Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:27 – Кӣ ҳуқуқ ба овоздиҳии пешакӣ дорад? Чанд саволу ҷавоб доир ба иштирок дар интихобот 
  • 17:33 – ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқот намуд 
  • 15:23 – ПАДИДАИ БЕСОБИҚАИ ТАЪРИХ – САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҲАР ХОНА КИТОБ ҲАДЯ МЕОРАД! Ва ё тақдими китоб суннати хуҷастаи тоҷикон аст 
  • 17:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд 

Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ: «Тоҷикистон кишварест, ки ба пеш ҳаракат мекунад ва ба Афғонистон нафъ меорад»

Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ: «Тоҷикистон кишварест, ки ба пеш ҳаракат мекунад ва ба Афғонистон нафъ меорад»

Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳии сабз буда, бо зебоиҳои табиати нотакрори худ чун нигин дар Осиёи Миёна ҷойгир шудааст ва дорои 143.100 км2 масоҳат ва тақрибан 9 миллион аҳолӣ мебошад, ки бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва ин кишвар 28 сол пеш як қисмати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Тоҷикистон бо забон ва фарҳанги муштарак яке аз ҳамсоягони хуби Афғонистон аст, ки дар шимол бо ин кишвар ҳамсарҳад аст.
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар таърихи 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Вале пас аз ба даст овардани истиқлолият билофосила экстремизми динӣ ва мудохилаи бегонагон давлати тозаистиқлолро ба бетартибӣ ва фоҷиа гирифор намуд.


Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ: «Тоҷикистон кишварест, ки ба пеш ҳаракат мекунад ва ба Афғонистон нафъ меорад»

Ҷанги шаҳрвандӣ дарҳол пас аз ба даст овардани истиқлолият оғоз ёфта, аз соли 1992 то соли 1997 давом кард, ки гурӯҳҳои мухталиф аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ пуштибонӣ ёфта бо ҳамдигар мубориза мебурданд ва суботи сиёсии барқароршударо халалдор мекарданд. Дар натиҷа ин кишварро ба харобазор табдил доданд.
Дар соли 1992 сессияи 16-уми парлумони кишвар яке аз ҷавонтарин аъзои Палатаи намояндагон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Раиси Шӯрои Олӣ интихоб кард, ки ҳамагӣ 40-сол дошт. Роҳбарии оқилонаи ӯ барои халқи тоҷик як паёми хуш ва шуълаи умед ба оромӣ буд, зеро ҳангоми ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ, низоми нави ба таври демократӣ интихобшуда рушди иқтисоди Тоҷикистонро таъмин кард.
Ҳангоме ки оташи ҷанг дар кишвар аланга мезад, Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон сафар карда, бо миёнҷигарии қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва Президенти вақти он профессор Бурҳонуддин Раббонӣ бо роҳбари мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳ Нурӣ мулоқот намуд.
Дар муддати хеле кӯтоҳ, пас аз хомӯш кардани шуълаи ҷанг, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми тоҷикро ба сулҳ ва бародарӣ даъват кард.
Пас аз ба даст овардани аксарияти овозҳои халқ ва интихоб шудан ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ў дар рушди фарҳанг, саноат ва сохтмони кишвар оқилона қадам гузошт.


Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ: «Тоҷикистон кишварест, ки ба пеш ҳаракат мекунад ва ба Афғонистон нафъ меорад»

Ҳоло Тоҷикистон кишваре нест, ки 25 сол пеш буд. Он пешрафт кардааст ва рӯз ба рӯз рушд карда истодааст.
Дар доираи сиёсати хориҷӣ таҳти роҳбарии оқилонаи ў Тоҷикистон тавонист зуд муносибатҳои дипломатиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид мустаҳкам намояд, барои рушду нумӯи ҷавонон ва баланд бардоштани ҳуқуқи занон дар дохили кишвар корҳои назаррасе ба анҷом расонад ва таваҷҷуҳи асосиро ба соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ дар кишваре, ки роҳи баромад ба баҳрро надорад, равона намояд.
Ташаббуси Президент Раҳмон дар бунёди баландтарин сарбанди ҷаҳон, ки бо номи Роғун маъруф гаштааст, метавонад ҳамчун як нақшаи муассир дар сохтмони нерӯгоҳи пуриқтидори барқи обӣ дар рўди Вахш, ки ба Афғонистон ва дигар давлатхои хамсояи Точикистон нафъ меорад, шоёни ситоиш аст.
Роҳбарияти оқили кишвари ҳамсоя инчунин барои олимони динӣ корҳои зиёдеро анҷом дода, ба онҳо барои татбиқи корҳои исломии худ, новобаста аз робита бо сиёсатҳое, ки шабакаҳои террористӣ ба таври васеъ истифода мебаранд, имконият фароҳам овард.
Тақрибан 12 сол пеш бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе симпозиуми ботантанаи байналмилалӣ оид ба шинохти бештари Имоми Аъзам Абӯҳанифа, ки яке аз чаҳор муассиси фиқҳи исломист, баргузор гардида буд.
Дар ин маросим беш аз 500 нафар олими дин ва даъватшудагон аз кишварҳои зиёди мусалмонӣ, аз қабили Арабистони Саудӣ, Миср, Эрон, Афғонистон ва Сурия ширкат варзиданд, ки дар он ҷанбаҳои мухталифи ҳаёт ва таълимоти поягузори мазҳаби фиқҳи Ҳанафӣ муҳокима шуданд.


Раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ: «Тоҷикистон кишварест, ки ба пеш ҳаракат мекунад ва ба Афғонистон нафъ меорад»

Ғайр аз суханронӣ дар бораи мактаби Имом Абӯҳанифа ва шахсияти ӯ, иштирокчиён терроризм ва экстремизмро дар ҳама шаклу зуҳуроташ маҳкум намуда, Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро барои гузаронидани чунин як симпозиуми сатҳи баланд ва эҳтироми хоса доштан ба таълимоти исломӣ ситоиш намуданд.
Пешвои Тоҷикистон овози мардуми афғонро тавассути минбар ба самъи ҷаҳониён расонида, аз ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя кардааст, замоне ки ҳазорон гуреза пас аз ба дасти ҷангиёни толибон афтодани кишвар, ки аз ҷониби ҳаммаслакони хориҷии худ дастгирӣ меёфтанд, истиқбол намуда буд.


Ў фармон дода буд, ки дар Душанбе панҷ мактаби типи афғонӣ барои кӯдакони афғон сохта шавад ва муаллимони он бо маоши хуб таъмин карда шуда толибилмон тавонанд бо забони модарии худ таҳсил кунанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Кобул таҳти роҳбарии Шарофуддин Имом ва мушовири собиқи он ҷаноби Саид Шарифӣ тӯли беш аз 10 сол бо доираи тоҷирон ва шахсони фарҳангӣ ва санъати афғон ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофуддин Имом ва мушовири собиқи кишвари дӯст ҷаноби Саид Шарифӣ барои ҳамкорӣ бо аҳли фарҳанг, санъат ва ҳунар ва бо воситаи Ассотсиатсияи байналмилалии «Пайванд» дар Афғонистон кўшиши зиёд ба харҷ додаанд.
Дар воқеъ Эмомалӣ Раҳмон аз имконоти баланд ва таҷрибаи ғании идоракунии хуби давлатӣ бархурдор аст.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин