Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:52 – Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд 
  • 09:34 – Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 
  • 11:01 – ҶАШНИ ПОЙДОРИИ СУЛҲ ВА БЕДОРИИ МИЛЛАТ 
  • 17:09 – ВАҲДАТ - НАВРЎЗИ УМЕДИ МИЛЛАТИ МОСТ 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонии «Файзи деҳқон» ва «Файзи Ҳоҷӣ»-и шаҳри Ҳисор дидан намуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонии «Файзи деҳқон» ва «Файзи Ҳоҷӣ»-и шаҳри Ҳисор дидан намуданд
22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор аз хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи деҳқон” ва “Файзи Ҳоҷӣ” дидан намуда, бо нашъунамои зироат аз наздик шинос шуданд.

Нахуст Роҳбари давлат бо фаъолияти кишоварзони Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” шинос шуда, бо аҳли заҳмат суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” 1,35 гектар заминро дар бар гирифта, аҳли заҳмат ба парвариши навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ машғуланд. Бо истифода аз маслиҳати мутахассисон ва риояи меъёрҳои агротехникӣ, коргарони хоҷагӣ ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда, дар таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифат нақш мегузоранд.

Имсол хоҷагидорон дар кишти асосӣ карам, боимҷон ва гулкарам корида, аз 0,25 гектар замини кишти карам 8 тонна маҳсулот ба даст оварданд. Ҳамчунин 0,30 гектари дигар барои парвариши картошка истифода гардида буд ва кишоварзон тавонистанд аз ин ҳисоб 7,5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Ҳамин гуна нишондиҳандаҳои чашмрас дар самти парвариши дигар номгӯи зироат низ мавҷуд аст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аҳли заҳмати хоҷагӣ ба масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва рӯёнидани чанд ҳосил диққати хосса дода, айни ҳол кишти такрории карам, гулкарам, картошка ва боимҷонро сомон медиҳанд.

Ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо сабзавоти барвақтии тару тоза, Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” фаъолияти гармхонаҳоро роҳандозӣ намудааст. Масоҳати умумии майдони гармхона дар хоҷагӣ 0,65 гектарро дар бар мегирад ва дар он парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст. Хоҷагидорон аллакай 25 тонна помидор ва 10,2 тонна бодиринг ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода пешниҳод карданд.

Дар Хоҷагии деҳқонии “Файзи Ҳоҷӣ” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзон дар кишти асосӣ парвариши картошка, пиёз, карами барвақтӣ, гулкарами барвақтӣ, гандум ва пахтаро роҳандозӣ карданд. Дар маҷмӯъ хоҷагӣ 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, баъди ҷамъоварӣ намудани ҳосили барвақтӣ дар қисме аз заминҳои холишуда аллакай кишти такрорӣ гузаронидаанд. Дар кишти такрорӣ дар масоҳати 0,40 гектар карам, 0,10 гектар картошка ва 0,80 гектари дигар ҷуворимаккаи дон коридаанд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки аз майдони 0,75 гектар замини пиёз аҳли заҳмат 45 тонна маҳсулот ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ҳосилнокии ҳар гектар майдони кишти картошка 262 сентнер, карами барвақтӣ 370 сентнер ва гандум 50 сентнерро ташкил медиҳад. Имсол хоҷагидорон дар масоҳати 0,60 гектар пахта кишт намуда, дар майдони 0,50 гектари дигар беда низ коридаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ба хотири рӯёнидани ҳосили баланд ва гузаронидани чанд кишт меъёрҳои агротехникиро ҳамаҷониба риоя намуда, заминро самаранок истифода баранд, зеро дар чунин вазъияти ногувор, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин метавонад бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуда, эҳтиёҷоти аҳолиро бо маводи ғизоӣ қонеъ созад.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуданд.

Аҳли заҳмат номгӯи гуногуни маҳсулотро, ки маҳсули заминҳои ҳосилхези хоҷагиҳо мебошад, муаррифӣ карда, оид ба дастовардҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот доданд. Аз ҷумла, дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни сабзавот, зироати ғалладонагӣ ва полезӣ манзур карда, сокинон имкониятҳои худро дар соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ муаррифӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо роҳандозии тадбирҳои саривақтӣ имсол дар шаҳри Ҳисор истеҳсоли тухми мурғ 90 ҳазор дона ва истеҳсоли асал 38,7 тонна афзоиш ёфтааст. Айни замон дар шаҳр 9 адад корхонаи парандапарварӣ фаъолият доранд, ки 8-тои он дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба истифода дода шуданд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин хоҷагиҳои чорвопарвар зотҳои гуногуни чорворо ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Ҳисор соҳаи чорвопарварӣ низ рушд карда, тибқи натиҷагирии нимсолаи аввали соли 2020 192 ҳазору 269 сар чорво зиёд гардидааст. Дар фермаҳои ширию молии хочагиҳои чорвопарвар асосан чорвои зоти “Сиёҳалои тоҷикӣ”, “Голштайн” ва зоти нави “Сементал” нигоҳубин карда мешавад.

Аснои боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷамъоварии зироат ва гузаронидани кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.

То имрӯз дар шаҳри Ҳсиор аз майдони 4 ҳазору 659 гектар аллакай ғалла ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 26,7 сентнерро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии картошка ва пиёз дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз аз майдони 84 гектар картошка ва 281 гектар пиёз ғунучин гардидааст. Тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат айни ҳол дар майдони 756 гектар кишти такрории зироати гуногуни кишоварзӣ идома дорад. Кишоварзон дар кишти такрорӣ асосан парвариши ҷуворимаккаи дон, шолӣ, лӯбиёгӣ, зироати техникӣ, картошка, сабзавот ва хӯроки чорворо ба роҳ мондаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба фаъолияти пурсамари кишоварзони шаҳри Ҳисор баҳои баланд дода, барои самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, зиёд намудани майдони кишт ва дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, ҳамчунин барои афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
ДУШАНБЕ, 22.07.2020. /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин