Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:39 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро ба ҳузур пазируфтанд 
  • 11:26 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд 
  • 11:04 – Суҳбати сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон 
  • 11:05 – Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле 

TDN: Президентҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ҷанбаҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд

TDN: Президентҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ҷанбаҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 11.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар карданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон (TDN) хабар медиҳад, дар Ашқобод мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баргузор гардид.
Сарони давлатҳои дӯст бо табодули шодбошиҳои самимӣ аз имконияти муҳокимаи дурнамои ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, пешрафти батадриҷи муколамаи Туркманистону Тоҷикистонро зикр намуданд.
Зимни мулоқот Президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов самтҳои афзалиятноки ҳамкории байнидавлатиро баррасӣ карданд. Ҳамзамон зарурати густариш додани шарикии тиҷоративу иқтисодӣ таъкид карда шуд.
Ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия, ки ба мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ ва имкониятҳои транзитии дудавлат вобаста аст, мавзӯи алоҳидаи муҳокима буд. Ҷонибҳо инчунин ба тақвияти равобит дар соҳаи гуманитарӣ изҳори ҷонибдорӣ карданд.
Зимни мулоқот ҳамчунин доир ба як зумра масоили сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин замина Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои созандаи Туркманистонро, ки ба ҳадафҳои таъмини сулҳ, амният ва шукуфоӣ дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, комилан дастгирӣ менамояд.
Дар фарҷоми мулоқот Президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов изҳори итминон намуданд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бомаром рушд хоҳанд кард.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин