Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Сооронбай Шарипович,

Дар иртибот ба эълон кардани рӯзи мотами миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи коронавирус дар кишвар ҳамдардиву таъзияи амиқи ин ҷонибро ба тамоми мардуми бародари Қирғизистон иброз намуда, ба гирифторони ин бемории сироятӣ шифои ҳарчи зудтар хоҳонам.

Мо ҷараёни нигаронкунандаи дар сатҳи ҷаҳонӣ паҳн гардидани вируси сироятии “Ковид-19”-ро бо изтироби амиқ пайгирӣ менамоем.

Бовар дорам, ки Қирғизистони дӯст бо сарбаландӣ мушкилоти вобаста ба пандемияро бартараф мекунад ва тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати гирифтани пеши роҳи он ва ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ андешида мешаванд, ҳатман натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳанд овард.

Тоҷикистону Қирғизистонро анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамкории созанда ва дастгирии ҳамдигар, ки решаҳояшон аз умқи таърих маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Шумо изҳори итминон намоям, ки ҷониби Қирғизистон метавонад дастгирӣ ва мусоидати имконпазири моро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад».
ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин