Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти нав иштирок намуда, бо рафти корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла роҳу усулҳои истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ шинос мешаванд ва бо аҳли заҳмату сокинони вилоят мулоқоту вохӯриҳо анҷом медиҳанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирию ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешрафту тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақшаву барномаҳои мукаммал амалӣ гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дода мешаванд.


ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин