Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:08 – Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор 
  • 17:02 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатӣ барафрохтанд 
  • 16:59 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд 
  • 14:23 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистони «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ намуданд 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи нави ташхисию табобатӣ дар ду ошёнаи аввали бинои 18-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самти Рушд” таъсис дода шуд.

Маркази табобатии муассиса аз бахшҳои гинекологӣ, дандондармонӣ, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии пластикӣ, косметологӣ, педиатрӣ, дар маҷмӯъ аз 12 утоқи хизматрасонӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва дорухона иборат мебошад. Утоқҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии маркази табобатии муассиса бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Ба корафтодагон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи ғанӣ бо усули замонавӣ хизмат расонида мешавад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат бо шароити муассиса маълум гардид, ки дар маркази табобатӣ се утоқи бистаринамоӣ мавҷуд буда, дар ҳар кадоми он шароити хуб муҳайё карда шудааст. Бояд таъкид дошт, ки то имрӯз барои гузаронидани якчанд намуд ҷарроҳии пластикӣ сокинони мамлакат ба хориҷа сафар мекарданд, ки маблағи гарон ва ҳам вақти зиёд сарф мегардид. Ҳамакнун чунин имконият дар шаҳри Душанбе фароҳам оварда шуд ва ниёзмандон аз он бе мушкилӣ баҳравар мегарданд.

Ташхисгоҳ аз 30 утоқ, аз ҷумла утоқҳои ташхиси микробиологӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ, патологӣ ва ғайра иборат буда, бо навтарин таҷҳизот таъмин мебошад. Дар ташхисгоҳ мутахассисони соҳибтаҷриба-вирусологони баландихтисос ба кор ҷалб гардидаанд, ки бо истифода аз технологияи мавҷуда имкони гузаронидани ҳама намуди ташхисро доранд. Фаъолияти ташхисгоҳ ба стандарти байналмилалии GMP мутобиқ карда шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти ташхисгоҳ муосиртарин буда, аз кишварҳои ИМА, Германия, Австрия, Туркия ва Чин дастрас карда шуданд.

Рӯзҳои наздик ба марказ боз се таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ ворид карда мешаванд, ки дар мамлакат беназиранд. Дар заминаи ба фаъолият шурӯъ намудани боз як муассисаи нави тиббӣ дар маркази шаҳри Душанбе 75 нафар, аз ҷумла 26 табиби ихтисосманд, ки дар хориҷи кишвар аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват” бо муассисаҳои машҳури соҳаи тандурустии кишварҳои пешрафта робитаи зичи ҳамкорӣ дорад ва дар ин замина имконияти васеъ барои табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандон фароҳам мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват” дуюмин муассисаи тиббӣ мебошад, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самти Рушд” таъсис дода шудааст. Қаблан аз тарафи ҷамъият дар кӯчаи Абайи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чунин маркази муосири ташхисию табобатӣ таъсис дода шуда буд. Маркази мазкур аз шуъбаҳои нефрологӣ, гемодиализ ва ташхисгоҳ иборат буда, дар он аз ҷониби 34 нафар мутахассиси соҳа ба мардум хизмат расонида мешавад. Дар шуъбаи гемодиализ 11 адад дастгоҳи замонавии истеҳсоли давлати Германия насб гардидааст. Дастгоҳу таҷҳизоти ташхисгоҳ истеҳсоли Австрия буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷовобгӯ мебошанд. Марказ дорои мошини ёрии таъҷилии бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда буда, фаъолияти он ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои рушду пешрафти он ба хотири таъмини солимии аҳолӣ, ки боигарии давлат аст, имконоти фарох ба вуҷуд овард. Ин аст, ки имрӯз дар баробари мукаммал гардидани шароити хизматрасониҳо дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ҳавасмандии бахши хусусӣ низ ба ин самт баръало эҳсос мегардад. Имрӯз соҳибкорону сармоягузорон имкон доранд дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои замонавии солимгардонӣ таъсис дода, бо ба вуҷуд овардани рақобати солим дар беҳдошти саломатии аҳолӣ саҳм гузоранд.

Утоқҳои корию хизматрасонӣ, долону ҷойҳои мунтазиршавии мизоҷон, дар маҷмӯъ бинои муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват” бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ таъмир гардидааст. Низоми кор ё қабул ва ташхису табобат, хосса хизматрасониҳо дар муассиса марказонидашуда мебошад, ки бо ин роҳ аз як ҷониб сифати ташхису табобат таъмин ва аз тарафи дигар, вақт бамаротиб сарфа мегардад.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар муассисаи нави ташхисию табобатӣ баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки бо чунин имконоти фарох аз кормандон пурра равона намудани маҳорату малакаи касбӣ ва саҳми арзишманд гузоштан дар солимии аҳолӣ талаб мегардад.
/АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин