Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:08 – Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор 
  • 17:02 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатӣ барафрохтанд 
  • 16:59 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд 
  • 14:23 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистони «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ намуданд 

ВАҲДАТ - НАВРЎЗИ УМЕДИ МИЛЛАТИ МОСТ

ВАҲДАТ - НАВРЎЗИ УМЕДИ  МИЛЛАТИ МОСТ
Наврўзи умеди миллати мо ваҳдат,
Шаҳроҳи сафеди миллати мо ваҳдат.
Хуршеди пуранвори диёри обод,
Аз бахт навиди миллати мо ваҳдат.
Ваҳдат, иттиҳод, ҳамбастагӣ, дўстию бародарӣ! Ин вожаҳо мафҳумоти муқаддас буда, ба дилу ҷони ҳар як инсон азизу қаринанд ва зиндагӣ аз онҳо рангу бўю авҷу нумўи тоза мегирад. Бе ягон муҳобо ва шакку тардид, ваҳдат нав-рўзи умеди ҳар як халқу миллат аст. Шоҳроҳи сафеди мардум ҷониби фардои дурахшон аз он оғоз мегирад. Бахт ба рўйи одам хандида, хуршед болои сараш нурафшонӣ мекунад. Дар маҷмўъ, ваҳдат сарчашмаи тамоми комёбиҳои халқу миллат мебошад. Аз ваҳдату дўстӣ баҳори орзуҳо гулафшон шуда, Ватан ободу шукуфо мегардад, офтоби муҳаббат ҷониби кас ханда мезанад. Ҷодаҳои ҳаёт инсонро ҷониби кўи муроду қуллаҳои иқбол раҳнамун месозанд. Аз ин лиҳоз, 27 июни соли 1997, он рўзи саиду мубораке, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, дар таърихи навини халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Барои халқи Тоҷикистон Рўзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз мебошад. Зеро Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард».
Ҳақ ба ҷониби Сарвари гиромиқадри давлат аст. Дар ҳақиқат, Рўзи Ваҳдати миллӣ ҷашни саодат ва пирўзиҳои мардуми сарбаланду сарафрози тоҷик дар ҷодаи меҳанпарастию хештаншиносӣ, дўстию ягонагӣ ва баҳам-омаданҳо мебошад. Он рўзест, ки моро дубора эҳё кард, ба кору рўзгорамон маънию мазмуни тоза бахшид. Ватанро аз парокандагию нестӣ раҳо намуд. Ваҳдати миллӣ ҳумои бахту саодате буд, ки ба поси ҳастии ин халқу миллат насиби мо, тоҷикон, гардид. Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим:
Қатра-қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кўҳи побарҷо шудем.
Сад ҳазорон «ман» ба ҳам ҷамъ омадем,
То дар ин даҳри парешон «мо» шудем.
Ҳамин аз парокандагию нифоқ, ҷанги таҳмилии бародаркуш раҳоӣ ёфтани миллати тоҷик ва тавассути кўшишҳои пайвастаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат расидану "мо" шудани мардум дар он айёми нурбори моҳи июни соли 1997 манбаи илҳоми адибони тоҷик гардид. Дар лаҳзаҳои нахустини баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ мисраъҳои зеринро рўйи сафҳа овард:
ВАҲДАТ - НАВРЎЗИ УМЕДИ  МИЛЛАТИ МОСТ
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Устоди зиндаёд Ашўр Сафар бошад, аз оши оштии Хуҷанд илҳом гирифта, бо меҳру муҳаббати зиёд дар ситоиши Пешвои миллат чунин мисраъҳоро эҷод кард:
Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.
Ба замин не, ба ҳаво не,ба куҷо?
Сар-сари дидаи ман омадаӣ.

Чунин эҳсосоти пур аз меҳр аз ҷониби шоири шинохтаи тоҷик Ғаффор Мирзо ин тавр ба қалам дода шудаанд:
Чӣ навиде?! Хабари ид муборак бошад,
Ид дар домани хуршед муборак бошад!
… Панҷаи оштӣ гардид ду мушти паси пушт,
Тарафайн оз бубахшид, муборак бошад!

Чунин мисраю байт ва шеъру таронаҳои пур аз эҳсосҳои садоқату вафо, меҳру муҳаббат, орзую омол ва ва ифтихор аз ваҳдату дўстиро мо дар эҷодиёти устодони каломи бадеъ Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Меҳмон Бахтӣ, Гулрухсор, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Раҳмат Назрӣ, Ширин Бунёд, Фарзонаи Хуҷандӣ, Мирзо Файзалӣ, Шаҳрияи Адҳамзод, Ато Мирхоҷа, Рустами Ваҳҳоб, Гурез Сафар, Раънои Мубориз, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Норинисо, Парда Ҳабиб, Нуқраи Суннатниё, Кароматулло Олимзода, Абдусаттори Раҳмон ва дигарон мутолиа карда метавонем.
Оре, ба шарофати часпу талошҳои Пешвои муҳтарами миллат ва ба даст омадани сулҳу дўстӣ мо 27 июни соли 1997 давлати ягонаю воҳидеро, ки номи азизаш Тоҷикистон аст, аз нобудӣ наҷот додем. Аз ҳамон рўз барои мо, тоҷикон, ба маънии ҳақиқиаш ватандорию ватансозӣ оғоз гардид. Мо ба ҷанги таҳмилии бародаркуш хотима бахшида, рў ба ободонию созандагӣ овардем. Аз ин лиҳоз, ваҳдати миллии бадастовардаи мо муқаддас аст. Зеро он барору мадори зиндагӣ ва зўру тавони ҳар халқу миллат, аз ҷумла мо, тоҷикон мебошад. Ба ифодаи шоир агар баён намоем:
Ваҳдат- ин рўҳи мо, равони мост,
Ваҳдат - ин зўри мо, тавони мост.
Ваҳдат-ин рўзгори осуда,
Зиндагонии бехазони мост.
Ваҳдат-ин тахту тоҷи зарринкўб,
Ваҳдат-ин номи мо, нишони мост.
Инак, соли бистусеюм аст, ки мардуми сарбаланду меҳанпараст, сулҳхоҳу ваҳдатофари тоҷик ин санаи фархундаро дар фазои сулҳу суботи комил, якпорчагии Ватан ва дўстию якдигарфаҳмӣ, бо шукуҳу шаҳомати бузург истиқбол мегиранд. Одамон дар ҳама ҷо шукри ваҳдати миллию Пешвои ваҳдатофар мекунанд. Дар забони хурду калон каломи ваҳдату ягонагӣ пайваста садо медиҳад, Байти зерини Шоири халқии Тоҷикистон устод Камол Насрулло ҳолати имрўзаи мардуми моро ба таври мўъҷаз хулоса кардааст:

Нусрати дасти фишурда зинда бод!
Фатҳи мардони багурда зинда бод!

Аз баракати сулҳу ваҳдат ва дўстию бародарӣ Ватани азизамон,Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам ободу маъмур ва зеботару шукуфотар шуда истодааст. Дар замини синаи пиру ҷавон бошад, ниҳоли ваҳдат қад кашида, дарахти пурфайзу боровар мешавад. Дидаҳо аз ҳусну ҷамоли ваҳдат нуру сафо мегиранд. Комҳо аз шаҳди нобу оби зулоли он ширину гуворо мегарданд.


СУРУШИ ВАҲДАТ
Ба поси ҳастии миллат расидаӣ, ваҳдат!
Ҳумои бахту саодат расидаӣ, ваҳдат!

Ҷилои нуру сафоӣ ба рўзгори навин,
Чу пайки ҳусну малоҳат расидаӣ, ваҳдат!

Бинои зиндагӣ аз иттиҳод побарҷост,
Чу пуштибони ҳақиқат расидаӣ, ваҳдат!

Ту дар набарди накўномӣ омадӣ пирўз,
Ба даст парчами нусрат расидаӣ, ваҳдат!

Зи тоқи арши муалло кушодаӣ пару бол,
Ту чун паёми набувват расидаӣ, ваҳдат!

Канори зиндагии бехазони кишвари мо
Баҳори сабзи муҳаббат расидаӣ, ваҳдат!

Ба гўши мардуми озодаи Ватан, ай хуш,
Суруши меҳру садоқат расидаӣ, ваҳдат!

Барои тоҷики фархунда бар замини Каён
Нишони шавкату қудрат расидаӣ, ваҳдат!

Ту ганҷу марҳамату лутфи Ҳақ дар ин дунё,
Бақои пояи давлат расидаӣ, ваҳдат!
Нуриддини АМРИДДИН,
шаҳри Ваҳдат
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин