Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:34 – Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ 
  • 11:27 – 5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид 
  • 10:20 – Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кор шурӯъ кард 
  • 10:17 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои нав бо дарназардошти таъмин кардани кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо либоси низомӣ аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ сохта шуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст.
Дар ошёнаи якум, сеюм ва чоруми бино коргоҳҳои дӯзандагӣ ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм утоқҳои кории маъмурият ва маҷлисгоҳ сохта шудаанд. Бояд таъкид намуд, ки корхона аз 15 апрели соли 2018 дар заминаи Раёсат ҳамчун сехи дӯзандагӣ ташкил карда шуда, дар он либоси низомӣ дӯхта мешуд.
Сехи дӯзандагӣ дар оғоз 7 мошинаи дӯзандагӣ дошт ва 6 нафар занону духтарон ба кор ҷалб гардида буданд. Тавре масъулин иттилоъ доданд, сехи дӯзандагӣ бо чунин шумораи коргарону дастгоҳҳои дӯзандагӣ наметавонист кормандонро бо либоси низомӣ пурра таъмин намояд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либоси низомӣ роҳбарият тасмим гирифт, ки дар заминаи сехи дӯзандагӣ соли 2018 корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ ташкил намояд.
Тибқи иттилоъ, айнӣ замон корхонаи дӯзандагӣ дорои 250 мошинаи нави дӯзандагӣ буда, қариб 300 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Ошхонаи корхонаи дӯзандагӣ дар таҳхона ҷойгир буда, дар он хизматрасонӣ тибқи стандартҳои замони муосир ба роҳ монда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандон ба сифати либосҳои дӯхташаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар чунин шароити муҳайёкардашуда бояд дар корхона либосҳои низомӣ бо тарҳи муосир ва сифати баланд дӯхта шаванд. Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити имрӯза бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дӯхти либоси босифати низомӣ, пурра таъмин кардани кормандон аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, пеш аз ҳама, коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат маҳсуб мешавад.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин