Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:39 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро ба ҳузур пазируфтанд 
  • 11:26 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд 
  • 11:04 – Суҳбати сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон 
  • 11:05 – Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 14.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахши саноат, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, дарёфти роҳҳои нави рушди саноат ва мусоидат кардан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни мулоқот бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳаи саноат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар амал ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаҳо, барномаҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ суханронӣ карда, барои рушду пешрафти ҷумҳурӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ватанию ивазкунандаи воридот, ба шуғл фаро гирифтани сокинон ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбута дастуру супоришҳо доданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ соҳибкорон, саноатчиёни ҷумҳурӣ бо таклифу пешниҳодҳо сухан гуфта, барои таъмини фазои созгори фаъолияти истеҳсолӣ, пешниҳоди имтиёзҳо, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дигар тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос намуданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин