Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ДУШАНБЕ, 22.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 август пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмони олимақом — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилоят бо самимияти хоса гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят аз 19 то 22 август идома ёфт.

Ин сафар чун ташрифҳои қаблии Роҳбари давлат аз ин минтақаи дурдасти мамлакат, бобарор буд, зеро дар давоми 4 рӯз бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ даҳҳо адад иншооти наву муосир мавриди истифода қарор гирифта, ҳамчунин ҷиҳати бунёди як зумра иншооти муҳими дигар санги асос гузошта шуд.

Аксари иншооти наве, ки сохтмонашон зимни ин сафар ба нақша гирифта шуданд, то ҷашни фархундаи умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Маҳз таваҷҷуҳи зиёд ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардидааст, ки новобаста ба дурии роҳ ва иқлиму релефи номусоид, ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи дурдасти мамлакат рушду инкишоф ёфта, тадриҷан ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил меёбад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин