Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:03 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид» 
  • 11:56 – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 09:41 – Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 09:38 – САММИТИ ИДМ ДАР АШҚОБОД. МУЛОҚОТ ДАР ҲАЙАТИ МАҲДУД ОҒОЗ ГАРДИД: иттилоъ дода мешавад, ки сарони давлатҳо дар ин шакли ҳамоиш масъалаҳои муҳимро баррасӣ менамоянд 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия Сарвари давлатро сокинони касбу кори гуногун бо самимияти хосса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.
Барномаи рангини консертии шуъбаи фарҳанги ноҳия, ки бозгӯкунандаи меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми Файзобод нисбат ба Пешвои муаззами миллат мебошад, бо маҳорати баланди эҷодӣ ва бисёр ҷолибу диданӣ баргузор карда шуд.
Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳияи Файзобод ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқот бо сокинон ва шинос шудан бо вазъи зиндагии онҳо мебошад.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ НАМОИШГОҲИ ДАСТОВАРДҲОИ КИШОВАРЗОН ВА НАШЪУНАМОИ НИҲОЛ ДАР НИҲОЛХОНАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ХАЙРИДДИН»-И НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДИДАН НАМУДАНД
Дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Файзобод дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонию инфиродӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва сокинони меҳнатдӯсти ноҳия маҳсули меҳнати хешро ба маъраз гузоштанд. Раста ва манораҳои пур, фаровонии маҳсулот, ҳосили зироати ғалладонагиҳо, сабзавот, полезиҳо, картошка, мевагиҳо ва дигар номгӯи ҳосили зироати кишоварзӣ дар ин намоишгоҳ самараи меҳнати пайваста, истифодаи самараноку оқилонаи обу замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз ҷониби хоҷагидорони ноҳияи Файзобод мебошад.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Файзобод дар масоҳати қариб 7 ҳазор гектар кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, дар майдони 2500 гектар ғалладонагиҳо, 700 гектар сабзавот, 820 гектар картошка, 1000 гектар зироати техникӣ ва инчунин кишти зироати хӯроки чорво гузаронида шудааст.
Баъди ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладонагӣ, картошка ва қисман сабзавоту полезӣ кишоварзон дар майдони 83 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд. Тибқи нишондоди масъулони соҳаи кишоварзӣ, майдони боғу токзор дар ноҳия 5970 гектар мебошад, ки аз ин 4500 гектараш боғи себ аст. Танҳо давоми 2 соли охир дар ноҳия қариб 650 гектар боғи нав бунёд карда шудааст.
Пешвои миллат ба себи Файзобод, ки аз лиҳози тамъ назир надорад, таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои истифодаи самараноки имконоти мавҷуда, боз ҳам зиёд намудани масоҳати себзор, дар ин замина таъмини бозори дохилӣ бо себи хушсифт ва ҳамчунин афзоиш бахшидани ҳаҷми содироти он ба хориҷи мамлакат масъулонро вазифадор карданд.
Дар ноҳияи Файзобод, ки барои боғпарварӣ иқлими мусоид мавҷуд мебошад, беш аз 10 навъи себ парвариш меёбад.
Дар намоишгоҳ сокинони ноҳияи Файзобод ҳама намуди ҳосили зироати кишоварзиро ба маъраз гузоштанд ва фаровонию сифатнокии маҳсулот аз меҳнати пайвастаи мардуми меҳнатдӯсти ин минтақаи хушобу ҳавои мамлакат маънидод гардид.
Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ниҳолхонаи навбунёди хоҷагии ниҳолпарварии «Хайриддин» дидан намуданд. Ба иттилои хоҷагидорон, дар ин ниҳолхона, ки майдони 1,5 гектарро ташкил медиҳад, 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони 4-солаи ороишӣ шинонида шудааст. Ниҳоли дарахтони ороишии можжевелник, санавбари элдарӣ, сарви шарқӣ ва сарвинози аризониро хоҷагидорон аз шаҳри Ваҳдат дастрас намудаанд. Ғайр аз ин дар ин ҷо 5 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи 2-сола, аз қабили себ, олу, олучаи пайвандӣ, гелос ва ғайра парвариш карда мешаванд. Мақсад аз таъсиси ниҳолхона дар ин мавзеъ таъмин намудани ноҳия бо ниҳоли дарахтони ороишӣ ва инчунин хоҷагиҳои боғпарвари мамлакат бо ниҳоли дарахтони мевадиҳанда мебошад.
Хоҷагии ниҳолпарварии «Хайриддин» дар ин мавзеъ дорои боз 0,5 гектар замин мебошад, ки дар 0,25 садяки он чуворимакка барои дон ва дар боқимонда картошка ва помидору нахӯд кишт гардидааст. Баъди ҷамъоварии ҳосили картошка ва нахӯд хоҷагидорон дар ин ҷо мош кишт намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашъунамои ниҳол ва инчунин навъҳои гуногуни зироати кишоварзиро дар хоҷагии деҳқонии «Хайриддин» мувофиқи матлаб дониста, масъулонро барои васеъ намудани масоҳати ниҳолхона ва зиёд кардани номгӯи ниҳоли дарахтони ороишию мевадиҳанда ҳидоят намуданд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 2 МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИРО ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ИФТИТОҲ НАМУДАНД
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод, нахуст дар маркази ноҳия ду майдончаи варзишӣ ва маркази хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ҷамшед Ғаффоров бунёд гардида, аз ду майдончаи универсалӣ ва ҳуҷраҳои ивази либос, мағоза ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Атрофи иншоотро дарахтони сояафкану ҳамешасабз зинат бахшидаанд. Дарозӣ ва паҳноии ҳар як майдонча 40 ба 20 метр буда, он тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон ҳидоят намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар деҳот ва маркази ноҳияи Файзобод айни замон беш аз 70 майдончаи варзишӣ ва 30 толори тамрин фаъолият менамоянд. Маҳз ҳамин шароити созгор сабаб шудааст, ки дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ беҳтар гардад.
Ҳамчунин дар шафати иншооти варзишӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маркази хизматрасониро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидаанд, ифтитоҳ карданд.
Иншооти мазкур дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, дар маҷмӯъ беш аз 35 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки ҳар як иншоот аз 4 ошёнаи бисёрфунксионалӣ иборат буда, қабати якуми биноҳо аз марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, сехи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти тайёр, толори арӯсӣ ва кошонаи ҳусн иборат мебошад. Қабатҳои болоии бино ҳамчун хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки корҳои созандагӣ дар иншооти номбурда дар муҳлати кӯтоҳ анҷом ёфта, беш аз 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ аз ҳисоби мутахассисону меъморони ботаҷриба ба кор ҷалб гардиданд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат ба ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки ба василаи чунин марказҳои хизматрасонӣ метавон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин самт мусоидат намуд.
Тибқи иттилои масъулин, дар ноҳияи Файзобод то истиқболи ҷашни сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш 500 иншооти таъйиноти гуногун дар назар дошта шудааст. Ин дар навбати худ ба таъмини беҳтари аҳолӣ бо ҷойи кор ва маош мусоидат хоҳад кард.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ БУНЁДИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД САНГИ АСОС ГУЗОШТАНД
20 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз бахшиданд.
Мувофиқи лоиҳа бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод сеошёна буда, он бо дарназардошти набудани шароити мувофиқу муосири фаъолият барои кормандони соҳаи маориф сохта мешавад.
Дар бинои шуъбаи маориф утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 80 ҷой ва ҳуҷраҳои хоб ҷойгир карда мешаванд. Бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд карда мешавад.
Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қитъаи замин дар масоҳати 0,30 га ҷудо карда шудааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин мегарданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ба масъулон ва сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд бунёд кардани иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки рушди бонизоми соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳа тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.
Дар маркази ноҳияи Файзобод сохтани бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия аз дастгириву таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва муҳайё кардани шароити муосир шаҳодат медиҳад. Баробари ба истифода додани бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия дар оянда барои кормандон шароити созгори фаъолият фароҳам оварда шуда, ин омил дар пешрафти кори соҳа заминаи мусоид мегузорад.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НАЗДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ГУЛЧАНБАР ГУЗОШТАНД

Дар маркази ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар назди Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод гулгашти зебою замонавӣ сохта шуда, Нишони давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллӣ қомат афрохтааст.
Бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия аз таърихи пурғановати халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад ва эҳсоси баланди ватандориву худшиносии ҳар як фарди шарафманд ва бонанги ноҳияро бедор месозад.
Ҷиҳати ободу зебо гардондани маркази ноҳия ва ба макони дилписанд барои сайру гашти сокинон табдил додани гулгашт дар роҳравҳо, атроф ва назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои ҳамешасабз шинонида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ аз гулгашт ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба шаҳраки зебою замонавӣ табдил додани маркази ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марказ ва деҳоти ноҳияи Файзобод ободу зебо гардида, бо бунёд ёфтани биноҳои баландошёна ва дигар иншооти маъмурию маишӣ маркази ноҳия ба шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст.
Ҳамарӯза сокинони ноҳияи Файзобод ба сайру гашт баромада, шомгоҳон дар фазои орому осуда истироҳат менамоянд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ НАМОИШГОҲИ ДАСТОВАРДҲОИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД БОЗДИД НАМУДАНД
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои истеҳсолӣ боздид намуданд.
Дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияи Файзобод имсол дар ҳама бахшу соҳаҳо, аз ҷумла, боғдорӣ, зироаткорию сабзавоткорӣ, чорводориву парандапарварӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти тару тозаи табиӣ назаррас буда, деҳқонони асил бо тавлиди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ ва фаровонии дастархони сокинони ноҳия ва ҷумҳурӣ саҳми босазо доранд.
Корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи умумии 22 миллиону 258 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард карда, барои фурӯш ба бозори истеъмолӣ пешниҳод намудаанд.
Аснои шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияи Файзобод Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону хоҷагидорон дар самти истифодаи босамари замин, истеҳсоли молу маҳсулоти босифати ватанӣ, ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва коркарди он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод дар баробари ҳифзи олами бойи ҳайвоноту набототи нодир инчунин дар самти бунёд, барқарорсозӣ ва нигоҳубини ҷангалзор фаъолияти назаррас дошта, дар намоишгоҳ дастовардҳои худро пешниҳод намуданд. Гӯшаи дастовардҳои ин ниҳодро намунаҳо аз меваҳои тухмдору донакдор, хушкмева, чормағз, бодоми талх, хуч, ғалладонагиҳо ва гиёҳҳои шифобахш дар бар мегирад. Кормандони муассисаи мазкур дар мавсими имсола 300 кило гулу гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар ноҳия дар баробари рушди бахшҳои соҳаи кошоварзӣ парвариши занбӯри асал низ васеъ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли асал нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб афзун карда мешавад. Дар ҳашт моҳи соли равон аз 7 ҳазору 705 оилаи занбӯри асал 62 тонна маҳсулоти тозаи табиӣ истеҳсол гардидааст. Яке аз хоҷагиҳои занбӯриасалпарвари ноҳия- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳоҷӣ Шариф” мебошад, ки соли 2004 таъсис ёфта, танҳо тӯли ду соли охир 12 тонна асали хушсифат истеҳсол кардааст.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти нонӣ, аз қабили кулчаю қалама, чапотӣ, фатири гардхел, чор навъи нони армуғонӣ ва дигар намуди маҳсулоти нонӣ пешниҳод гардид, ки аз ҳунару маҳорати баланди кадбонуҳои заҳматпешаи ноҳияи Файзобод мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ бо дастовардҳои меҳнатии аҳли заҳмати ноҳияи Файзобод шиносоӣ пайдо карда, барои афзун намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи ватани азизамон ба сокинони меҳнатқарини ноҳия ҳидоятҳои судманд доданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТОЛОРИ ВАРЗИШИРО ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ИФТИТОҲ НАМУДАНД
20 сентябр пас аз шиносоӣ бо намоишгоҳи дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо, ки дар маркази ноҳия бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.
Дар назди толори варзишии навбунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманду сарфарози ноҳия бо рӯҳияи болидаву самимияти беандоза ва садоқати бепоён ба Пешвои муаззаму маҳбуби худ истиқбол гирифтанд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки толори варзишӣ зиёда аз 400 ҷойи нишаст дорад ва асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.
Иншооти мазкур бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Дар толори варзишӣ ду ҳуҷраи барҳавои ивази либос, ду ҳаммом бо ҷойгиршавии 6 нуқтаи оббозӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд. Бо мақсади таъмини гармӣ дар мавсими сармо дохили иншоот пурра бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки тариқи неруи барқ фаъолият мекунад, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Илова бар ин дар иншооти варзишӣ системаи ҳавотозакунӣ васлу насб гардидааст, ки барои муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили толор нақши муҳим мебозад. Толори варзишӣ дар шафати Варзишгоҳи марказии ноҳия бунёд шуда, масоҳати умумии бино 957,3 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар самти ободу зебо ва хуррамгардонӣ саҳн ва атрофи иншоот сабзазор буда, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шудаанд. Ҳамчунин барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни толори варзишӣ 8 адад камераҳои назоратӣ насб гардидаанд.
Бо бунёд шудани иншооти замонавии солимгардонӣ шароити арзанда барои баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам гардид. Акнун насли наврасу ҷавони ноҳия имкон доранд, ки дар вақтҳои озод аз омӯзиши барномаҳои таълимӣ ба машқ машғул шаванд ва аз имконияти муҳайёгардида босамар истифода баранд.
Ҳадаф аз бунёди чунин толорҳои муосири варзишӣ дар миқёси мамлакат бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошад.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 64-РО ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-ро, ки бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, муассисаи мазкур дар деҳаи Саричашмаи деҳоти «Ҷавонон» аз ҷониби оилаи Худоёрзодаҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд гардида, дорои 640 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ давоми 1 сол бунёд ёфта, аз як ошёна иборат мебошад.
Дар муассисаи таълимӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таҳсилот, ҳамаи 9 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Илова ба ин, дар дохили муассисаи таълимӣ барои кӯдакони аз 5 то 7-сола Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дорои тамоми шароити таълиму тарбия мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур 32 нафар омӯзгорони ноҳия, аз ҷумла 22 зан бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар ҳудуди иншоот майдончаи бозии футбол ва волейбол сохта шудааст. Ҳамчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои тамрини хонандагон бо насби лавозимоти варзишӣ беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур хонандагони синфҳои болоӣ имконият пайдо карданд, ки дар ҷойи муносиб дар дарсҳои тайёрии ҳарбӣ иштирок намоянд.
Зимни боздид Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро беҳтарин туҳфа ба хонандагон ва омӯзгорони ноҳияи Файзобод арзёбӣ карданд. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат аз кормандони соҳаи маорифи ноҳия даъват ба амал оварданд, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи насли ояндасози кишвар ва рушди соҳаи маориф саҳми арзанда гузоранд.
Бо хотири зебо намудани Муассисаи мазкур дар атрофи мактаб дарахтони ороишиву сояафкан ва 3 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЯТИМОН ВА МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ТУҲФАҲО ТАҚДИМ НАМУДАНД
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод бо як гурӯҳ ятимони кулл ва маъюбони ноҳия мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст наврасону ҷавонони бо амри тақдир аз падару модар маҳрумгаштаро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ ва ободу зебо кардани ин сарзамин ҳидоят намуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 32 нафар ятими кулл аз 9 ҷамоати ноҳияи Файзобод туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Ин иқдоми башардӯстонаи Сарвари ғамхору дилсӯзи миллат сабаби шодиву хурсандии наврасон гардид.
Инчунин дар вазъияти тантанавӣ ба ду нафар маъюб аз оилаҳои камбизоат калиди хона супорида шуд. Хонаҳои истиқоматӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки ноҳияи Файзобод сохта шуда, аз ду ҳуҷра иборатанд ва дорои беҳтарин шароити зиндагӣ мебошанд.
Дар ҳузури Сарвари давлат ҳамчунин ақди никоҳи як ҷуфт ҷавон, ки як нафараш ятими кулл мебошад, ба расмият дароварда шуд. Дар вазъияти тантанавӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони хушбахт шаҳодатномаи ақди никоҳро тақдим намуда, ба онҳо зиндагии хушу пурсаодат орзу карданд.
Дар охир Пешвои муаззами миллат аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат таҳсил намоянд, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд. Дар тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Дар ин рӯз ҳамчунин аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 300 оилаи ноҳияи Файзобод кумаки моддӣ расонида шуд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД БИНОИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод бинои Хадамоти давлатии оташнишониро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот бо ду ошёна ва тарҳу намои хуб ба ифтихори истиқболи шоиста аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Бинои тозабунёди Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо сатҳу сифати баланд мавриди истифода қарор дода шуд. Рафтуомади бемамониати кормандон ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба сохтор ба инобат гирифта шуда, саҳни бино пурра асфалтпӯш гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити фаъолият дар бинои мазкур ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дорои 4 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи барҳаво барои 35 ҷойи нишаст, ошхона, синфхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаҳои таълимӣ ва мошинсарой бо ҷойгиршавии се нақлиёти оташнишонӣ мебошад. Дар ҳуҷраи алоқа харита ва муҳимтарин воситаҳои алоқа насб карда шудаанд, ки фаъолияти ниҳоди мазкурро дар самти пешгирӣ ва ҳарчӣ зудтар бартараф намудани ҳолатҳои сӯхтор беҳбудӣ мебахшад. Феълан дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар баробари мавҷудияти таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ 2 адад воситаи нақлиёти дар ҳолати хуб фаъолияткунанда мавҷуд мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам хубтар роҳандозӣ намудани фаъолияти корӣ ба кормандони Хадамот як адад воситаи нақлиёти оташнишонии ҳозиразамон тақдим намуданд.
Дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Файзобод барои пешбурди фаъолияти корӣ беҳтарин шароит муҳайё карда шудааст. Ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунанда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ ва андешидани тадбирҳои судманд дар самти беҳбудӣ бахшидани кори соҳа изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки дар ҳама вазъу ҳолат ба нафъи миллату ҷомеа хизмати содиқонаву софдилона мекунанд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ БУНЁДИ «ШАҲРАКИ СОМОНИЁН» ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД САНГИ АСОС ГУЗОШТАНД
20 сентябр дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди шаҳраки “Сомониён” санги асос гузоштанд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи лоиҳаи сохтмони шаҳраки муосир шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди шаҳраки замонавӣ 30 гектар замин ҷудо карда шудааст ва дар ин ҷо барои 65 оила манзилҳои истиқоматӣ ва тамоми инфрасохтори зарурӣ сохта мешавад.
Лоиҳаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “МК Иншоот” Манучеҳр Каримзода амалӣ мегардад.
Дар ин ҷо майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, мактаб барои хонандагони лаёқатманд бо 520 ҷой дар ду баст, боғчаи кӯдакона барои 200 нафар, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ, гулгашт, ҳавзҳои шиноварӣ, идораҳои маъмурӣ, маркази ҷамъиятии маҳаллӣ, коргоҳҳои хурди саноатӣ, корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ, инчунин дигар иншооти таъйиноти гуногун сохта мешаванд.
Аз рӯи иттилои соҳибкорон дар рафти сохтмони шаҳраки нав беш аз 400 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Барои бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва дар асоси нақшаи генералии ноҳияи Файзобод бунёд кардани шаҳрак, лоиҳа аз тарафи мутахассисони ботаҷриба ва лоиҳасозони ҷумҳурӣ тарҳрезӣ шудааст.
Дар ҷараёни бунёди иншооти шаҳраки Сомониён соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дастаҷамъона камари ҳиммат мебанданд.
Бунёди шаҳрак барои соҳибкорон имконоти васеъро фароҳам овардааст ва онҳо метавонанд баҳри ташкили дилхоҳ маркази тиҷоратию хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз он самаранок истифода баранд.
Амалӣ шудани лоиҳаи бунёди шаҳраки Сомониён дар солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин иқдом аст, зеро ин тадбир барои ободонии як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дигар иқдомҳои созандаи Ҳукумати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Каримзода ҳамчунин дар ноҳияи Файзобод сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ оғоз гардидааст, ки бунёди он барои рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ва гузоштани санги асос ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, ба онҳо дар роҳи татбиқи ин ҳадаф барору комёбӣ орзу карданд.
/АМИТ «Ховар»/.


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин