Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 22:48 – Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун 
  • 22:42 – Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои помидор дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов 
  • 22:37 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд 
  • 22:34 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро ифтитоҳ намуданд 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ва дар вазифаҳои гуногун дар вазорату идораҳо таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ва дар вазифаҳои гуногун дар вазорату идораҳо таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар вазифаҳои гуногун дар вазорату идораҳо таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, Дӯстзода Ҳасан Тағдир, Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир, Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ ва Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ — аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғафор Азиз — муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидвализода Барно Саиднабӣ — Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Раҳимзода — Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шуданд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Нурулло — мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ — муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Ёқуб Борон — директори Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳайдарзода Анвар Ҳайдар — Машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои хизмати давлатӣ таъиншударо ба фаъолияти содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат, рафъи камбудиву норасоиҳо ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳидоят карданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба вусъати корҳои ободонӣ, ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ба иқтисодиёти мамлакат, тақвияти тадбирҳои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, дастуру супоришҳо доданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин