Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:39 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро ба ҳузур пазируфтанд 
  • 11:26 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд 
  • 11:04 – Суҳбати сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон 
  • 11:05 – Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат бо кадрҳои ин ниҳодҳои давлатӣ Пешвои миллат асосан оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод Воҳид, ки то имрӯз ба ҳайси Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд, ба вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, сардорони шуъбаҳои рақами 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, шуъбаҳои якуму дуюм дар ноҳияи Сино ва шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамчунин ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Балҷувон, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Дӯстии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат таъйин гардиданд.
Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумат — рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба роҳбарону масъулини сохторҳои таъминкунандаи амнияту тартибот супоришҳои машаххас дода, таъкид намуданд, ки тарбияи кадрҳои ҷавону умедбахш вазифаи асосии ҳар як роҳбар ба ҳисоб меравад.
«Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат, шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб, бахусус зӯроварӣ ва ришваситонӣ аз масъалаҳоеанд, ки бояд дар ин самт муборизаро пурзӯр намуд»,-таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин