Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:27 – Кӣ ҳуқуқ ба овоздиҳии пешакӣ дорад? Чанд саволу ҷавоб доир ба иштирок дар интихобот 
  • 17:33 – ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқот намуд 
  • 15:23 – ПАДИДАИ БЕСОБИҚАИ ТАЪРИХ – САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҲАР ХОНА КИТОБ ҲАДЯ МЕОРАД! Ва ё тақдими китоб суннати хуҷастаи тоҷикон аст 
  • 17:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд 

ПАДИДАИ БЕСОБИҚАИ ТАЪРИХ – САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҲАР ХОНА КИТОБ ҲАДЯ МЕОРАД! Ва ё тақдими китоб суннати хуҷастаи тоҷикон аст

ПАДИДАИ БЕСОБИҚАИ ТАЪРИХ – САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҲАР ХОНА КИТОБ ҲАДЯ МЕОРАД! Ва ё тақдими китоб суннати хуҷастаи тоҷикон аст


«Шоистаи ибрат ва ифтихори миллии мо, тоҷикон он аст, ки тозатарин ташаббус ва саҳифаи нави эҳёи арҷгузорӣ ба китоб ва тақдими китоб дар дунёи мутамаддини имрӯз ба Пешвои миллати мо, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Пешвои миллати тоҷикон дар Паёми навини худ манзур доштанд, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро бо теъдоди миллионҳо нусха интишор дода, аз номи худ ба ҳар хонадони аҳолии мамлакат тақдим медоранд. Ин падидаи беназиру бесобиқа дар таърих аст, ки аз арҷгузории баланд ба фарҳангу китоб ва ғамхории падаронаи Сарвари давлат ба маърифати мардум дарак медиҳад», — менигорад Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол НАСРУЛЛО зимни як мақолаи худ, ки онро ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб бахшидааст.

Дар идома муаллиф навиштааст:
Мо аминем, ки дар қатори ташаббусҳои зиёди Пешвои миллати мо, ки аҳамиятҳои байналмилалалӣ ва ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, ин иқдоми неку шоиста ва ибратбахш низ намунаи ибрати ҷаҳониён мегардад. Хусусан, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллатамон роҳандозӣ шуд, як такони умумихалқӣ дар эҳёи рӯ овардани мардум ба китоб, баланд рафтани арзиши китоб, афзоиши интишор ва харидории он дар мамлакат гардид ва ин раванд бо суръат идома дорад.

Ҳадя кардан, туҳфа додан ба ҳамдигар, армуғон овардан ба хонаҳои якдигар аз беҳтарин суннатҳои инсонӣ дар ҷаҳон аст. Ин нишонаи муҳаббат, эҳтиром ва посдорист. Ҳар ҳадя бо худ чӣ қадар меҳру нишот меорад, табъҳоро хуш ва дилҳоро равшан менамояд. Ҳадя додан падидаест, ки аз сиришти нек ва хайрхоҳ бадар меояд ва рамзҳои неки зиёде дорад. Яъне: ман ба ту арҷ мегузорам, ба ту бахт мехоҳам, туро дӯст медорам, мехоҳам сарфарозу саломат бошӣ! Туҳфаҳо зиёданд ва рамзу намудҳои зиёд доранд. Масалан, туҳфаи як дона ё як даста гул метавонад изҳори муҳаббат, эҳтиром ва хайрхоҳӣ бошад. Туҳфаи ангуштарӣ нишони садоқату муҳаббат, туҳфаи сару либос нишони тансиҳатӣ хостан, туҳфаи ашё ва ҷиҳозоти хона таманнои хонаободӣ ва ғайраву ғайраҳо. Ҳатто туҳфаи як табассум ба раҳгузари ношинос чӣ қадар табъи хуш мебахшаду рӯшноӣ мебарад.



ПАДИДАИ БЕСОБИҚАИ ТАЪРИХ – САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҲАР ХОНА КИТОБ ҲАДЯ МЕОРАД! Ва ё тақдими китоб суннати хуҷастаи тоҷикон аст

Аммо туҳфае ҳаст, ки ба назари банда метавонад рамзи ҳама туҳфаҳои дигар бошад, башорат ва фурӯғи онҳоро дар худ таҷассум кунад ва ин туҳфа китоб аст, ки ба ғайр аз рамзҳои дар боло номбурда дар худ пайки рӯшноии дониш, нури маърифат, паёми хирад ва шоистагиҳои дигари инсониро падид меорад. Китоб ҳадяи қиматбаҳоест, ки ҳаргиз арзиши худро аз даст намедиҳад, кӯҳна ва ношоям намешавад, яъне абадан чун ганҷе дар ганҷури ҳар инсон ва ҳатто авлодҳои ӯ мемонад.
Ин хуҷастагии китобро ба назар гирифта, дар қатори идҳои дигар одамон боз як иди равшани дигар таҳия намуданд, ки Рӯзи тақдими китоб аст. Рӯзи байналмилалии тақдими китоб аз соли 2012 инҷониб ҳар сол 14 феврал таҷлил меёбад. Иде, ки бори аввал ҳамаи тақдимкунандагони китоб ба кӯдаконро, ки бо ин амал муҳаббати хурдсолонро ба китоб бедор ва парвариш медиҳанд, ба ҳам оварда буд.
Сафи онҳое, ки ба ин рӯз ҳамчун Рӯзи ҳадяи китоб арҷ мегузоранд, сол то сол меафзояд. Идҳое ҳастанд, ки ба шарофати таваҷҷуҳи Созмони Милали Мутаҳид ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ ба масъалаҳои аҳамияти байналмиллалӣ дошта ба вуҷуд омадаанд, яъне идҳои давлатӣ, динӣ ва касбӣ мебошанд. Дар ин росто Рӯзи ҳадяи китоб, ки низ ҳадафҳои бузурги инсониро пайгирӣ менамояд, на бо ташаббуси созмоне ба вуҷуд омада, балки аз умқи мардум реша гирифтааст. Яъне ташаббуси таҷлили он ба як инсони муқаррарӣ Эмми Бродмур – амрикоизане, ки асосгузори саҳифаи китоби кӯдакона дар интернет аст, вобастагӣ дорад.
Эмми Бродмур модари се фарзанд аст. Маҳз суоли яке аз фарзандони ӯ, ки чаро чунин рӯз дар сол вуҷуд надорад, ки одамон ба ҳамдигар бе баҳонае китоб тақдим кунанд, асос ва ангезишдиҳандаи бавуҷудоии Рӯзи байналмиллалии тақдими китоб гардид. Як суоли кӯдаки хурдсол, ташаббус ва фаъолияти модари ӯ аз ҷониби миллионҳо одамон дар олам дастгирӣ ёфта, ба таҷлили Рӯзи байналмилалии тақдими китоб асос гузошт. Ба шарофати ин Рӯз рӯ овардан ба китоб эҳёи тоза ёфт.
Дар ин росто иқдоми дигари Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аз ҷониби ҳар сокини мамлакат ҳатман мутолиа намудани панҷ китоб дар ҳамин Паём мақсадҳои наҷиби Пешвои миллатро рӯнамоӣ мекунад. Ин амр ё супориши Президенти ҷумҳурӣ боз ҳам намои ғамхории ӯ нисбат ба маънавиёти миллат, боло бардоштани сатҳи дониш, фарҳангу ҷаҳонбинии аҳолии мамлакат аст.
Аммо тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров рамзест хеле баланду дурбинона ва ҳикматомӯз. Сараввал ҳадафи Пешвои миллат ба андешаи банда, он аст, ки мо бояд аз таърихи худ ва илму фарҳанги гузаштагонамон хуб огаҳ бошем. То ба қадри миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни худ, ба қадри заҳмат ва ҷоннисориҳои фарзандони наҷиби ин сарзамин бирасем, худро бишиносем ва мавқеи қавии ватандории имрӯзи худро барқарор намоем. Баъдан китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров шиносномаи миллати мост. Шиносномаи инсон, ки муаррифи шахсияти инсон аст, ҳамеша бояд бо ӯ бошад.


Дар чанд моҳи охир намоиш ва фурӯши китобҳое, ки муассисаи нашриявии “Адиб” дар маркази пойтахт ва гӯшаҳои мухталифи мамлакат ба роҳ мондааст, гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба китоб бетафриқа нестанд ва имрӯз китобро беҳтарин дастоварди миллӣ ва раҳнамои зиндагии худ меҳисобанд. Зеро теъдоди хоҳишмандон ва талабгорони китобҳои нав дар ин намоишҳо, ғайричашмдошт хеле бузург ва дилгармкунанда буд. Албатта, мо мунтазири боз як иқдоми неку хайрхоҳонаи дигар ҳастем, ки дар оянда андоз аз китобҳо, чунон ки интизор меравад, бардошта шавад, то нархи китобҳо поинтар фароянд ва имкони харидории китоб ба ҳама, аз ҷумла ба наврасону ҷавонон низ муяссар гардад. Дар партави иқдомҳои ватандӯстнаи Пешвои миллатамон ин беҳтарин иқдом аз ҷониби масъулини қонунгузори мо хоҳад буд, зеро китоб сарвати маънавии халқи мост ва ҳеҷ сарвати дигар ҷои онро наметавонад бигирад.

Мо аминем, ки дар Рӯзи байналмилалии тақдими китоб мардуми китобдӯсти мо ба намоишгоҳи фурӯши китоб бештар мераванд ва тақдими китоб дар ин рӯз ва ҳама рӯзони дигар дар мамлакати соҳибтамаддун ва фарҳангпарвари мо нишони арҷгузории баланди халқамон ба ин дастоварди беназири таърихии миллатамон хоҳад буд.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин