Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:34 – Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ 
  • 11:27 – 5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид 
  • 10:20 – Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кор шурӯъ кард 
  • 10:17 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд 

Эмомалӣ Раҳмон — меъмори давлатдории навини тоҷикон

Эмомалӣ Раҳмон — меъмори давлатдории навини тоҷикон

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ дар саросари Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, имрӯз дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамоиш доир гардид.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода аҳли нишастро бо ин сана табрик намуда, доир ба муҳимияти ин санаи таърихӣ- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан кард. Гуфта шуд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 22 майи соли 2016 16 ноябр ҳамчун иди «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон» пазируфта шудааст. Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ид аз он иборат аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат президентӣ буда, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби олии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад ва нақши Президент дар идораи давлат басо бузург аст.
Ҳамчун рӯзи ид қабул шудани 16 ноябр санаи рамзӣ мебошад, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар асоси Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгашта интихоб шуда буданд, бори аввал 16 ноябри соли 1994 савганди садоқат ёд кардаанд. Аз ҳамон рӯз сар карда, Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардида, ба рушди минбаъдаи бомаром қадам ниҳод.
Мавлуда Қаландарзода зикр намуд, ки аз оғози фаъолият дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро, ки хавфи пароканда шудан ва аз байн рафтанро дошт баръало эҳсос намуда, дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як шаҳрванди он фурӯзон намуданд.
«Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Сарвари давлат ҳамчунин як нафари асосии наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд»,- афзуд Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст. Ҷонибдорӣ аз Пешвои миллат ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, низоми давлатдорӣ, суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон дар мавзӯъҳои «Шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Президент- кафили ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд» сухан гуфта, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар тақвияти пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ҳамбастагӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин