Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:51 – Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 10:26 – Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИ: Ҳадафи Пешвои миллат – рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ 
  • 10:24 – Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020» дар Қасри Арбоб 
  • 10:22 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд 

Пешвои миллат: имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 32 ҳазор хоҷагиҳои деҳқониро занон роҳбарӣ мекунанд

Пешвои миллат: имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 32 ҳазор хоҷагиҳои деҳқониро занон роҳбарӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар кишвар роҳбарони 32 ҳазору 200 хоҷагии деҳқонӣ занон мебошанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷамъомади тантанавӣ, ки имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба муносибати Рӯзи Модар баргузор гардид, тазаккур доданд.
Бо дахли саҳми занон дар соҳаи хоҷагии қишлоқи мамлакат Пешвои миллат аз ҷумла таъкид намуданд, ки дар деҳоти кишвар корҳои вазнину заҳматталаб ба дӯши занону бонувон қарор доранд.
«Имрӯз аксари хоҷагиҳои деҳқониро дар мамлакат занон роҳбарӣ мекунанд. Ҳоло дар кишвар роҳбарони 32 ҳазору 200 хоҷагии деҳқонӣ занон мебошанд ва онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста мегузоранд», — иброз доштанд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат аз дастгирии самимонаи бонувону духтарон ба иқдоми «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» истиқбол карда, зикр намуданд, ки онҳо бо эҳёи касбу ҳунарҳои қадима дар тамоми қаламрави мамлакат марказҳои ҳунармандӣ ташкил менамоянд ва ҳоло ба шарофати ташаббусҳояшон ҳазорҳо нафар занону духтарони дигар ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шуда истодаанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳори умед намуданд, ки бонувону занони тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда доир ба азхудкунии касбу ҳунар амал карда, дар панҷ соли оянда бо тамоми роҳу воситаҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ саъю талош мекунанд ва дар беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми шоиста мегузоранд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин