Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:39 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро ба ҳузур пазируфтанд 
  • 11:26 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд 
  • 11:04 – Суҳбати сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон 
  • 11:05 – Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони таъминоти ақибгоҳӣ ва молияи сохторҳои низомӣ ва Агентии таъминоти амволи махсус иштирок доштанд.
Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастоварду камбудиҳо дар ин самт ибрози ақида намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки шароити пуртазоди замони муосир тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳолати доимии омодабошии ҷангӣ қарор дошта бошанд. Аз ҳамин сабаб таъминоти сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо силоҳу муҳимоти ҳозиразамон, сару либос, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводу маҳсулот аҳамияти хосса касб мекунад.
Ҳукумати мамлакат барои таъминоти моддии хизматчиёни ҳарбӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, тасмим дорад, ки дар ин самт минбаъд низ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ созад. Ҳамасола аз буҷети давлат бо ин мақсад маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуда, таъминот бо сару либос ва хӯрокворӣ беҳтар гашта истодааст. Ҳамзамон барои беҳтар намудани шароити хизмат инфрасохтори зарурӣ истифода супорида мешаванд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки ақибгоҳ сохтори муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб рафта, сари вақт таъмин кардани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ бо маводи ғизоӣ, амволи шайъӣ, сӯзишворӣ ва техникаву таҷҳизот вазифаи асосии он ба шумор меравад. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани кор дар ин ниҳод имрӯз сатҳи таъминнокии Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гашта, барои сарбозону афсарон шароити мусоиди хизмат фароҳам оварда шудааст.
Барои таъмин кардани сарбозону афсарон бо сару либос ва пойафзоли худӣ дар назди Вазорати мудофиа ва Агентии таъминоти амволи махсус корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ фаъолият менамоянд, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ва қонеъ намудани талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ мусоидат мекунанд.
Инчунин ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани ҷузъу томҳои низомӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудаанд, ки онҳо барои бо сабзавоту мева ва гӯшту шир таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ нақши муҳим доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои низомӣ барои ташкили коргоҳҳо миннатдории худро баён карда, боз ҳам тақвият бахшидани корҳоро дар ин самт тақозо намуданд.
Дар охир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ба камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта, аз ҷумла, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, беҳсозии шароити нигоҳдории молу маҳсулот, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ ва коррупсионӣ ҷалб намуда, ҷиҳати бартарафсозии онҳо ва беҳтар кардани таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ дастурҳои мушаххас доданд.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин