, аз қабили майдончаҳои муосири варзиширо ба сокинони ноҳия тақдим намоянд.
Майдончаи варзишӣ, ки ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои муосир бунёд шудааст, барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, баргузории бозиҳои кӯдакона, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва ташкили машғулиятҳои дастаҳои варзиш нигаронида шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити машқу тамрин ва бозиҳои варзишӣ дар ин ҷо ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили велосипед, тӯбҳои чармии футбол ва бозичаҳои кӯдакона тақдим намуданд.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин