Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:34 – Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ 
  • 11:27 – 5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид 
  • 10:20 – Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кор шурӯъ кард 
  • 10:17 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣбинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии АкадемияиВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифодақарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни маҷмааи олии таълимӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни академия самимона истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолияти Факултаи фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Бинои нави факултаи фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 15 синфхона бо 600 ҷой, толори лексионӣ, китобхона, бойгонӣ, 16 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаҳои шоҳмотбозӣ, лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, толори диссертатсионӣ ва ду толори маҷлис бо 460 ҷой барои курсантони Академия пешбинӣ гардидааст.
Акнун минбаъд дар ин бинои нав дар ду кафедраи факулта — кафедраҳои ташкили тактикаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ 20 нафар олимону профессорон ба донишҷӯён таълим медиҳанд.
Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2-и назди Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки имконияту иқтидори таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳа ба роҳбарияти вазорат ва дигар масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин