Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

ВАҲДАТ - НАВРЎЗИ УМЕДИ МИЛЛАТИ МОСТ

ВАҲДАТ - НАВРЎЗИ УМЕДИ  МИЛЛАТИ МОСТ
«Бигзор мардуми шарафманди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, фазои осудаи мамлакат ва пойдории истиќлолияти Ватан бо меҳнати бунёдкоронаи хеш кохи бегазанди Ваҳдати миллиро обод нигоҳ дошта, ба сўйи фардои ободу осуда ќадамҳои устувор гузоранд».
Эмомалӣ РАҲМОН


Наврўзи умеди миллати мо ваҳдат,
Шаҳроҳи сафеди миллати мо ваҳдат.
Хуршеди пуранвори диёри обод,
Аз бахт навиди миллати мо ваҳдат.
Ваҳдат, иттиҳод, ҳамбастагӣ, дўстию бародарӣ! Ин вожаҳо мафҳумоти муќаддас буда, ба дилу ҷони ҳар як инсон азизу ќаринанд ва зиндагӣ аз онҳо рангу бўю авҷу нумўи тоза мегирад. Бе ягон муҳобо ва шакку тардид, ваҳдат нав-рўзи умеди ҳар як халќу миллат аст. Шоҳроҳи сафеди мардум ҷониби фардои дурахшон аз он оѓоз мегирад. Бахт ба рўйи одам хандида, хуршед болои сараш нурафшонӣ мекунад. Дар маҷмўъ, ваҳдат сарчашмаи тамоми комёбиҳои халќу миллат мебошад. Аз ваҳдату дўстӣ баҳори орзуҳо гулафшон шуда, Ватан ободу шукуфо мегардад, офтоби муҳаббат ҷониби кас ханда мезанад. Ҷодаҳои ҳаёт инсонро ҷониби кўи муроду ќуллаҳои иќбол раҳнамун месозанд. Аз ин лиҳоз, 27 июни соли 1997, он рўзи саиду мубораке, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, дар таърихи навини халќи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Ба ќавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Барои халќи Тоҷикистон Рўзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи санаҳои таърихӣ ва таќдирсоз мебошад. Зеро Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оѓози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиќлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард».
Ҳаќ ба ҷониби Сарвари гиромиќадри давлат аст. Дар ҳаќиќат, Рўзи Ваҳдати миллӣ ҷашни саодат ва пирўзиҳои мардуми сарбаланду сарафрози тоҷик дар ҷодаи меҳанпарастию хештаншиносӣ, дўстию ягонагӣ ва баҳам-омаданҳо мебошад. Он рўзест, ки моро дубора эҳё кард, ба кору рўзгорамон маънию мазмуни тоза бахшид. Ватанро аз парокандагию нестӣ раҳо намуд. Ваҳдати миллӣ ҳумои бахту саодате буд, ки ба поси ҳастии ин халќу миллат насиби мо, тоҷикон, гардид. Ба ќавли Шоири халќии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Ќосим:
Ќатра-ќатра оќибат дарё шудем,
Зарра-зарра кўҳи побарҷо шудем.
Сад ҳазорон «ман» ба ҳам ҷамъ омадем,
То дар ин даҳри парешон «мо» шудем.
Ҳамин аз парокандагию нифоќ, ҷанги таҳмилии бародаркуш раҳоӣ ёфтани миллати тоҷик ва тавассути кўшишҳои пайвастаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат расидану "мо" шудани мардум дар он айёми нурбори моҳи июни соли 1997 манбаи илҳоми адибони тоҷик гардид. Дар лаҳзаҳои нахустини баъди имзои Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон устод Лоиќ Шералӣ мисраъҳои зеринро рўйи сафҳа овард:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳаќ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Устоди зиндаёд Ашўр Сафар бошад, аз оши оштии Хуҷанд илҳом гирифта, бо меҳру муҳаббати зиёд дар ситоиши Пешвои миллат чунин мисраъҳоро эҷод кард:
Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан ќанди сухан омадаӣ.
Ба замин не, ба ҳаво не,ба куҷо?
Сар-сари дидаи ман омадаӣ.

Чунин эҳсосоти пур аз меҳр аз ҷониби шоири шинохтаи тоҷик Ѓаффор Мирзо ин тавр ба ќалам дода шудаанд:
Чӣ навиде?! Хабари ид муборак бошад,
Ид дар домани хуршед муборак бошад!
… Панҷаи оштӣ гардид ду мушти паси пушт,
Тарафайн оз бубахшид, муборак бошад!

Чунин мисраю байт ва шеъру таронаҳои пур аз эҳсосҳои садоќату вафо, меҳру муҳаббат, орзую омол ва ва ифтихор аз ваҳдату дўстиро мо дар эҷодиёти устодони каломи бадеъ Муъмин Ќаноат, Ќутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Меҳмон Бахтӣ, Гулрухсор, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Ҳаќназар Ѓоиб, Муҳаммад Ѓоиб, Раҳмат Назрӣ, Ширин Бунёд, Фарзонаи Хуҷандӣ, Мирзо Файзалӣ, Шаҳрияи Адҳамзод, Ато Мирхоҷа, Рустами Ваҳҳоб, Гурез Сафар, Раънои Мубориз, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Норинисо, Парда Ҳабиб, Нуќраи Суннатниё, Кароматулло Олимзода, Абдусаттори Раҳмон ва дигарон мутолиа карда метавонем.
Оре, ба шарофати часпу талошҳои Пешвои муҳтарами миллат ва ба даст омадани сулҳу дўстӣ мо 27 июни соли 1997 давлати ягонаю воҳидеро, ки номи азизаш Тоҷикистон аст, аз нобудӣ наҷот додем. Аз ҳамон рўз барои мо, тоҷикон, ба маънии ҳаќиќиаш ватандорию ватансозӣ оѓоз гардид. Мо ба ҷанги таҳмилии бародаркуш хотима бахшида, рў ба ободонию созандагӣ овардем. Аз ин лиҳоз, ваҳдати миллии бадастовардаи мо муќаддас аст. Зеро он барору мадори зиндагӣ ва зўру тавони ҳар халќу миллат, аз ҷумла мо, тоҷикон мебошад. Ба ифодаи шоир агар баён намоем:
Ваҳдат- ин рўҳи мо, равони мост,
Ваҳдат - ин зўри мо, тавони мост.
Ваҳдат-ин рўзгори осуда,
Зиндагонии бехазони мост.
Ваҳдат-ин тахту тоҷи зарринкўб,
Ваҳдат-ин номи мо, нишони мост.
Инак, соли бистусеюм аст, ки мардуми сарбаланду меҳанпараст, сулҳхоҳу ваҳдатофари тоҷик ин санаи фархундаро дар фазои сулҳу суботи комил, якпорчагии Ватан ва дўстию якдигарфаҳмӣ, бо шукуҳу шаҳомати бузург истиќбол мегиранд. Одамон дар ҳама ҷо шукри ваҳдати миллию Пешвои ваҳдатофар мекунанд. Дар забони хурду калон каломи ваҳдату ягонагӣ пайваста садо медиҳад, Байти зерини Шоири халќии Тоҷикистон устод Камол Насрулло ҳолати имрўзаи мардуми моро ба таври мўъҷаз хулоса кардааст:

Нусрати дасти фишурда зинда бод!
Фатҳи мардони багурда зинда бод!

Аз баракати сулҳу ваҳдат ва дўстию бародарӣ Ватани азизамон,Тоҷикистони соҳибистиќлол боз ҳам ободу маъмур ва зеботару шукуфотар шуда истодааст. Дар замини синаи пиру ҷавон бошад, ниҳоли ваҳдат ќад кашида, дарахти пурфайзу боровар мешавад. Дидаҳо аз ҳусну ҷамоли ваҳдат нуру сафо мегиранд. Комҳо аз шаҳди нобу оби зулоли он ширину гуворо мегарданд.


СУРУШИ ВАҲДАТ
Ба поси ҳастии миллат расидаӣ, ваҳдат!
Ҳумои бахту саодат расидаӣ, ваҳдат!

Ҷилои нуру сафоӣ ба рўзгори навин,
Чу пайки ҳусну малоҳат расидаӣ, ваҳдат!

Бинои зиндагӣ аз иттиҳод побарҷост,
Чу пуштибони ҳаќиќат расидаӣ, ваҳдат!

Ту дар набарди накўномӣ омадӣ пирўз,
Ба даст парчами нусрат расидаӣ, ваҳдат!

Зи тоќи арши муалло кушодаӣ пару бол,
Ту чун паёми набувват расидаӣ, ваҳдат!

Канори зиндагии бехазони кишвари мо
Баҳори сабзи муҳаббат расидаӣ, ваҳдат!

Ба гўши мардуми озодаи Ватан, ай хуш,
Суруши меҳру садоќат расидаӣ, ваҳдат!

Барои тоҷики фархунда бар замини Каён
Нишони шавкату ќудрат расидаӣ, ваҳдат!

Ту ганҷу марҳамату лутфи Ҳаќ дар ин дунё,
Баќои пояи давлат расидаӣ, ваҳдат!
Нуриддини АМРИДДИН,
шаҳри Ваҳдат
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин