Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:42 – Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:21 – АРСАИ НОМУСУ НАНГ 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 

Пешвои миллат барои мо сулҳу ваҳдат овард

Пешвои миллат барои мо  сулҳу ваҳдат овардИмрӯзҳо мардуми сарбаланд ва шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи дурдасти Лахш, ки намоянда аз ду миллати дӯсту бародар тоҷикону қирғизон иборат мебошанд, яке аз ҷашнҳои бузурги миллат-20 солагии Ваҳдати миллиро бошукуҳ истиқбол мегиранд.
Мо халқи Тоҷикистон 26 сол муқаддам Истиқлолият эълон намудему соҳиби давлат шудем, вале мардуми раҳгумзадаи тоҷик рӯ ба рӯи ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ қарор доштанд. Бо амри Яздони пок соли 1992 вакилони халқии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни мардони бузурги майдон шахсеро интихоб намуданд, ки тақдири ояндаи давлати Тоҷикистон ва мардуми он дар дасти ин шахсият, яъне Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Аввалин сухани ин шахси бузург аз барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ба Ватан баргардонидани гурезагон оғоз гардида, хушбахтона ин ниятҳои некашон ҷомаи амал пӯшид.
Соли 1997 Ҷаноби Олӣ аз хоки Ҳисору Хатлон, аз санги лаъли Бадахшон, аз оби мусаффои Раштон ва зару зевари Зарафшон барои Тоҷикистониён хонаеро бо номи «Ваҳдат» сохтанд, ки имрӯз дар ин хонадон мо ҳамаи тоҷикистниён дар фазои орому осоишта зиндагонӣ дорем.
Аз баракати Ваҳдат дар давлати Тоҷикистон волоияти қонун побарҷо буда, ҳар як шохаи ҳокимияти давлатӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрвандон ваколатҳои худро иҷро намуда истодаанд. Имрӯзҳо Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рамзҳои давлаташ, бо Пешвои миллаташ ва бо Ваҳдати мардуму қаламраваш мешиносанд.
Дар тӯли солҳои сарвариашон Ҷаноби Олӣ Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва бо сиёсати дарҳои кушода муаррифӣ намуданд. Имрӯзҳо Ваҳдати Тоҷикистон ҳамчун мисол дар Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ муҳокимаронӣ ва баҳогузорӣ мешаванд.
Мо сокинони ноҳияи Лахш ҳама вақт ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошем ва ҷавобан ба чунин ғамхорию дастгириҳои Ҷаноби Олӣ меҳнату фаъолияти ҳамарузаамонро баҳри ободию осудагии Ватани азизамон-Тоҷикистон мебахшем.
Баҳриддин ҚОСИМОВ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин