Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ЗИКРИ ХАЙР

ЗИКРИ ХАЙР


Тавассути шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода ба Шаҳринав омадем. Сари дастархони пуранвои омўзгори соҳибтаҷриба амаки Аҳмад нишаста, даст ба дуо бардошта, шукр кардем, ки дар кишварамон тинҷию амонӣ, серию пурӣ фаро расида, одамон зиндагии хушбахтона доранд.
Аҳмад Қурбонов, ки синнаш ба ҷое расида, пастию баландиҳои зиндагиро паси сар намудааст, аз хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хомўш сохтани оташи ҷанги бародаркуш, рушди ҷомеа, бахусус бунёди нерўгоҳҳо, роҳҳо, корхонаҳои саноатию иҷтимоӣ ҳарф зада, афзуд:
– Чунин Сарвареро, ки барои ободии Ватан, некуаҳволии халқ ин қадар заҳмат кашида, ба мардум хизмат карда бошад, таърих ёд надорад. Ба ҳама соҳа, ба хурду бузург диққат медиҳад…
Амаки Аҳмад суханашро ба поён нарасонда писараш сардухтури ноҳия Ҷамолиддин ҳамроҳи корманди шуъбаи маориф Қудратулло Аюбов ҳозир шуданд.
– Ин кас писари шодравон Наҷмиддин Аюбов, – Қудратуллоро шинос кард Ҷамолиддин. – Солҳои зиёд ба ҳайси раиси ҷамоат, корманди гумрук кор карда, ҳоло вазифаи корманди масъули шуъбаи маорифро ба ўҳда дорад. Писари ҳамон шахсе, ки тамоми умр ба нафъи халқ, барои ободии диёр талош кардааст.
Боре сари роҳ раиси хоҷагӣ Аюбов маро дида, мошинашро нигоҳ дошта гуфт:
– Шинед, то ҷойи коратон мебарам.
Баъди он ки ба мошин савор шудам, ба рўям зеҳн монда, пурсид:
– Чӣ мешавад, ки ба табобатхонаи назди хоҷагӣ ба кор биёед?
Аз хурсандӣ чӣ гуфтанро надонистам:
– Агар розӣ бошед, ёрӣ медиҳам.
Бегоҳ аз кор ба хона баргаштам. Дар бораи таклифи раис ба падарам хабар додам.
– Дер накун, писарам, розӣ шав, – афзуд вай, – наздаш рав, ёрӣ дода метавонад.
Ин даврае буд, ки бозсозиҳои замони шўравӣ авҷ гирифта, гурўҳҳои манфиатҷў як шуда, сардорони бомаълумоти ба кори давлат содиқ ва ҷонсўзро аз вазифа пеш карда, наздикони ноуҳдабарои худро интихоб мекарданд.
Рўзи дигар ба идораи Наҷмиддин Аюбов даромаданӣ шудам. Дар қабулгоҳ се марди танумандро дидам, ки бо ғурур нишаста, сигор кашида, бо овози баланд мегуфтанд:
– Аюбов ба мо лозим нест! Аз кор равад! Мо одами худамонро интихоб мекунем.
Онҳоро шунида бетоқат шуда гуфтам:
– Ба фикри ман Аюбов ба хоҳиши худаш не, бо тавсияи роҳбарони ноҳия ба кор омадааст. Илова ба ин, вай сардори кордон аст. Хоҷагиро даромаднок карда метавонад.
– Ту чӣ, тарафдори вай ҳастӣ?! Омадӣ, ки моро гап нишон диҳӣ?!
– Мо ўро кор кардан намемонем, вассалом, – гуфтанд онҳо.
– Коре, ки Аюбов карда метавонад,– гуфтам бо ҳаяҷон, – Шумо ҳеҷ гоҳ карда наметавонед!...
Мансабталошон ҳис карданд, ки ман дар бораи Наҷмиддин Аюбов бо далелҳои мушаххас ҳарф мезанам, аз қабулгоҳ баромада рафтанд.
Назди раис даромада, ўро бо сари хам дидам. Ба маълумотномаи хоҷагӣ менигарист.
– Омадед?– пурсид аз ҷояш нимхез шуда. – Шумо барин мутахассис барои мо чун обу ҳаво зарур. Шумо, ки назди мо ба кор омадед, дардмандон машаққат кашида ба ҷои дигар намераванд.
Баъди ин суханҳо вай боз ба маълумотнома зеҳн монда, гуфт:
– Хоҷагӣ дар ҷамъоварии пахта қафо мондааст. Шаб дар хона бисёр фикр кардам, хобам набурд. Шояд фишорам баланд шуда бошад…
– Бароятон дору биёрам? – пурсидам.
– Не, ҳоло вақти дору нест. Ба комиҷроия рафтан зарур. Оид ба суръати ҷамъоварии пахта аз ҷумҳурӣ намоянда меомадааст.
Раис ба рафтан омода шуда, илова кард:
– Агар тавонам бегоҳ назди падарат меравам.
Бегоҳӣ раис бо падарам бародарвор вохўрда гуфт:
– Ҷамолиддинро ба ҷои кори нав оварданием. Шумо ба ин чӣ мегўед?
– Ҳарчи ки шумо гўед, –изҳор намуд падарам хурсандона. – Гапи шумо барои мо қонун.
Ҷамолиддин Қурбонов ба ҷои кори нав ба вазифаи табиби қитъавӣ, сипас сардухтури ноҳия таъин шуда, барои саломатии одамон шабу рўз заҳмат мекашид.
***
Бори дигар Аюбов ба хонаи мо омада, изҳор намуд:
– Медонед, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми наҷиб пеш гирифта, 75 ҳазор гектар заминро ба ихтиёри одамон медиҳад, мардум сер мешавад. Замин барои мо ҳам шиками сер асту ҳам тани пўшида.
– Агар хоҳиш дошта бошед, ариза нависед, ба идора биёед, соҳиби замин мешавед. Дар як гўшаи он хона месозеду дар гўшаи дигари он боғ бунёд мекунед.
– Баъди он ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ ба имзо расид, – изҳор намуд амаки Аҳмад, соҳиби замин шудем. Хона сохта, боғ бунёд кардем.
– Мана, ҳоло чи тавре ки мебинед, – ба гап ҳамроҳ шуд, падараш, мо бо дастгирии Аюбов (руҳаш шод бод) ҳам соҳиби хона ҳастему ҳам замин.
***
Наҷмиддин Аюбов сарваре буд нисбат ба худ сахтгиру серталаб, нисбат ба дигарон ғамхору меҳрубон. Боре, банда ҳамчун рўзноманигор, барои инъикоси таҷрибаи кораш ба хоҷагӣ омадам. Ўро бо чеҳраи аз офтоб сўхта, дар сар тоқӣ, дар по музаи керзӣ, дар бар ҷомаи ласи сиёҳи нимдошт байни чинакчиён дарёфтам. Мўи сари сафед, чинҳои пешона аз умри бобаракати ин марди заҳматкаш шаҳодат медоданд.
Синну соли Наҷмиддин Аюбов ҳарчанд ба ҷое расида бошад ҳам, бардаму оқилона, хайрхоҳона андешаронӣ мекард. Аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон боифтихор ҳарф мезад. Дар фаъолияти бисёрсола боре ҳам ба истироҳати меҳнатӣ баромада, дам нагирифтааст.
Ҳамаи инро дидаю аз одамон шунида, ба хулосае омадем, ки вай барои худаш не, барои хушбахтии мардуми диёр ҳаёт ба сар бурдааст.
Соли 1957, баъди хатми дониш¬гоҳи кишоварзӣ, дар колхози «Ленинград»– зоотехник, дар совхози Роҳи Ленин-директор, дар хоҷагии ба номи Фрунзе ба ҳайси раис кор карда, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида, борҳо вакили халқ интихоб шудааст. Аз ҳисоби даромади хоҷагиҳо мактаб, шифохона, манзилгоҳ сохта, роҳҳои байни деҳаҳоро мумфарш карда, хатти барқ кашида, қубурҳои оби нўшокӣ хобондааст.
Дар фарҷоми сафар бо фарзандони раис Қудратулло – корманди шуъбаи маориф, Нусратулло –раиси ноҳия, Бахтиёр – корманди мақомоти қудратӣ вохўрдем. Онҳо ифтихор карданд, ки падарашон дар фаъолияти бисёрсола ба касе ҳарфи бад нагуфтааст.
Ў ҳикоя кард, ки дар деҳаи Чузӣ (Баҳористон) таваллуд шуда, рўзе 7 километрро пиёда тай намуда, ба хондан мерафт. Мактаби иб¬ти-доиро хатм карда, дар мактаби 7-солаи ноҳияи Шаҳринав, сипас дар мактаби миёнаи ноҳияи Шаҳритус таълим гирифта, омўзгор шудааст.
– Дидам, ки маълумотам камӣ мекунад, – ҳикоя кард вай, – аввал ба донишгоҳи миллӣ, баъд дар донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанбе хонда, соҳиби ихтисоси фанни математика шудам. Ба ҳайси омўзгор, мудири қисми таълимӣ, директори мактаб кор карда, шогирдони сазовори замон ба камол расондаам. Соҳиби 42 набераю 34 абера ҳастам.
Вай баъди ин суханҳо лаҳзае хомўш монд. Албоми калонеро кушода, ба аксҳои он назар андохта идома дод:
– Солҳои аввали корам бо ҷомаи нимдошт ба мактаб рафта меомадам. Ба ҷойи қалам (ручка) хаси қамишро истифода мекардаму варақҳои зарди кўҳнаро. Аз набудани барқ чароғи хираи керосинӣ месухтем. Ба ҷойи нони гандум нони ҷав мехурдему баъзе вақтҳо сабўсу кунҷола.
Сокинони деҳаи мо, ки нисф тоҷику нисф узбеканд, як пора нонро бо ҳам хурда, ба якдигар духтар дода, келин гирифта, омехта шудаем, байни мо фарқ гузошта намешавад.
Барои исботи ин гуфтаҳо амаки Аҳмад қисса кард, ки модараш Фотима тоҷик буду падараш Шералӣ ўзбек. Онҳо ба якдигар ошиқ шуда, оила барпо карданд.
– Падарам (солҳои 30-40 асри гузашта) дар ноҳияҳои Обигарм ва Даҳанакиик (Ғозималик) ба ҳайси прокурор кор карда, баъди сар шудани ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хатти пеши муҳориба рафта, ҳалок мегардад.
Вай зиндагии якҷояи мардуми тоҷику узбекро ба косаи шароб нисбат дода гуфт:
– Мо бояд ин косаи меҳру муҳаббатро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Ҳамсари аввалаи банда, модари нуҳ фарзанд, тоҷик буд. Бо амри тақдир аз дунё гузашт. Бо маслиҳати фарзандон бо узбекзан хонадор шуда, ҳаёти хушбахтона ба сар мебарем. Фарзандонам Ҷамолиддин – сардухтури табобатхонаи Шаҳринав, Мавҷуда – омўзгори фанни забони русии донишгоҳи тиббӣ, Умеда-омўзгори фанни математикаи донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Онҳо ҳар доим моро хабаргирӣ омада, хонаи моро ба туйхона табдил медиҳанд.
Суҳбати сари миз анҷом наёфта, ду ҷавони қадрас «салом» гўён ҳозир шуданд.
– Инҳо писарони Ҷамолиддин, набераҳои ман, – онҳоро ба мо шинос кард амаки Аҳмад ва якеро Шералӣ ном бурду дигареро Муҳаммад.
– Шералӣ Донишгоҳи олиро хатм карда, ба ҳайси муовини сардори шабакаи фурўши барқи ноҳия кор мекунаду Муҳаммад ба ҳайси ҷарроҳи табобатхонаи марказӣ.
– Шодравон Аюбовро дар хоб дидам, – рў овард бобо ба набераҳо,– Чӣ мешавад, ки сари гўраш равем?
– Мо ба хизмат тайёр, –ҷавоб доданд онҳо.
Амаки Аҳмад роҳравон ҳикоя кард, ки Аюбов ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш васият карда буд, ки баъди марг ҷасадашро поёни пои модар ба хок супоранд.
Ўро шунида, суханони Ҳазрати Муҳаммад (с) ба ёд омад, ки фармуда: Биҳиш, дар зери қудуми модарон аст.
Фарзандону набераҳо васияти падарро ба ҷо оварданд. Болои сараш нигоштанд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накуном зист,
К- аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Раҷабалӣ АҲМАДОВ,
нависанда
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин