Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:03 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид» 
  • 11:56 – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 09:41 – Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 09:38 – САММИТИ ИДМ ДАР АШҚОБОД. МУЛОҚОТ ДАР ҲАЙАТИ МАҲДУД ОҒОЗ ГАРДИД: иттилоъ дода мешавад, ки сарони давлатҳо дар ин шакли ҳамоиш масъалаҳои муҳимро баррасӣ менамоянд 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Файзобод мулоқот намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Файзобод мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону сокинон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо солгарди 28- уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, ба онҳо барои пазироии гарм ва ҷонибдории сиёсати созандаи ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.
Президенти мамлакат бо таҳлили вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъкид доштанд, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат, заҳмати мардуми шарафманди ноҳия ва саъю кӯшиши соҳибкорону шахсони саховатпеша даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, симои ноҳияи Файзобод хеле дигаргун ва садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар доираи рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои мамлакат, бо мақсади таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Файзобод давоми солҳои истиқлол аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 445 миллион сомонӣ равона кардааст. Илова бар ин, дар доираи панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 300 миллион сомонӣ вазъи инфрасохтори ноҳия хеле беҳтар карда шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳия ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии он “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2016-2020” бо фарогирии 158 лоиҳа ба маблағи 269 миллион сомонӣ қабул гардид.
Дар ноҳия тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 — солагии истиқлоли давлатӣ бояд 352 иншоот сохта ва навсозӣ карда шаванд. То имрӯз 117 иншооту биноҳо бунёд шуда, ба масофаи беш аз 8 километр роҳҳои дохилӣ таъмиру барқарор ва 6 километр хатти интиқоли оби нӯшокӣ сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар асоси таҳлили иқтидорҳои мавҷуда масъалаи таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонро ҳамаҷониба баррасӣ карда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ба таври васеъ ба роҳ монанд.
Супоришҳои дигар ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳаҳои маорифу тандурустӣ бобати беҳтар кардани шароити хизматрасонии тиббӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумат, амалисозии барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои дар нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии истиқлолият нишондодашуда сабаби рушду пешрафти ноҳия, таъсиси ҳазорҳо ҷои корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Файзобод, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, ба Сарвари давлат барои талошҳову тадбирҳои созанда изҳори сипос намуданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин