Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:09 – Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид 
  • 16:20 – "РОҒУН" - МИНБАРИ ИФТИХОР ВА АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ! 
  • 16:20 – "РОҒУН" - МИНБАРИ ИФТИХОР ВА АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ! 
  • 15:31 – ДИРАФШИ КОВИЁН. Аз қадим то имрӯз тоҷикон парчамро ҳамчун рамзи Истиқлолу Ваҳдати халқ ва Пойдории давлатдории миллӣ истифода мебаранд 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлати мо Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ карданд.

Дар чорчӯбаи суҳбат ҷонибҳо як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла вазъи имрӯзаи Беларус ва ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Беларусро тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушд ва бунёди давлатдорӣ қайд карда, ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу суботи пойдор, некӯаҳволӣ ва пешрафти босуботи минбаъдаро орзу намуданд.

Ҳамчунин, аҳаммияти рушди беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қайд карда шуд ва Президентҳо рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо бар нафъи мардумони ду кишвар таъкид намуданд.
/АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин