Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:42 – Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:21 – АРСАИ НОМУСУ НАНГ 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 

20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ РаҳмонДар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳрро бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Барои сохтмони варзишгоҳ 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардида буд.
Варзишгоҳ аз 6 қисм иборат буда, дар он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва бинои маъмурӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин оянда дар атрофи варзишгоҳ сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ, сохтмони Маҷмааи “Ваҳдати миллӣ”, Кохи ақди никоҳ ва бинои амфитеатр пешбинӣ шудааст, ки бояд то соли 2018 бунёд гардад.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди варзишгоҳ 28 августи соли 2014 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Ҳамон вақт Сарвари давлат супориш дода буданд, ки ҳамаи корҳои бунёдӣ ва ободонии атрофи варзишгоҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ анҷом ёфта, иншооти мазкур дар рӯзи ҷашни 20 — солагии Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шавад.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авлиёхӯҷа” ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Алянс Сомон” иҷро гардидааст. Дар корҳои сохтмону таҷҳизонидани Варзишгоҳ ҳамчунин коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Мунис-С”, “Ҳамсафар”, “Насби Нур”, “Салмон-Сохтмон”, “Фаридун”, “Темурҷон”, “ИМО” ва “Нури Ҳамадон” саҳм гузоштаанд.
Пас аз ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат дар иншооти наву замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Барои иштирок дар ин тадбири муҳим ва таҷлили ботантанаи санаи таърихӣ меҳмонони зиёд аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аҳли зиёи кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва сокинону фаъолони шаҳри Ваҳдат ҷамъ омаданд.
Нахуст Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷашнвора ва дар шахси онҳо кулли шаҳрвандони мамлакат, инчунин ҳамватанони бурунмарзиро бо 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз роҳи пуршарафи тайкардаи миллати сулҳофари тоҷик давоми 20 сол андешаронӣ карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарӣ, ки таҷассумгари дастовардҳои 20 — соли Ваҳдати миллӣ буд, пешкаши иштирокчиёни ҷамъоамади идона карда шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин