Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:08 – Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор 
  • 17:02 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатӣ барафрохтанд 
  • 16:59 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд 
  • 14:23 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистони «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ намуданд 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм мулоқот карданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати 29 — солагии истиқлоли давлатӣ ва 5500-солагии Саразм табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи донишмандону муҳаққиқон ва иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии «Саразм — оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон»- ро ба диёри зебоманзари Тоҷикистон ва шаҳри бостонии Панҷакент хайрамақдам гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ойину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик ба мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ муяссар гардид.

Имрӯз дар кишварамон се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.

Саразм яке аз чунин ёдгориҳои куҳан ба шумор меравад.

Ёдгории Саразм бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид.

Маводу далелҳои илмии таърихиву бостоншиносӣ дар заминаи таҳқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ барои ворид намудани Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои фарҳанги ЮНЕСКО пешниҳод гардиданд ва ин созмони бонуфуз 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳанги умумибашарӣ шомил намуд.

Қарор доир ба таҷлили ҷашни 5500 — солагии Саразм ба давраи комилан нави таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир такони ҷиддӣ бахшид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.

Сарвари давлат ба ҳамаи донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, ки таърихи куҳану пурифтихори халқи тоҷикро холисона омӯхта, онро ба шакли мақолаву рисолаҳои арзишманди илмӣ нашр менамоянд, изҳори ташаккур карда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо, ки хеле заҳматталаб, вале пурифтихор мебошад, барору комёбӣ орзу карданд.

Ҳукумати мамлакат дар муддати 29 соли истиқлолияти давлатӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳаммияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат — баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

Бо ин мақсад танҳо дар бист соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Илова ба ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар шаҳри Панҷакент 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард, кам кардани талафоти нерӯи барқ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии зарари офатҳои табиӣ анҷом дода шудааст.

Ҳоло дар шаҳр 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Умуман, дар доираи нақшаи корҳои бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ аз 405 иншооти ба нақша гирифташуда то ба имрӯз 277 иншооту биноҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки раванди ободкорӣ аз ҷониби соҳибкорону тоҷирони саховатпеша ва мардуми заҳматдӯсти шаҳри Панҷакент минбаъд низ идома меёбад.

Дар охир Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки мардуми бонангу номус ва шарафманди шаҳри Панҷакент аз таърихи пурифтихор ва ниҳоят қадимаи худ ва дигаргуниву ободиҳои имрӯза нерӯи тоза гирифта, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии кишвари маҳбубамон барои пешрафти минбаъдаи диёри худ, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои арзишманди аҷдодӣ саъю талоши бештар мекунанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин