Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Фазилати «Хирадманд»

Фазилати «Хирадманд»
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо чунин ном маҳфиле фаъолият дорад…
Дар Донишгоҳии миллии Тоҷикистон ба таври доимӣ «Маҳфили хирадманд» амал менамояд, ки дар он оид ба мавзуҳои худшиносию хештаншиносӣ чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ баргузор мегардад.
Ин дафъа дар назди донишҷўёну устодон сиёсатшиноси варзида ва ходими давлатӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Асрорӣ Мирзошоҳрух дар мавзуи «Омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ дар замони муосир» суханронӣ намуд. Ў аз ҷумла гуфт, ки 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рўзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин навишта шуд. Аз он санаи таърихӣ бист сол сипарӣ мешавад. Бо кушишу заҳматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сокинони мамлакат сулҳу ваҳдат сол то сол таҳким ёфта, Тоҷикистон ба комиёбиҳои назаррас муваффақ мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзи нахустини ба сари қудрат омаданашон натанҳо мардуми парешонгаштаро сарҷамъ намуданд, инчунин барои ба ҳам наздикшавии халқи Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд, аз ҷумла роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ таъмиру аз навсозӣ шуда, пулу нақбҳо бунёд гардиданд. Дар шароити кўҳистон анҷоми ин корҳо хеле заҳматталаб буд.
Мақсад аз амалӣ гаштани ин тадбирҳо ба ҳам наздик гардонидани минтақахои дурдаст ва аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Зеро дар фаслҳои тирамоҳу зимистон баъзан роҳҳо баста гардида, рафту омад қатъ мешуд. Алҳол сокинони ҷумҳурӣ дар тамоми фаслҳои сол бемалол ба гўшаҳои дурдаст рафту омад намуда, меҳру муҳаббат байни якдигар мустаҳкамтар мегардад.
Ана ҳамин ваҳдату ягонагӣ аст, ки Тоҷикистон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт ба пешравиҳои беҳамто муваффақ мешавад. Анҷоми корҳои азиме, ки дар пеш истодааст, амсоли бунёди нерўгоҳҳои барқӣ обӣ, зиндагии мардуми моро боз ҳам пурнишоттар мегардонад. Барои оянда боз ҳам мустаҳкам намудани давлату давлатдорӣ ҷаҳду талош, донишу истеъдоди ҳар яки мо нақши муҳиме мебозад. Пеш аз ҳама мо бояд ҳар кадом ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем, то ки касе оромию осудагии мардуми моро халалдор накунад.
Набояд фаромўш кард, ки на ба ҳар як миллат давлату давлатдорӣ муяссар мегардад. Баъзе миллатҳое ҳастанд, ки садсолаҳо боз барои истиқлолият мубориза мебаранд. Вале соҳиби давлат намешаванд. Мо миллати хушбахтем, ки баъди ҳазорсолаҳо боз аз нав соҳиби давлати мустаҳқил шудем. Барои то чунин сатҳи баланди зиндагӣ расидан халқи мо мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузаронид. Баъди пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ, Тоҷикистон ягона кишвари иттиҳод буд, ки дар он ҷангу низоъҳо бархост.
Дар ҷумҳурӣ задухўрдҳои мусаллаҳона ба амал омада, боиси парешонии сокинони мамлакат гардид. Дар ҳамон замони пурошўби давраи гузариш ба сохти нав Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешво мардумро аз тамоми гўшаҳо ва берун аз он сарҷамъ намуда, якпорчагии ҷумҳуриро нигоҳ доштанд. Ба ҳама муқовимату даҳшатҳои ба миён омада нигоҳ накарда, натанҳо мардумро сарҷамъ намуданд, инчунин ҷиҳати барқароркунии сохторҳои давлатдорӣ иқдом намуданд.
Бо шарофати сулҳу субот, ваҳдату иродаи матини кулли мардуми тоҷик, инчунин кўмакҳои беғаразонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои миёнарав мо тавонистем, ки на танҳо давлатамонро аз парокандагӣ наҷот бахшем, балки дар таъмини рушди побарҷои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.
Вале набояд фаромўш кард, ки ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳанӯз оғози баҳамойӣ ва ба иттиҳоди ду ҷониби даргир буд. Аз ин рў, ҳадафи аслии Роҳбари мамлакат ҳамчун кафили давлати соҳибистиқлол ва орому осоишта ин буд, ки даст ба дасти ҳам додани ҳамаи шаҳрвандони кишвар на дар зоҳир, балки он бояд дар амал пиёда гардад. Солҳои сипаришуда, ки барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари мо марҳилаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад, воқеан ҳам ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб баланд гардид.
Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, барои ҳамешагӣ вориди рўзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Дар он рӯзҳои тақдирсози таърихи худ мо дарк намудем, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ва шиддат ёфтани муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон, пароканда шудани миллати тоҷик ва ҳатто аз байн рафтани марзу буми ягонаи он гардад.
Табиист, ки дар рӯзҳои сахту мудҳиш таҷрибаи талхи давлатдории Сомониён пеши назар меомад. Аз таърих медонем, ки дар натиҷаи фитнаву дасисаҳо, вусъат ёфтани мухолифату задухӯрдҳо дар миёни фарзандони як миллат давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон ба шикаст рў овард.
Ҳамин тариқ, бар асари фитнаву низоъҳое, ки душманони миллати мо дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта роҳандозӣ карда, оташи ҷанги таҳмилиро дар ҷумҳурии мо афрӯхтанд, мухолифати шадиди мусаллаҳона доманадор шуд ва меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як амали муқаррарӣ табдил ёфта буд.
Бинобар ин, пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар он рӯзҳо чандон осон набуд. Роҳбарияти тозаинтихоби мамлакат дар раъси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мухолифони сиёсии мусаллаҳро ба сулҳ ва музокирот даъват намуда буд. Яъне, аз рӯзҳои аввали барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷангу зӯроварӣ ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад гардида, роҳи осоишта ва сиёсии ҳалли мухолифатҳо аз тариқи гуфтушуниди ҷонибҳо ба миён гузошта шуд.
Мусаллам аст, ки дар он рӯзҳо дастурамали тайёр ё худ ягон намунаи таҷрибаи сулҳофарӣ мавҷуд набуд, ки онро ҳамчун асос қабул кунему аз рӯи он корбарӣ намоем. Дар ҳамаи ҳашт даври музокироту бисту як вохӯриҳои расмӣ, ки қариб чор сол идома ёфтанд, фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайнро фароҳам оварда, чун роҳнамои асосӣ ба Конститутсияи мамлакат ва иродаи ҷонибҳо такя карда мешуд.
Дар ҳамин замина миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангии дунё, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросову мадоро намояд ва ҷангу низои дохилиро бартараф созад. Агар раҳбару раҳнамо ва мушкилкушое чун Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дошта бошад. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар поёни асри гузашта ба ҷанги бародаркӯш хотима бахшида, гурезаҳоро ба ватан баргардонида, харобаҳоро аз нав обод намудем.
Бар асари низои дохилӣ иқтисоди мамлакат ба андозаи 8-10 миллиард доллари амрикоӣ зарар дид, ки барқарор намудани он вақти тӯлонӣ ва заҳмату талошҳои зиёдеро тақозо намуд. Хушбахтона имрӯз бо эътимоду боварӣ гуфта метавонем, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилиамон рӯ ба афзоиш дорад. Сатҳи камбизоатӣ ба маротиб коҳиш ёфта, айни замон 30 дарсадро ташкил медиҳад. Дараҷаи тавварум низ қаноатбахш мебошад. Равнақи иқтисоди моро тайи чанд соли охир созмонҳои молиявии ҷаҳон ба мушоҳида гирифта, воқеияти онро эътироф мекунанд.
Ҳамаи ин пешрафтҳоро мо аз баракати Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу суботи пойдор, заҳмати пурмаҳсули мардум ва раҳбарии хирадмандонаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем. Дар амри ба даст овардани комёбиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, созмонҳои иҷтимоӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши сазовори худро мегузоранд.
Имсол мо бистсолагии рўзи имзогузории истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро дар ҷумҳурӣ ҷашн мегирем. Барои дар сатҳи баланди худшиносию ватандўстӣ гузаронидани Рўзи ваҳдати миллӣ дар ҳама гушаҳои мамлакат омодагиҳо идома дорад. Дар ин кор аз шумо ҷавонон умеди сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст.
Соли 2017, ки аз ҷониби Пешвои миллат «Соли ҷавонон» эълон шудааст, ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки бо ташаббусҳои нави созандагӣ дар таҳким бахшидани сулҳу ваҳдат ба пешрафту ояндаи неки Точикистон саҳмгузор бошем. Бояд омилҳоеро ҷустуҷў намоем, ки дастовардҳои имрўзаи мо боз ҳам афзунтар гардад. Вазъи пурмоҷарои имрўза моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида зираку ҳушёртар бошем. Ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб чорае андешида тавонем. Дар пешгирӣ намудани гароиши баъзе ҷавонон ба гурўҳҳои террористию экстремистӣ донишу малакаи худро истифода барем.
Имрўз, ки мо ворисони ин сарзамини куҳанбунёд ҳастем. Бинобар ин бояд кушиш кунем, ки ба қадри заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Ҷаҳду талош намоем, ки оянда ҳамчун мутаҳассиси болаёқат ба халқу Ватани азиз хизмати арзанда кунем
Шералӣ МУСТАФОҚУЛОВ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин