Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:34 – Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ 
  • 11:27 – 5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид 
  • 10:20 – Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кор шурӯъ кард 
  • 10:17 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд 

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

27 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст “Дар бораи Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2020” гузориши директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сеюмин барномаи бисёрсолаи мақомоти омори давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои таҳкими низоми омори миллӣ, таъмини муқоисапазирии иттилооти омори расмӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо ҷорӣ намудани стандартҳои байналхалқӣ, таъмини фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор, пайгирии нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор, беҳтар кардани ташаккули омори байниидоравӣ, таъсиси шабакаи ягонаи ҷамъоварии иттилооти омории ҷавобгуи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, равона мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии омор ва масъулини дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои босамари Стратегияи миллии рушди омор дастуру супоришҳо доданд.
Дар кори маҷлис аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Аъзои ҳукумати мамлакат ҳамчунин масъалаҳоро Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Дар бораи Қоидаҳои ташкили хизматрасонӣ ба мусофирони хатсайрҳои байналмилалӣ дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳиро муҳокима карданд.
Дар охир баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дастурҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ бо гармӣ ва маводи сӯзишворӣ дар мавсими сармо ва вусъати корҳои ободонӣ, ҷалб карданд.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин