Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:39 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро ба ҳузур пазируфтанд 
  • 11:26 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд 
  • 11:04 – Суҳбати сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон 
  • 11:05 – Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дархости роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Президенти ин радио Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфтанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дархости роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Президенти ин радио Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфтанд

7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дархости роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Президенти ин радио Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар мамлакат аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таъкид гардид, ки хабарҳо доир ба қатъи фаъолияти Радиои Озодӣ дурӯғи маҳз аст ва имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар кормандони он ба қайд гирифта шуда, озодона фаъолият мекунанд, ҳол он ки дар баъзе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ фаъолияти Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст.
Дар мамлакат беш аз 250 расонаи мустақили хабарии маҳаллӣ ва берунӣ, аз ҷумла рӯзномаю маҷаллаҳо, радио, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки солҳои охир Радиои Озодӣ бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст.
Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ба ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби кадом расонаҳои хабарие, ки набошад, новобаста аз шакли тобеияташон роҳ дода намешавад. Фаъолияти ҳама гуна ВАО бояд қатъиян дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” талаб карданд, ки дар доираи фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлати мо ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод омода намоянд.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин