Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:51 – Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 10:26 – Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИ: Ҳадафи Пешвои миллат – рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ 
  • 10:24 – Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020» дар Қасри Арбоб 
  • 10:22 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувон дар бунёди НБО «Роғун» ва дигар сохтмонҳои азими мамлакат софдилона заҳмат мекашанд»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувон дар бунёди НБО «Роғун» ва дигар сохтмонҳои азими мамлакат софдилона заҳмат мекашанд»
ДУШАНБЕ, 07.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувон дар бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар сохтмонҳои азими мамлакат софдилона заҳмат мекашанд. Масалан, дар иншооти аҳаммияти стратегидоштаи неругоҳи барқи обии “Роғун” 750 нафар занону бонувон, аз ҷумла 40 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, беш аз 260 нафар дар неругоҳҳои “Норак”, “Бойғозӣ” ва 1500 нафар дар корхонаи “Алюминийи Тоҷик” кор мекунанд, ки зиёда аз 150 нафари онҳо роҳбарони бахшҳои гуногун мебошанд», — изҳор доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати аввали марти соли 2020 аз шумораи умумии қариб 19000 нафар хизматчиёни давлатӣ 4500 нафар ё 25 фоизро занон ташкил дода, аз ҷумла 1100 нафар ё 19 фоизи онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.

Пешвои миллат илова намуданд, ки то охири соли 2019 бонувону занон дар ҳайати Ҳукумати мамлакат ҳамагӣ 4,7 фоизро ташкил медоданд, вале ин нишондиҳанда имрӯз ба 14,7 фоиз расидааст.

«Мо минбаъд низ ба занону бонувон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа такя мекунем ва барои ҳалли мушкилоти ин табақаи бонуфузи иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем. Ҳоло дар ин самт татбиқи якчанд стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ идома дорад. Илова бар ин, барои дастгирии занону духтарони соҳибкор грантҳои Президентӣ таъсис дода, тавассути маблағҳое, ки бо ин мақсад ҷудо мегарданд, саҳми занон дар рушди иқтисоди миллӣ торафт меафзояд», — таъкид доштанд Сарвари давлат.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин