Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 22:48 – Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун 
  • 22:42 – Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои помидор дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов 
  • 22:37 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд 
  • 22:34 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро ифтитоҳ намуданд 

КУМАКИ ДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН. Ба зарардидагони офати табиии давлати ҳамсоя масолеҳи сохтмонӣ расонида шуд

КУМАКИ ДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН. Ба зарардидагони офати табиии давлати ҳамсоя масолеҳи сохтмонӣ расонида шуд

20 май кумаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол гардид. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути қатораҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Кумаки дӯстонаро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираҳои моддии Суғд» ба роҳбарияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон расониданд.
Кумаки мазкур аз 51 қатораи боркаш иборат буда, асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу мех ва дигар лавозимоти заруриро дар бар мегирад.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ин иқдоми дӯстонаро баёнгари рӯҳияи баланд ва неки мардуми ду давлати бо ҳам дӯст ва нишонаи возеҳи шарикии стратегии ин ду кишвар арзёбӣ намуд.
Кумаки дӯстона баҳри бартараф намудани оқибати офати табиӣ, ки дар натиҷаи он обанбори Сардобини вилояти Сирдарё канда шуда, хисороти зиёд ба бор оварда буд, равона мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки чанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марбут ба ҳодисаҳои офати табиӣ дар вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамдардии амиқи мардуми Тоҷикистонро баён дошта буданд.
ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин