Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 22:48 – Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун 
  • 22:42 – Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои помидор дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов 
  • 22:37 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд 
  • 22:34 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро ифтитоҳ намуданд 

Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИ: Ҳадафи Пешвои миллат – рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ

ДУШАНБЕ, 30.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маориф, ки 18 марти соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардид, миёни аҳли зиё ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард.

Дар зер андешаҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ-ро дар ҳошияи ин суханронии пурмуҳтаво пешниҳоди хонандагон менамоем.

Муқаддима
Ҳазор сол аз ин муқаддам ниёгони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад дар тани инсон ҷавшан гуфтаанд, аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал ҳама мушкилоти гетиро ҳал кардаанд, аммо ҷойи тааҷҷубу таассуф аст, баъди ҳазору чанд сол, ки инсоният ба асри бистум – асри пуршўру пуровозаи инқилобҳои илмию фикрӣ ва оғози асри бистуякум – асри инқилобҳои технологию техникӣ расид ва мо шоҳиди он будем, ки инсони донишпажӯҳ на танҳо нақши пояшро дар рўйи Моҳ ба ёдгор гузошт, балки сафинаҳои худкорашро ба моварои мадори Зуҳал фиристода, ҳатто аз ҳудуди манзумаи Офтоб ҳам берун баровард ва ба омӯхтани мустақими сайёраҳои фаразан маскуни ситораҳои дигар (ба ғайр аз Офтоб) шурӯъ намуд… дар пасманзари ин ҳама ҷаҳишҳои илму фан, дар пеши чашми муосирону шоҳидони чунин комёбиҳои фавқулодаи ақлу фаросати одамӣ воқеоти аҷибу ғарибе сурат мегирад, ки бар асари он ҷомеаи пешрафта зарар мебинаду оммаи пасмонда ба он бовар мекунад. Яъне, манзурам ин аст, ки имрўз навъҳои гуногуни хурофоту найранги аз аҳди Дақёнус монда – аз тилисму азоимхонӣ гирифта то фолбинию (рамл) саноати танҷим (астрология) – аз нав ҷон мегиранд ва торафт ақлу ҳуши мардумро рабуда онҳоро ба доми худ медароранд: на фақат ховариёнро, балки фарангиёнро ҳам, на танҳо мардуми авомро, балки бархе аз аҳли саводро низ!

На, ҳаргиз. Фикр мекунам ки ин тавр набояд бошад, охир бо чашми сар мебинем, ки “зиндагӣ дар пайи таъмири ҷаҳони дигар аст”. Қуфлкушои ҳама дарҳо, яъне илм ба омўзиши кваркҳо расид, тағйир дар нанову макроолам дорад ва бо “азми дурусту саъйи комил” кайҳонкушоӣ мекунад ва розу сози Коинотро меомўзад.

Маҳз бо дарки амиқу дақиқи ҳамин масъала ва бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бист соли оянда – солҳои 2020-2040- ро солҳои омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намуданд, зеро маҳз илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ ва муассиртарин воситаи тарбияи шахсияти соҳибназар арзёбӣ мешаванд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ин иқдоми созандаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, инчунин роҳандозӣ гардидани ду иқдоми муҳим – озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — ватани азизи ман»-ро аҳли илми тоҷик бо рўҳбаландии бузург истиқбол намуд. Ин ташаббусҳо ҳамчун дастури роҳнамо ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ, онҳоро аҳли илми кишвар ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрўзӣ, қадами ҷиддӣ дар роҳи рушди илми ватанӣ, ташаккули тафакури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва болоравии маърифати мардуми кишвар пазируфтанд.

Суханронии Пешвои мидлат дар мулоқот бо олимони кишвар аз 18 марти соли 2020 бошад ҳамчун оғози амалии бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳисобида шуд ва аҳли илми кишвар вазифадор аст, ки ҷиҳати ба ҳадафи худ расидани ин ибтикороти созанда ва дурандешонаи Роҳбари давлат тамоми неру, тавон ва имконияти худро сафарбар намояд.

Чанд мулоҳиза дар бораи илм ва нақши он барои инсоният

Ҳарчанд дар мақолаи гузашта доир ба мафҳуми илм чанд мулоҳизаро баён намуда будам, зарур медонам, ки ин ҷо шарҳи бештари онро орам. Гуфтан мумкин аст, ки илм чунин самти фаъолияти инсон мебошад, ки вазифаи он коркард ва мураттаб гардонидани донишҳои обйективӣ оид ба воқеият ва тарзи махсуси дарёфти донишҳост. Илмро низоми ягона, ҳамбаста ва рушдкунандаи донишҳо оид ба олами атроф ва қонунҳои инкишофи он ба вуҷуд меоварад. Шубҳае нест, ки илм дастоварди бузурги фарҳанги инсонӣ мебошад. Бинобар ин, мегўянд, илм қисме аз фарҳанг аст, ки он маҷмўи донишҳои обйективӣ оид ба ҳастӣ мебошад. Вале илм на танҳо унсури муҳимтарини фарҳанг ва шакли олии донишҳои инсонӣ, балки нишондиҳандаи асосии фарҳанги миллӣ ва кафолати рушди бемайлони давлат низ мебошад.

Аз нуқтаи назари иттилоотӣ, илм яке аз тарзҳои ҷамъоварӣ, ҳифз ва коркарди иттилоот мебошад. Назария ва қонунҳоро дар ин маврид ба сифати воситаҳои махсуси мураттабгардонии иттилоот номбар кардан мумкин аст. Илм на танҳо донишҳоро захира мекунад ва тасаввуротро оид ба олам эҷод менамояд, балки меъёрҳои муайянеро ба вуҷуд меоварад, ки қонун ё қоидаҳои интихобро кашф намояд, ки онҳоро инсон ҳангоми таҳлили иттилоот бояд истифода кунад.

Ҳамадонӣ ва кўшиши ҷамъ овардани донишҳо аз замонҳои қадим хоси инсон буд. Нахустинсон донишҳоро ҷамъ ва онҳоро истифода кард ва ҳамин тариқ бунёди илми амалӣ гузошта шуд. Сипас ў ба мураттаб кардани донишҳо ва татбиқи онҳо шурўъ намуд. Дар фаҳмиши муосир илм ҳеҷ вақт танҳо ҷамъоварии иттилоот набуд. Олимон кўшиш мекарданд фаҳманд, ки ин ё он ҳодиса чӣ тавр ва барои чӣ рўй медиҳад.

Вале кўшиши дарёфти донишҳо метавонист аз рўйи зарурат, масалан, аз тарс низ ба вуҷуд ояд. «Илм инсонро аз тарс дар назди худоҳо озод намуд» — гуфта буд Лукректсий 2000 сол аз ин пеш.

Яке аз муҳимтарин аломатҳои илм мушоҳидаи ҳодисаҳо, равандҳо ё рўйдодҳое мебошанд, ки дар олами атрофи мо рух медиҳанд. Дар раванди мушоҳида муҳаққиқ бо ҳиссиёт обйектҳои моддӣ ва ҳодисаҳоро дарк мекунад. Як замон ҳисоб мекарданд, ки олам аз мушоҳида оғоз мегардад, вале имрўз мегўянд, ки илм аз масъала оғоз мешавад. Дар айни замон ҷойи мушоҳидаро таҳқиқи таҷрибавӣ гирифта истодааст. Ба ҳар ҳол соҳаҳое низ дар илм вуҷуд доранд, ки дар онҳо мушоҳида усули асосӣ ва ягонаи таҳқиқ мебошад (масалан, астрономия (ситорашиносӣ), вулканология (вулканшиносӣ), климатология (иқлимшиносӣ) ва ғайра).

Таҷриба – яке аз усулҳои маърифат аст, ки ба воситаи он ҳодисаҳои воқеӣ дар шароити назоратшаванда ва идорашаванда таҳқиқ карда мешаванд. Вай таъсири муайянро ба обйекти таҳқиқот расонида, абзорҳои зарурӣ ва усулҳои таҳқиқро талаб мекунад. Дар рафти таҷриба муҳаққиқ танҳо ба мушоҳидаи ҳодисаҳо маҳдуд нашуда, балки бошуурона ба рафти табиии онҳо бо роҳи таъсиррасонӣ ба раванди омўхташаванда, тағйир додани шароит ва андозагириҳо дахолат мекунад. Нақши муҳимро дар илм таҷрибаи фикрӣ мебозад ва хусусиятҳои муҳимми обйекти таҳқиқшаванда фикран муайян карда мешаванд.

Натиҷаи мушоҳида ва таҷрибаҳо, ки аз тафтиш гузаштаанд, ба далел (факт)-ҳои илмӣ танҳо дар мавриде табдил меёбанд, ки онҳо аз тарафи муҳаққиқони дигар такрор карда шаванд. Маҳз такя ба мушоҳида ва таҷрибаҳои санҷидашуда «дақиқӣ» ва «обйективӣ» будани иттилооти илмиро собит менамояд.

Барои шарҳи далел (факт)-ҳои илмӣ назарияҳои илмӣ эҷод карда мешаванд, ки онҳо муҳимтарин аломати дигари илм мебошанд. Назарияҳои илмӣ – донишҳое мебошанд, ки ба шакли муайяни илмӣ такя мекунанд ва усулҳои шарҳдиҳӣ ва пешгўии ягон соҳаи илмро доранд. Назарияи илмӣ шакли дониши илмии боварибахш дар бораи ягон маҷмўи обйектҳо ва ҳодисаҳо, яъне низоми пурраи тасдиқот ва исботҳо, инъикоси қонунҳои табиат мебошад. Назарияҳои илмӣ на дар асоси мушоҳида, балки барои тасниф ва шарҳи воқеияти дар заминаи таҷриба бадастовардаи инсон бо роҳи андешаронӣ ва дарк (фаҳмидагирӣ) эҷод карда мешаванд. Илм олами донишҳоеро ба вуҷуд меорад, ки танҳо аз маълумот ва ҳодисаҳои дар таҷриба исботшуда иборат аст. Бинобар ин, мегўянд, ки илм ба мо донишҳои оқилона (ратсионалӣ) медиҳад.

Ҳамаи назарияҳои бузурги илмӣ бо ақли эҷодии инсон ба вуҷуд оварда шудаанд. Чун дастоварди бузург онҳоро бо офаридаҳои бузурги адабиёт ва санъат муқоиса кардан мумкин аст. Вале илм аз соҳаҳои дигар бо фаъолияти эҷодӣ фарқ мекунад. Фарқи асосии он дар он зоҳир мегардад, ки вай тафтиши мафҳум ва назарияҳои худро дар таҷриба талаб мекунад.

Назарияҳои илмӣ метавонанд фаҳмиши олами атрофро ба таври куллӣ тағйир диҳанд. Дониши илмӣ (оқилона) асоси тамаддуни муосирро ташкил медиҳад, бинобар ин, талаботи ҳаёт дар замони мо маҷбур мекунад, ки асосҳои табиатшиносӣ, пеш аз ҳама илми физика, омўхта шаванд.

Ҳамин тавр, илм – низоми фаъолияти таҳқиқотии ҷомеа, қисми ҷудонашавандаи раванди донистани табиат, ҷамъият ва тафаккур мебошад, ки дорои усулҳои донистани воқеияти обйективист. Мақсади бевоситаи илм – тасниф, тавзеҳ ва пешгўии равандҳо ва ҳодисаҳое мебошад, ки мавзўи омўзиши онро дар асоси қонунҳои кашфшуда ташкил медиҳанд. Ба сифати хусусият (муайянкунанда)-ҳои илм вазифаҳои он хидмат мекунад: вазифаи таснифии илм – ошкор кардани хосият ва муносибатҳои асосии воқеият; вазифаи мураттабгардонии илм – аз рўйи синфҳо ва фаслҳо тақсим кардани хосият ва муносибатҳои таснифшуда; вазифаи тавзеҳии илм – баёни бомароми моҳияти обйекти омўхташаванда, сабабҳои пайдоиш ва рушди он; вазифаи амалии илм – имконияти татбиқи донишҳои бадастомада дар истеҳсолот, идораи иҷтимоӣ ва ғайра; вазифаи дурнамоӣ (ояндабинӣ)-и илм – пешгўӣ кардани кашфиёти нав дар чаҳорчўбаи назарияҳои мавҷуда ва тавсияҳо ба оянда; вазифаи ҷаҳонбинии илм – ба манзараи олами мавҷуда ворид намудани донишҳои бадастомада мебошад.

Табиат ва омўзиши он, табиатшиносӣ

Илми муосир ба соҳаҳои гуногуни донишҳо ё илмҳои хусусӣ тақсим мешавад, ки байни якдигар бо мавзўи таҳқиқи воқеият фарқ мекунанд. Аз рўйи мавзўъ ва усули маърифат илм оид ба табиат – табиатшиносӣ ва илм оид ба ҷамъият – ҷамъиятшиносӣ номида шудааст. Гурўҳи алоҳидаро илмҳои техникӣ ва технологӣ ташкил медиҳанд. Илми дорои махсусияти хос математика (риёзӣ) мебошад. Ҳар як гурўҳи илм дар навбати худ ба як қатор фан ҷудо мешавад. Илм оид ба қонунҳои умумитари воқеият фалсафа мебошад, ки онро танҳо ба илм мансуб донистан мумкин нест.

Ҳамчунин меъёрҳои дигари таснифи илмҳо низ вуҷуд доранд. Аз рўи робитаи онҳо бо амалия илмҳо ба ду навъи калон ҷудо мешаванд: илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ), ки дар онҳо тамоюли бевосита ба амалия вуҷуд надорад; илмҳои амалӣ (бо назардошти технология), ки бевосита ба татбиқи натиҷаҳои маърифати илмӣ барои ҳалли масъалаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шудаанд. Дар онҳо принсип ва қонунҳои табиат, ки илми бунёдӣ ба даст овардааст, ба таври васеъ истифода мешаванд. Илмҳои бунёдӣ, дар навбати худ, ба техника ва технология вобастагӣ доранд, ки онҳо барои илмҳои бунёдӣ абзорҳо ва таҷҳизоти дигарро коркард мекунанд ва воситаҳои «озмоишӣ» барои эҷоди назарияҳои нав мебошанд. Сарҳади байни илмҳои алоҳида ва фанҳои илмӣ шартӣ ва тағйирёбанда мебошад.

Илм ҳамчун шакли маърифат ба воситаи як қатор фанҳои махсус омўхта мешавад, масалан, таърих, фалсафа ва мантиқи илм, илмшиносӣ, забони илм ва ғайра. Дар айни замон фалсафаи илм хеле фаъолона рушд мекунад: вай мушаххасоти умумии фаъолияти илмию маърифатӣ, сохтор ва динамикаи дониш, ҷиҳатҳои мантиқию маърифатӣ ва монанди инро таҳқиқ мекунад.

Табиат барои одамон саҳнаи бузургест, ки дар он ҳодисаҳои гуногунмиқёс дар ҳоли нақшофарианд. Омўзиши табиат мавзўи табиатшиносиро ташкил медиҳад. Зимни таҳқиқи ҳодисаҳои табиат мо мафҳумҳоро ворид мекунем, қонунҳоро кашф менамоем ва назарияҳои илмиро меофарем, ки ба воситаи онҳо ин ҳодисаҳо шарҳу тафсир карда мешаванд. Моҳиятан ин маънии онро дорад, ки мо оид ба низом, такроршавандагӣ ва қонуниятҳои мавҷудаи табиат фаҳмише ба вуҷуд меоварем.

Ҳар як илми табиатшиносӣ, масалан, физика, химия, биология, геология, география, минерология ва монанди ин яке аз тарафҳои табиатро ифода мекунад.

Дар айни замон ду таърифи табиатшиносӣ вуҷуд дорад: 1) табиатшиносӣ – илм оид ба табиат аст; 2) табиатштиносӣ – маҷмўи илмҳо оид ба табиат аст.

Илмҳои табиатшиносӣ физика, химия ва биология ҳисоб ба мераванд. Дар вақтҳои охир ба ин гурўҳи илмҳо равоншиносӣ (психология)-ро, ки илми гуманитарӣ мебошад, низ шартан мансуб медонанд. Дар заминаи омўзиши гуногуншаклии чизҳо ва ҳодисаҳо қонунҳои асосие бармеоянд, ки микро, макро ва мегаолам, Замин ва Кайҳон, ҳодисаҳои физикӣ ва химиявиро байни худ ва бо ҳаёту ақл алоқаманд мегардонанд. Вале омўхтани танҳо яке аз фанҳои табиатшиносӣ имкон намедиҳад, ки табиат бо ҳамаи хусусиятҳояш дониста шавад. Аз тарафи дигар, чунин равиш имкон медиҳад алоқаҳои ниҳоние ошкор карда шаванд, ки ягонагии ҳамаи ҳодисаҳои физикӣ, химиявӣ ва биологиро ба вуҷуд меоранд ва дар натиҷа ин ҳодисаҳо хеле амиқ ва дақиқу пурра фаҳмида шаванд ва то дараҷаи муайяне илмҳои физика, химия ва биология аз худ карда шаванд. Мақсади табиатшиносӣ дарёфти моҳияти ҳодисаҳо, қонунҳои онҳо ва дар ин замина пешгўӣ ё кашф кардани ҳодиса ва қонунҳои нав ва муайян кардани имкониятҳои нави дар амалия истифода кардани қонунҳои табиат мебошад.

Дар табиатшиносии муосир ду раванди зикршуда ҳаста (мағз, ядро)-и табиатшиносиро ташкил медиҳанд. Ин соҳаи табиатшиносиро аз шаклҳои ҳаракати материя (ҳаюло) фарқ мекунанд.

Мавзўи табиатшиносӣ донистани шаклҳои гуногуни ҳаракати материя (ҳаюло) мебошад. Сохт ва ташкили ҳар он чизе, ки дар Кайҳон мавҷуд аст, мавзўи омўзиши табиатшиносӣ мебошад. Табиатшиносӣ қонуниятҳои махсусеро ошкор месозад, ки онҳо хосиятҳои мушаххаси олами моддиро шарҳ медиҳанд. Илмҳои табиатшиносӣ дар замони мо ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Олами физикӣ имрўз фосилаи калони миқёсҳоро фаро гирифтааст. Дар миқёсҳои микроскопӣ, масалан, дар физикаи зарраҳои бунёдӣ бо бузургиҳои тартиби 10-22см ва 10-15см сарукор мегирем. Дар миқёсҳои макроскопӣ, масалан, дар кайҳоншиносӣ (космология) вақт баробари 1010 сол (синни Кайҳон), масофа бошад, 1028 см (радиуси уфуқи рўйдодҳо, яъне масофае, ки аз он сигналҳои физикиро қабул кардан мумкин аст) буда метавонад.

Дар марҳилаи муосир табиатшиносӣ робитаи худро ба иқтисодиёт, донишҳои гуманитарӣ ва ҳатто ба санъат қавӣ намуда, ба инсон хеле наздикӣ пайдо мекунад. Тасаввурот оид ба ягонагии инсон ва табиат – коэволютсия дар асри гузашта дар Русия шурўъ ба ташаккул намуда, номи космизми русиро гирифт. Намояндагони он (П. Флоренский, В. Соловев, Н. Федорова, Л.Н. Толстой, В. Вернадский) андеша меронданд, ки фикр ва шуур низ аз мавҷудоти табиат мебошанд.

Моҳият ва хусусиятҳои асосии ин таълимотро ба таври кўтоҳ чунин маънидод кардан мумкин аст: инсон қисми таркибии табиат аст; онро мебояд бо табиат муқобил нагузошт, баръакс дар ягонагӣ бояд баррасӣ намуд; инсон ва ҳамаи он чизе, ки ўро иҳота кардааст, қисми Кайҳони ягона мебошад; инсон омили фаъоли табиат аст.

Омўзиши табиат дар муддати бештар аз дуним ҳазор сол нишон дод, ки ҳарчанд табиатшиносӣ дар воқеияти таҷрибавӣ асос меёбад, вале ин манбаи ягонаи донишҳои бунёдӣ нест. Ҳар гуна дониши назариявӣ дар доираи тасаввуроти умумӣ оид ба табиат амалӣ карда мешавад. Маҳз ҳамин тасаввурот манбаи новобастаи мафҳумҳо, принсипҳо ва гипотезаҳои нав мебошад. Онҳо тасаввуроти умумитар оид ба табиат мебошанд, ки зери таъсири ғояҳои муайяни фалсафӣ – консепсияҳои бунёдии табиатшиносӣ ташаккул ёфтаанд.

Илмҳои гуманитарӣ, дар тафовут бо илмҳои табиатшиносӣ, (инсонпарастӣ) инсон ва ҷамъиятро меомўзанд. Илмҳои мазкур низоми донишҳо оид ба ҷамъият, қонунҳои пайдоиш ва рушди онҳо, фарҳанг ва монанди ин мебошанд.

Мавзўи илмҳои гуманитарӣ арзишҳои ҷамъият мебошад. Ба онҳо ғояҳои ҷамъиятӣ, мақсад, меъёрҳо ва қоидаҳои тафаккур, муомила ва рафтор дохил мешаванд, ки ба фаҳмиши муайяни манфиат ба шахс гурўҳ ва инсоният асос ёфтаанд. Дар ҷамъият ҳеҷ чиз бе мақсадҳои бошуурона ва бе манфиат содир намешавад, дар табиат бошад, равандҳои табиӣ новобаста ба инсон амал мекунанд. Аз ин рў, дар бисёр маврид кўшиш мекунанд, ки фарҳанги гуманитариро ба фарҳанги табиатшиносӣ муқобил гузоранд. Вале, новобаста ба тафовути илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ, дар байни онҳо на ҳамеша хатти ҷудоӣ кашидан мумкин аст (масалан, донистани ба кадом соҳа мансуб будани георгафияи иқтисодӣ душвор аст).

Табиатшиносӣ ба рушди илмҳои гуманитарӣ таъсири назаррас мегузорад. Таваҷҷуҳи мавҷудаи байни илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ аз он иборат аст, ки табиатшиносӣ тамоюл ба омўхтани ҳодисаҳои такроршаванда, умумӣ, универсалӣ дорад, дар сурате, ки илмҳои гуманитарӣ тамоюл ба ҳодисаҳои махсус, мушаххас, нодир ва такрорнашаванда доранд. Мақсади табиатшиносӣ тасниф ва тавзеҳи обйекти худ, идора кардани дониш аз мавқеи принсипҳои берунвақтии ҳастӣ мебошад. Мақсади илмҳои гуманитарӣ бошад, фаҳмиши обйекти худ, ёфтани тарзҳои тафсир ва мазмуни обйекти маърифат, муносибати худ ба он мебошад.

Илмҳои техникӣ қонунҳо ва махсусияти сохтан ва амалкарди таҷҳизоти мураккаби техникиеро меомўзанд, ки онҳоро одамон дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ истифода мекунанд. Олами техника қонунҳои худро дорад, ки онҳоро барои пешрафти техникӣ омўхтан зарур аст.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин