Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:08 – Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор 
  • 17:02 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатӣ барафрохтанд 
  • 16:59 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд 
  • 14:23 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистони «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ намуданд 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шири ҶДММ «Нури Сафар»-и ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шири ҶДММ «Нури Сафар»-и ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Сафар” ташриф оварда, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд.

Корхонаи коркарди шири “Нури Сафар” филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Комбинати шири Душанбе” дар ноҳияи Мастчоҳ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.

Масоҳати умумии иншоот 2 гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот моҳи апрели соли 2019 оғоз гардидаанд. Барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шудаанд. Корхонаи коркарди шир дорои ду бинои асосӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади коркарди шири маҳаллӣ ва таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ширӣ хатти нави технологӣ, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунёст, ба корхона дастрас ва васлу насб карда шуд.

Бояд гуфт, ки корхона ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ширро аз аҳолӣ харида, аз он 15 намуди маҳсулоти босифати ширӣ, аз ҷумла равғани маска, панир, сметана, қаймоқ, ҷурғот, чакка, кефир ва фаллаи шир истеҳсол менамояд.

Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 7,5 то 8 тонна шир коркард намояд. Ҳамчунин дар корхона дар баробари коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата низ ба роҳ монда шудааст, ки асосан барои маҳсулоти ширии худи ҳамин коргоҳ пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти талабот ба зарфҳои гуногуни пластикии истеҳсолнамудаи ин корхона фурӯши он ба дигар ширкату коргоҳҳо низ ба роҳ монда шудааст.

Бо бунёди корхонаи коркарди шир дар ноҳияи Мастчоҳ 55 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 1200 то 1800 сомонӣ таъмин гардиданд.

Зимни суҳбат бо масъулон Сарвари давлат истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва аз лиҳози бехатарӣ тозаро дар корхона махсус таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки шир аз ҷумлаи маҳсулоти зудвайроншаванда буда, муҳлати ками нигаҳдорӣ дорад ва маҳсулоти аз он омодашаванда бояд босифат бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ имконият зиёд аст. Аз ин рӯ зарур аст, ки захираи мавҷуда самаранок истифода гардида, ҳаҷми истеҳсоли он бо дарназардошти талаботи аҳолӣ ба маротиб афзоиш дода шавад.

Минбаъд бозори истеъмолии ноҳияи Мастчоҳ ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо маҳсулоти истеҳсолнамудани корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Сафар” таъмин хоҳанд шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин