Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ҶАВОНМАРДЕ ДАР ҚАЛАМРАВИ ВАҲДАТ

Оид ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди сулҳу муросову мадоро


ҶАВОНМАРДЕ ДАР ҚАЛАМРАВИ ВАҲДАТ

Табиист, ки дар остони ҷашни бузурги 20-солагии Ваҳдати миллӣ аз таърихи пурҳаводису мушкили муваффақ гаштан ба он ёдовар мешавем ва ҳадафи аслӣ аз ин воқеият он аст, ки ба қадри оромию субот бирасем ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем. Сулҳу субот барои мо тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар остонаи истиқлолияти давлатӣ рӯи саҳнаи сиёсии кишвар неруҳое омаданд, ки барои қутратро ба даст овардан Тоҷикистонро ба ҷанги ҳамватанӣ кашиданд. Дар он нобасомониҳо мамлакат зиёни калон дид.
Хисороти ҷанг ба кишвар беш аз 7 миллиард доллар буд. Бисёр деҳаҳои ҷануби кишвар ба харобазор табдил ёфтанд, ҳазорон манзил, роҳу кӯпрукҳо, биноҳои маъмурӣ, муассисоти маориф, фарҳанг ва тиб вайрон шуданд. Теъдоди паноҳандагон дар кишвар ба 850 ҳазор нафар расида буд. Аз ин 600 ҳазор нафарашон дар худи дохили ҷумҳурӣ ҷои зисти хешро тағйир дода, 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор нафар ба Руссия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва мамолики дигар фирорӣ шуда буданд.
Вазъ дар пойтахт ноором буд. Он ба мисли шаҳри харобу ниммурдае буд. Нақлиёт аҳён-аҳён ба чашм мерасид. Баъд аз ғуруби офтоб дар кӯчаву ҷодаҳо касеро дидан амри маҳол буд. Бозорҳо холӣ, нархҳо рӯз то рӯз боло мерафтанд. Пул бе қурб мешуд. Силоҳ дар дасти мардум чизи муқаррарие шуд. Роҳзанӣ, ғорат ва дуздӣ авҷ мегирифт. Бошандагони пойтахт тӯйу ҷашнҳояшонро дар ҳавлиҳо ва хонаҳои коммуналӣ бе суруду мусиқӣ мегузарониданд.
Ҳамин тавр, бархӯрдҳои ҳарбию сиёсӣ бешу кам ба саросари ҷумҳурӣ асар гузошт. Ҷомеаи замоне тинҷу осударо мавҷи ҷанги дохилии бардавом фурӯ мекашид. Фардои миллат барои ҳамагон тираву фоҷиабор буд. Гап дигар сари будан ё набудан, ҳаёт ё мамоти кишваре бо номи Тоҷикистон мерафт. Бисёр таҳлилгарон бо мавҷудияти минбаъдаи ин гуна давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон бовар надоштанд.
Вакилони халқ, ширкаткунандагони Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вақти интихоби якдилонаи ҳамсафу ҳампешаи хеш, вакили парламент, Раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ба ихтиёри ӯ сарварии ана ҳамин гуна давлатеро супорида буданд.
Аммо замоне, ки вакилони Шӯрои Олӣ дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмонро бо аксари овозҳо Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат интихоб намуданд, ӯ баъди ёд кардани савганд ва бӯсидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари минбар чунин гуфта буд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ҳангоми интихоби кадрҳо кӯшиш мекунам, ки намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шомил шаванд. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». «Ман ба Шумо сулҳ меоварам!», «То як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд!», «Дар ин роҳ ё мемирам, ё ба пирӯзӣ даст меёбам!»-ин суханони Сарвари давлат ҳам, ки он вақтҳо дар толори иҷлосия ва зимни савгандёдкунӣ гуфта шуда буданд, вирди забонҳо гардиданд.
Воқеан ҳам Роҳбари давлат алорағми ҳамаи пешгӯиҳои нотавонбинона нишон дод, ки бо хираду бурдборӣ, донишу таҷрибаи зиндагӣ, ҷасорату мардонагӣ, сабру таҳаммул ва риояи инсофу адолат метавонад давлатро ба камоли кордонӣ зери даст дошта бошад, ваъдаҳои додаи хешро яке аз пайи дигар қотеона ба иҷро бирасонад ва зиёда аз он, ба дараҷаи як давлатмарди тавонои сатҳи ҷаҳонӣ камол ёбад. Ҳамагон дарк мекарданд, ки бояд ҳарчи зудтар пеши роҳи ҷангу хунрезӣ гирифта шуда, дар кишвар амнияту субот барқарор гардад.
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон рисолати бузургеро бар дӯши хеш гирифт, ки он қатъи ҷанг, барқарории сулҳу созиш ва оштии миллӣ буд. Ӯ хуб мефаҳмид, ки иҷрои рисолати мазкур чи гуна ҷасорату фидокорӣ, бурдборию қотеияти инсониеро тақозо дорад. Вале ба он омода буд, ки суханрониаш ҳангоми иҷлосияи Хуҷанд гувоҳи равшан аст. Бо роҳи ба сулҳу ваҳдат, тавофуқу ягонагӣ ва ризоияти миллӣ овардани Тоҷикистон меъмори сулҳи мо нахуст тоҷикону Тоҷикистонро аз хатари фаноёбӣ комилан раҳонид ва ҳамзамон ҳаёти муътадилу зиндагии нисбатан осоишта ва бехатарии бардавомро дар минтақаҳои паҳновари Осиёи Марказӣ таъмин кард. Эҳтимол агар Президент Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат намеомаду дар ин мақом кор намекард, чунин сулҳи пойдор ва саодату ягонагӣ ҳам муяссар намешуд. Зеро ҳар як сиёсатмадор вобаста ба нерӯи ақлонию корӣ, ҷаҳондорию ҷаҳонбинӣ боз хусусиятҳои хосаи касбие дорад, ки он ба сиёсату кори давлатӣ таъсир мерасонад. Чунин мушаххасот, хушбахтона, дар даҳсолаи охири асри гузашта ба манфиати миллат буд.
Раиси Шӯрои Олӣ на ҳамеша имкон дошт, ки оромона аз пайи рафъи мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар гардад. Масъалаҳои поён додани ҷанг, ба гуфтушунид моил намудани дастаҳои мусаллаҳи мухолифин ва баррасии якҷояи носозгориҳои ҷойдошта пеши рӯйи роҳбарияти мамлакат ҳамоно чун муҳимтарин ва вазнинтарин вазифаҳо боқӣ монда буданд. Пешаш аз шаҳру ноҳияҳои гуногун шахсони муътабар, пирону солмандон, гурӯҳе бо арзу шикоят меомаданд. Ҳамагӣ қаноатманду миннатдор, бо чеҳраҳои шукуфон аз наздаш берун мешуданд ва ба ақлу заковат, хайрхоҳӣ, самимияту ҷавонмардиаш тан дода, аз таҳти дил дуо мекарданд, ки тавфиқ ин пешвои писандидаи халқро ёру мададгор бошад.
Худаш ҳам назди мардум, ба шаҳру ноҳияҳо, ба нуқтаҳои доғ зиёд мерафт. Ба хориҷа сафар карда, бо роҳбарон, ашхоси соҳибобрӯи мамлакатҳои гуногун мулоқотҳо анҷом медод. Ва дар ҳама ҷо мақсаду ниятҳои роҳбарияти нави кишварро шарҳ дода таъкид мекард: «Мо барои музокирот бо ҳамаи нерӯҳое, ки умеди раҳонидани Тоҷикистонро аз бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ доранд, омода ҳастем».
Иқдомҳои мазкур гувоҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои Сарвари давлат интихоб гардидан мухолифи зӯроварӣ ҳамчун василаи рафъи муноқишоти сиёсӣ ва роҳи барқарории суботу оромӣ дар ҷомеа буд. Ин корҳоро касе мекунад, ки ба дараҷаи баланди хираду заковати давлатдорӣ расида, як сиёсатмадори муосир бошад, чун давлатмарди тавоно ба қудрату матонати мавқеаш итминон кунад. Табиист, ки роҳи аз ҳама муҳим дар самти номбурда гуфтушуниду муколамаи бевосита бо қувваҳои оппозитсионӣ буд.
Ҳамин тавр музокироти давра ба давраи миёни тарафҳо зиёда аз се солро дар бар гирифта, ниҳоят 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон хотима ёфтанд. Ин воқеаи сарнавиштсози ҳаёти миллатамон дар шаҳри Маскав сурат гирифта буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ин рӯйдоди таърихиро дар хаёти давлати навини тоҷикон борҳо таъкид кардааст ва онро дар радифи Рӯзи истиқлолияти давлатии кишвар гузошта, воқеаи муҳиму фаромӯшнашаванда арзёбӣ намудааст. Дар матни суханронии Ҷаноби Олӣ ба муносибати якумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 26-уми июни соли 1998 мехонем: «Ҳукумат ҳанӯз аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ аз низои мусаллаҳона даст кашида, роҳи мусолиматомези ҳалли масъалаҳоро пеш гирифта буд. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ман хотимаи мантиқии ҳамин роҳ медонам. Хотирнишон месозам, ки ин самти асосии сиёсати дохилии ҳукумат аст».
Бар асари татбиқи нуктаҳои Созишномаи сулҳ имрӯз озодии сухану матбуот, озодии афкору андеша ва ҳадафҳои сиёсӣ, озодии таъсиси ҳизбҳо, озодии интихоботӣ, озодии парастиши динҳо, озодии гирдиҳамоию роҳпаймоиҳо ва монанди инҳо ба меъёри муқаррарии зиндагонии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Ҳамаи аслҳои демократии мазкур, ки дар Сарқонун ифода ёфтаанд, таҳкурсии оштии миллӣ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Ҳамин тавр Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаҳои дар оғози фаъолияти давлатдорӣ додаи худ вафо кард: гурезаҳоро ба хонаю кошонаҳояшон бозгардонд, ҷангро хотима бахшид, ба мардум оштии миллиро ҳадя намуд, давлати демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ва ваҳдати миллиро пайваста такмил бахшида, имрӯз кишварамон ва халқи саодатманди онро бо амри росих ба сӯи ободию шукуфтанҳо раҳнамоӣ дорад.
ҶАВОНМАРДЕ ДАР ҚАЛАМРАВИ ВАҲДАТ Оштии миллӣ дастоварди бузурге гардид, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз хатари парокандашавӣ наҷот дод. Аммо он наметавонист ба тӯли дарозмуддат суботу оромиро дар ҷомеа таъмин кунад, фазои мусоиди сиёсиро барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат фароҳам биоварад. Ҷомеаи кишвар ба сатҳи болотари камолоти ғоявию сиёсӣ ва маънавию фарҳангӣ зарурат дошт.
Ба ин хотир дар ҷараёни таҳақуқи оштии миллӣ аз ҷониби Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нав, сиёсати ваҳдати миллӣ ба миён омад, ки мебоист ҷомеаи моро ба ҳамин дараҷаи нави сифатӣ бирасонад. Таъсиси Ҳаракати сартосарии ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, инчунин Шӯрои ҷамъиятии назди Президент ҳарду бо иқдоми хирадмандонаи Сарвари давлатамон рӯйи кор омада буданд, натиҷаҳои амалии татбиқи сиёсати мазкур маҳсуб мешаванд. Ин созмонҳо, ки аъзои худро дар заминаҳои аҳдофи умумимиллӣ муттаҳид гардондаанд, давоми солҳои фаъолият рисолаташонро доир ба таҳкими ғояҳои ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, тарбияву ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии мардумамон, баррасии дастаҷамъонаи масоили мубрами умумимиллӣ бо ширкати фаъолонаи тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон сарбаландона ба ҷо овардаанд.
Зимнан, бояд тазаккур дод, ки ваҳдати миллӣ бо паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа алоқамандии зич дорад: ҳам бо сиёсат, ҳам бо иқтисоду иҷтимоъ, ҳам бо тарбияву фарҳангу маънавиёт, ҳам бо ҳолати руҳиву равонии аҳли ҷомеа… ва ғайра. Яъне, он вазифаест, ки паҳлуҳои басо гуногунро дар бар мегирад. Шумо бубинед, ки барои иҷрои танҳо як вазифа аз ин силсила, тавассути шабакаҳои нақлиётӣ бо ҳам васл намудани маҳаллу минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овардани кишвар чӣ қадар вақту имконият сарф шудааст. Ва ин кор ҳанӯз идома дорад.
Ҳамин тавр, ваҳдати миллӣ бори нахуст баъди таъсиси давлати мустақили Тоҷикистон ва ба сари қудрат омадани марди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати ҳадафманди давлатӣ табдил шуд. Сабақҳои талхи ҷанги дохилӣ, ташаккули давлатдории навини тоҷикон бар пояи асосҳои демократӣ ваҳдати миллиро аз вазифаҳои умдаи давр қарор доданд.
Дар тӯли даҳсолаҳои охир таҳаввулотҳои баамаломадаи иҷтимоию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ба ҳастии ваҳдати миллии мо хатарҳои навро зам намуд. Аз ҷумла ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) баробари таъсири мусбӣ ба ҳаёти давлатҳову кишварҳо бисёр пайомадҳои манфиро низ сари ҷомеа бор мекунад. Терроризму экстремизм аст, ки имрӯзҳо чун хори мағелон иддае аз давлатҳои ҷаҳони исломро печонда гирифта, шаҳру деҳаҳои ободро ба харобазорон табдил дода истодааст ва домани ҷиноятҳои гӯшношунидаш нуқтаҳои нав ба нави оламро фаро мегирад. Инҳо ҳама таҳдидҳои ҷиддӣ ба асолати миллӣ, арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллӣ ба шумор мераванд.
Табиист, ки ин хатарҳо ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии мо бетаъсир намемонад. Ҷаҳони имрӯза марзҳову сарзаминҳоро намедонад. Дастаҳои хуношоми террористӣ дар Сурияву Ироқ иддае аз ҷавонони ноогоҳи моро низ бо шиорҳои дурӯғини исломӣ ба сафҳои хеш кашидаанду онҳо қатори хоҷагонашон дар давлати бегона бар зидди мусалмонони бегуноҳ «дар роҳи Ислом ҷиҳод» мекунанд. Бехабар аз он, ки онҳо, мисли тамоми ин гуна дастаҳои ба истилоҳ «Давлати исломӣ», бозичаи дасти бозигарони моҳири абарқудратҳои ҷаҳонӣ буда, дар он ҷойҳо фақат барои амалӣ сохтани ниятҳои пасипардагии геополитикии эшон дар набарданд.
Мо бояд ҷомеаамонро аз ин вартаи хатарнок эмин бидорем. Василаи аз ҳама қавӣ дар муқобили он ваҳдати миллист. Ваҳдати миллӣ бошад, тавассути худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими эҳсоси ватандорӣ ба даст меояд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ин роҳ талош бикунад. Дониш биомӯзад, таърихи миллатро аз бар бикунад, аз ислом, техникаву технология бохабар бошад, равандҳои ҷаҳони муосирро сарфаҳм биравад. Ҷамъи ин донишҳо бошад, дар ниҳоди мо таҳаммулгароиро парвариш медиҳад. Таҳаммулгароие, ки саропои таълимоти пешвои бузурги диниамон Имом Абуҳанифа ва мазҳаби ҳанафии роиҷкардаи ӯро фаро мегираду тоҷикон мисли бисёр халқҳои дигари дунё аз пайравони ин мазҳаб мебошанд.
Ин гуна раванду таҳаввулотҳо ва моҳияти онҳо ҷавҳари сиёсати Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба таҳкими ваҳдати миллӣ, суботу оромии ҷомеа аз давраи оғози ба маснади Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан ташаккул додаанд. Инҳо ҳадафҳои волое мебошанд, ки Сарвари давлатамон дар роҳи онҳо ҳамеша собитқадамона талош кардааст ва зарурати ба ин ҳадафҳо расиданро дар ҳар суханронӣ пайваста таъкид намудааст.
Аслан бигирем, адлу инсоф, таҳаммулгароӣ, демократияву қонуният мафҳумҳои ба ҳам наздиканд. Эмомалӣ Раҳмон бошад, сиёсатмадорест, ки садоқаташро ба ин асосҳои олии давлатдорӣ ба таври барҷаста нишон додааст ва собит кардааст, ки ин аслҳо дар сиришти ӯ, дар бунёди ӯ ҷойи маҳкам доранд. Ин сиёсат кафили оромию осудагии ҷомеаи мо ва роҳест, ки мардуми Тоҷикистонро ба саодату хушбахтиҳои бардавом мерасонад.



Мирзошоҳрух АСРОРӢ,
Раиси Кумитаи иҷроияи
Ҳаракати ҷамъиятии
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин