Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:21 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ 
  • 16:51 – Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид 
  • 08:16 – Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:06 – СИЁСАТИ КОМИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН 

СИЁСАТИ КОМИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН

Дар ташаккули ғаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии халқу миллатҳо шахсиятҳои бузургу тавоно ва таърихие ҳастанд, ки ном ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад.
Бузургон фармудаанд: нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рӯҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозад.
Мардуми Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумиллӣ ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ менигарад. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон як ҷойгоҳ, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба он расидааст. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ бештар ба худ боварӣ ва эътимод доранд, ин моҳияти ба таври воқеӣ ва комилан табиӣ Пешвои миллат будан аст.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва сокинони боифтихору сарбаланди он дар арафаи маъракаи ҳаётан муҳим – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Интихоботи Сарвари давлат дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва рӯзгори аҳли ҷомеа нақши калидӣ дошта, барномаи пешазинтихоботии нафари ба ин маснади баланд интихобгардида самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаро дар тамоми ҷабҳаҳо барои 7 соли минбаъда муайян менамояд.
Натиҷабардории фаъолияти ҳар як Президент аз рӯи амалишавии барномаи пешазинтихобии номзад ба Президент сурат мегирад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз фазои мураккабу тезутунди таҳаввулоти ҷаҳонӣ Тоҷикистон солҳои охир ба зинаҳои чашмраси инкишоф боло меравад, ки ин шаҳодати тақвияти пояҳои иқтисодию иҷтимоии давлатдории миллии тоҷикон дар тӯли солҳои охир мебошад.
Инсон табиатан дар арафаи фарорасии ҷашну санаҳои таърихӣ, маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва интиҳои сол роҳи дар давоми як марҳилаи муайяни таърихӣ паймудаашро пеши назар меорад, дастоварду пирузиҳои имрӯзро бо гузашта қиёс намуда, хулоса мебарорад, ки дар ин давра ба чӣ дастоварде ноил шуд.
Воқеан, дар давоми 7 соли сипаришуда миллати тоҷик ба кадом комёбиҳо ноил гардид ва дурнамои рушди хоҷагии халқ чӣ гуна аст? Дар ин навиштаи худ мо тасмим гирифтем асосан перомуни тараққиёту рушди соҳаи иқтисодиёт ва илму маорифи кишвар дар ҳафт соли охир изҳори андеша намоем.
Вобаста ба ҷавоби саволи болоӣ бисёр ҳарф задан мумкин аст, аммо посухи аз ҳама кӯтоҳу мушаххасро зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.
Дар ин санади таърихиву тақдирсоз, ки аҳли ҷомеа якдилона ба ҳайси роҳнамо ва дастури амали хеш қабул намуданд, таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафмандонаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқ ва ба кишвари ободу зебои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта табдил додани Ватани маҳбуб мусоидати ҳамаҷониба намуд.
Бино ба иттилои Пешвои муаззами миллат соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин гардид. Дар давоми ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти мамлакат ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардид, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 87, 4 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт, ки дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин маҳсуб мешавад. Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 соли 2020 ба зиёда аз 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Дар ин радиф даромади пулии аҳолӣ 2 баробар, музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 ва бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар 45 фоиз афзоиш пайдо кард.
Падидаи ҷолиб дар замони соҳибистиқлолии мамлакат қариб ду баробар кам шудани нишондиҳандаи умумии фавт, аз ҷумла 3,2 фоиз кам шудани фавти кӯдакони синни то 5 - сола ва то 75 сол боло рафтани дарозумрии миёнаи шаҳрвандон мебошад. Дар ин давра шумораи аҳолии кишвар зиёда аз 70 фоиз афзуд ва аз 5,5 миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расид.
Бо назардошти чунин дастовардҳои беназир, Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: «нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардид».
Воқеан, дар ин марҳилаи дурахшони таърихӣ дар партави сиёсати оқилонаву дурбинона ва ба бунёдкорию созандагӣ нигаронидашудаи Пешвои муаззами миллат барои таҳкими давлатдории миллӣ, тараққӣ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан иқтисодиёт, афзалияти бештар додан ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ноил гардидан ба озодии комили сиёсӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва дар умум, ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат корҳои бузург ба анҷом расида, қадамҳои устувор гузошта шуданд ва роҳи ба даҳсолаҳо баробар паси сар гардид.
Бо назардошти ин, дар давоми ҳафт соли сипаришуда таҳкими пояҳо ва тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳ ва эътибори давлату Ҳукумати Тоҷикистон, шахсан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва ислоҳоти доманадори равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ заминаҳои мусоид ва созгорро барои рушди иқтисодиёти миллӣ фароҳам сохт.

1. Таъмини фаъолияти пурсамари бахшҳои иқтисодӣ ва инкишофи босуръати соҳаҳои истеҳсолӣ.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин шарҳ додаанд: «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст».
Мақсад аз саноатикунонии босуръати мамлакат ин аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Суръатикунонии босуръат имкон медиҳад, ки дар мамлакат корхонаҳои калони саноатӣ сохта шаванд ва инфрасохтори онҳо бунёд гарданд. Ҳамзамон, татбиқи ҳадафи мазкур ҷойҳои нави корӣ фароҳам омада, сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор ва музди меҳнати баланд таъмин мегарданд, ки яке аз шартҳои асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум мебошад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар рушди иқтисодиёти миллӣ айни замон бахшҳои алоҳидаи соҳаи саноат ба мисли хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, истеҳсоли зарфҳо ва ашёҳои пластикӣ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва боигариҳои табиӣ нақши калидӣ доранд. Аксари корхонаҳои саноатие, ки солҳои охир мавриди истифода қарор гирифтанд, ба ҳамин бахшҳои саноати миллӣ мутааллиқ мебошанд. Аз рӯи маълумоти оммавигардонидаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт соли охир бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат танҳо дар соҳаи саноати сабук 49 корхонаю коргоҳҳои нав бо нишондиҳандаи умумии 7300 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ин нишондиҳандаҳо ба соли 2013-ум 11 адад (1457 ҷой), ба соли 2014-ум 7 адад (950 ҷой), ба соли 2015-ум 8 адад (1710 ҷой), ба соли 2016-ум 3 адад (995 ҷой), ба соли 2017-ум 5 адад (600) ҷой, дар соли 2018-ум 6 адад (510 ҷой), ба соли 2019-ум 5 адад (280 ҷой) ва ба 4 моҳи соли 2020-ум 4 адад (280 ҷой) корхонаю коргоҳ рост меояд.
Ҳамзамон, новобаста ба мушкилот ва маҳдудиятҳои пешовардаи бемории сироятии КОВИД – 19 давоми моҳҳои май – сентябр дар доираи сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як қатор корхонаву коргоҳҳои нав кушода шуданд. Танҳо дар давоми нимсолаи авали соли равон дар миқёси кишвар ба маблағи 13 миллиарду 137 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид ва суръати рушд 9,3 фоизро ташкил дод. Дар давоми 7 сол, яъне аз соли 2012 то соли 2019 зиёда аз 2,5 маротиба афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва дар соли 2019 ба 27 миллиарду 586,6 миллион сомонӣ баробар гардидани он худ далели инкишофи рӯзафзун ва нақши калидии рушду нумӯи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки саҳми арзандаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар пешрафту ободии мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз дар давраи байни ду маъракаи муҳими сиёсии Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2014 – 2020) бо ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтори саноатӣ фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Панҷ», «Суғд» бамаротиб тақвият ёфта, барои ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии «Кулоб» «Ишкошим» тадбирҳои муҳим андешида шуданд.

2. Тақвият бахшидани ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, муҳайё намудани ҷойҳои иловагии корӣ.
Рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти давлат яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва татбиқи он бо истифода аз механизмҳои иқтисоди бозорӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд. Бо мақсади рушди минбаъдаи сармоягузориву соҳибкорӣ, ворид намудани технологияи муосир, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ташкили корхонаҳои муштарак «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» амалӣ гардид, ки дар натиҷа шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ мунтазам афзуда, соли 2019-ум 326516 ададро ташкил намудааст ва ин рақам нисбат ба соли 2013 беш аз 1,2 маротиба зиёд мебошад. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур соли 2019 ба кишвар дар ҳаҷми 345,9 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2013 тақрибан 5 миллион доллар зиёд мебошад.
Бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи бахши хусусӣ дар тарақиёти иқтисодиёти кишвар, мукаммалсозии қонунгузорӣ ҷиҳати тақвияти ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон, бартараф намудани монеаҳои маъмурию бюрократӣ, кам намудани шумораи расмиётҳои танзимкунанда, аз ҷумла дар самти низоми бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва фискалӣ шароити мусоид фароҳам гадид. Ҳамзамон, дар ин самт як силсила имтиёзҳо ҷорӣ гардиданд, ки муҳимтарини онҳо ба рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, паррандапарварӣ дар бораи аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти техникаи таъинотӣ, таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо ба ҳисоб мераванд. Ҷиҳати дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуда, дар давоми 7 соли охир ба 161 субъекти соҳибкорӣ ба маблағи 222,4 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намудааст, ки нисбат ба соли 2013 зиёда аз 7,4 маротиба зиёд мебошад.
Тавассути ҷараёни муваффақонаи хусусигардонии моликияти давлатӣ миқдори аҳолии машғули кор дар бахшҳои хусусии иқтисоди ҷумҳурӣ муттасил рӯ ба инкишоф ниҳод, ки соли 2019 аҳолии машғули бахши хусусии иқтисод то 81,7% афзоиш ёфт. Агар саҳми бахши хусусӣ дар соли 2013 дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 54 фоизро ташкил диҳад, ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд. Ҳамзамон, содироти маҳсулоти соҳа, алалхусус, семент, гаҷкартон, масолеҳи рангубор, маъдан, консерваи меваю сабзавот, маҳсулотҳои гуштӣ, матоъҳои пахтагин ва қолин бамаротиб афзуд.
Дар 7 соли охир дар кишвар 2092 коргоҳу корхонаҳои самтҳои гуногуни истеҳсолӣ бо зиёда аз 49 ҳазор ҷойи кории иловагӣ сохта шуда, фаъолият карда истодаанд. Танҳо дар зарфи солҳои 2012-2019 дар кишвар зиёда аз 30 корхонаву коргоҳҳои муштарак бо ҷалби сармояи мустақим дар соҳаи коркарди маъдан ва истихроҷи канданиҳои фоиданок таъсис дода шуда, айни замон, дар кишвар беш аз 350 корхона бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, коркарди ашёи хом машғул мебошад.
Дар давоми солҳои 2015-2019 дар мамлакат ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ 875 адад корхонаҳои нави саноатӣ таъсис дода шуданд, ки аз нишондиҳандаи нақшаи дар барнома пешбинишуда тақрибан 4,4 баробар зиёд мебошад. Дар давраи солҳои 2013-2019 бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ бо такя ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ зиёда за 1 миллиону 82 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, ки бешубҳа ба коҳиши сатҳи бекорӣ, ҷалби неруҳои меҳнатии дохилӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ таъсири мусбат гузошт.
Танҳо соли 2019 аз ҷониби соҳибкорони минтақаҳои гуногуни кишвар дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, зиёда аз 40 адад коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо бо таъсис додани беш аз 2000 ҷойҳои нави корӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст.
Бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” қабул гардид.
Мавриди қайд аст, ки бо мақсади дастгирӣ соҳибкории хурду миёна ва рушди минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2008-2010 (аз 25 июли соли 2008 то 25 июли соли 2010, ба мӯҳлати ду сол) ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва солҳои 2011 – 2014 (аз 5 октябри соли 2011 то 4 октябри соли 2014, ба мӯҳлати се сол) мораторий эълон гардида буд. Таҷриба нишон дод, ки мораторий ба рушди устувори соҳибкории хурду миёна, ҷиҳати кам кардани хароҷот ҳавасмандиро ба вуҷуд оварда, ба қонунӣ кардани тиҷорат, кам гардидани иқтисодиёти ғайрирасмӣ, зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти мунтазами маблағҳо ба буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Бори сеюм Фармони Президенти кишвар 16 январи 2018 таҳти № 990 ба тавсиб расид ва дар солҳои 2019-2021 (аз 1 январи 2019 то 1 январи 2021 ба муҳлати 2 сол) ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон карда шуда буд.
Дар 7 соли охир ҷиҳати мукаммалсозии қонунгузорӣ ва дар ин асос тақвият бахшидани ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон, бартараф намудани монеаҳои маъмурию бюрократӣ, кам намудани шумораи расмиётҳои танзимкунанда, аз ҷумла, дар самти низоми бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва фискалӣ як зумра ислоҳотҳои муҳим ва ҷиддӣ амалӣ гардиданд. Дар натиҷаи қабули қонуни “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” муҳлати бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» аз 45 то ба 5 рӯз ва барои соҳибкорони инфиродӣ то 3 рӯз кӯтоҳ гардид. Инчунин, шумораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз 30 то ба 7 адад коҳиш ёфт. Таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» имконият дод, ки шумораи соҳаҳои иҷозатҳо аз 805 то 86 адад кам карда шуда, расмиёти дастрас намудани онҳо низ соддатар гардид. Зиёда аз ин, низоми электронии пешниҳоди иҷозатҳо то 30 фоиз зиёд гардид.

3. Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок.
Тӯли 7 соли охир таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои муҳиму назаррас ба амал омаданд.
Муҳаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз хусусиятҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо воситаи эълони ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ё худ ҳадафҳои миллӣ инкишоф ёфтани он аст. Дар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2015 расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буданд.
Тавре зимни яке аз суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» рафтуомад аз қисмати ҷанубӣ ба қисмати шимолии мамлакат ба таври доимӣ таъмин гардид, инчунин, солҳои охир ба хоҷагии халқ ва сокинони мамлакат дар тамоми чор фасли сол ба таври шабонарӯзӣ нерӯи барқ дода мешавад. Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба мақоми олии қонунгузор иттилоъ доданд, ки айни замон дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии бештар аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Оғози навсозии роҳи “Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин”, оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” аз рӯйдодҳои муҳими соли солҳои охир маҳсуб меёбад. Аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар ҷамъулҷамъ 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуд, ки маблағи умумиаш 1,4 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар давоми 7 соли охир дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Ҳарчанд дар ин самтҳо иҷрои корҳои зиёд дар пешанд, бо итминон метавон гуфт, ки дар Ватани маҳбубамон аллакай ба истиқлолияти энергетикӣ расидааст ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтааст. Дар робита ба ин, бояд қайд намуд, ки ба шарофати амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи кишвар дар давоми ҳафт соли охир истеҳсоли нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза 1,3 баробар афзоиш ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор андохтанд, ки неруи барқи аз он тавлидшаванда ба низоми умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд ва қисмати минтақаи Осиёи Марказиро низ бо барқ таъмин намуд.
Бояд қайд намуд, ки аз соли 2013 инҷониб дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ бисёр иқдомҳои шоиставу ватандӯстона рӯи кор омаданд, ки бамаротиб зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти ғизоии воридотивазкунанда дар дохили мамлакат далели ин гуфтаҳост. Соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 27,8 миллиард сомонӣ расид, ки низ натиҷаи татбиқи ислоҳоти куллӣ дар ин соҳа ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат афзоиш ёфта, ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодии мамлакат назаррас мебошад ва 39 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи тақвияти заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ дар соли 2019 беш аз 172 668 адад хоҷагиҳои деҳқонии калону миёна ва хурд таъсис дода шуда, нисбати соли 2013-ум, ки шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 87 594 ададро ташкил медод, ба андозаи 2 баробар афзоиш ёфтааст. Дар натиҷаи амалӣ намудани “Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, 60 фоизи бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ таъмин мебошад. Бо мақсади такмили ислоҳоти соҳа, додани афзалият ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ва паст намудани вобастагӣ аз маводи ғизоии воридотӣ, таъмини механизмҳои рақобатпазирии хоҷагиҳо ва дар ин замина ба 70-80 фоиз расондани ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии ватанӣ дар бозори дохилӣ, рушди растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар самтҳои истеҳсолоти кишоварзиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ гардида истодааст.
Сайёҳӣ таҷассумгари таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Ҳамчун феномени иқтисодӣ ва яке аз соҳаи даромадноки иқтисодиёт дар давоми садсолаҳо эътироф гардида, дар кишвар бо суръати баланд рушд намуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки 26 декабри соли 2018 зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Ҳадафи ин тадбир рушди минтақаҳои мамлакат, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин мусоидат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Бо ташаббуси созандаи Пешвои муаззами миллат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки то ба ин давра ба соҳибкорон ва сармоягузорон дар маҷмӯъ 73 имтиёз ва 240 сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ шудааст, аз шумораи умумӣ 29 намудро имтиёзҳои андозӣ, 23 намудро имтиёзи гумрукӣ, 4 намудро имтиёзҳи танзимкунанда ва 15 намудро имтиёзҳои молиявӣ, грантҳои аслии давлатӣ ва ғайра ташкил медиҳанд, 85 фоизро имтиёзҳои фискалӣ ва тақрибан 15 фоиз ба ғайрифискалӣ рост меоянд.
Ҳамзамон, дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ дар панҷ соли охир ба иқтисодиёти кишвар беш аз 5 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории хориҷӣ ҷалб гардид ва барои 2 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақим мусоидат намуд. Бо мақсади ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ”ва як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо таҳия ва қабул гардиданд. Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақимро ташкил медиҳад. Солҳои 2013-2019-ум 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шуд. Ҳоло дар кишвар 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Натиҷаи татбиқи чунин чораҳои ҳадафманд буд, ки Хазинаи байналмилалии асъор аз рӯи суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни 193 кишвари олам мақоми 11-ум ва дар байни кишварҳои пасошӯравӣ мақоми аввалро муносиб донист.

Мо дар арафаи интихоботи навбатии Президент қарор дорем. Интихоботи Президент ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат мекунад. Барои шаффофу демократӣ бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор гардидани интихобот ягон шубҳае нест. Маъракаҳои пешазинтихоботӣ нишон медиҳанд, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф гузашта истодааст. Боварӣ дорем, ки Интихобот сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар собит намуда, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
Имрӯз вақте фаро расидааст, ки мо бори дигар садоқатамонро ба сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва мавқеи устувор нишон диҳем. Зеро 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик аст. Ин ҷашн як навъ хулосагирӣ аз меҳнати суботкорона ва собитқадамонаи Пешвои муаззами миллат маҳсуб мешавад. Роҳи саодати мо маҳз аз соҳибзаковатии ин марди хирад оғоз ёфт. Пас моро мебояд, ки ба қадри ин арзишҳо расем. Иштирок дар интихобот ва овоздиҳӣ ба номзади арзанда ин саҳмгузорӣ дар ободии кишвар, пурфайзии дастурхони мардум, бунёди ҷомеаи солим ва пешрафти халқи тамаддунофари тоҷик хоҳад гашт. Зеро ин маъракаи муҳим кафили рӯзгори пурсаодати мардуми тоҷик хоҳад гашт.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва пешорӯи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъкиди Сарвари муаззами давлат баландтар садо медиҳад ва пиру барноро ба созандагиву бунёдкорӣ даъват менамояд. Итминон ва эътимоди комил дорем, ки мардуми бонангу номус, ватанпарасту меҳнатшиор ин даъватро мақсаду мароми рӯзгори худ табдил медиҳанд.

Насиба Содиқӣ,
Гулбаҳор Назирӣ,
вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Фраксияи ҲХДТ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин