Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 08:56 – Нуриддин Саид: «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муттаҳидию ҳамраъйии мардум мусоидат кард» 
  • 08:41 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ 
  • 17:42 – ДАР РОҲИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба ифтихори 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 

Суҳбати сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон

Суҳбати сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон

Шоми 11 ноябри соли 2019 дар доираи иштирок дар чорабиниҳои ҳамоиши Париж оид ба сулҳ суҳбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон доир гардид.
Зимни суҳбати озод оид ба робитаҳои дуҷониба бо Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷумҳурии Франсия, инчунин оид ба доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии ҳамоиш табодули афкор сурат гирифт.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурд ва тарғиби рӯзномаи иҷтимоиву иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид созгор донист. Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Франсия ва силсилаи музокиротро пурсамар ва муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин