Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Россия

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Россия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба бо сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифт. Сипас аксгирии якҷояи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишвари ҷаҳон ва роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ба шаҳри Москва ташриф оварданд, баргузор гардид.
Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он 15 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.
Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин 225 техника ва 150 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 24 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ — мудофиавӣ муаррифӣ карда шуд. Дар расми паради ҳарбӣ дар баробари намоядагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Шумораи умумии иштирокчиёни Паради ҳарбӣ аз Тоҷикистон 75 нафарро ташкил дода, гузашти низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Москва командири Баталиони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Файзимуҳаммад Ҳафиззода роҳбаладӣ намуд.
Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.
ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин